Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаҳои эҳтимолии бӯҳрони Юнон ба иқтисоди Тоҷикистон


Сокинони Юнон дар назди Бонки миллии ин кишвар барои гирифтани пул навбат гирифтаанд

Сокинони Юнон дар назди Бонки миллии ин кишвар барои гирифтани пул навбат гирифтаанд

Бо вуҷуди дурӣ аз Юнон, эҳтимолан нафақахӯрон дар Тоҷикистон таъсири бӯҳрони иқтисодии ин кишварро дар нафақаҳои ҳармоҳаи худ эҳсос кунанд.

Зарбаҳои эҳтимолии бӯҳрони Юнон ба иқтисоди Тоҷикистон

Нуриддин Шамсов, сокини 70-солаи ноҳияи Ҳисор аслан хабар надорад, ки дар Юнони мӯҳтоҷи кӯмаки молӣ чӣ мегузарад ва ин кишвар дар вартаи муфлисӣ қарор дорад. Аммо мумкин аст, бӯҳрони молӣ дар ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба гуфтаи иқтисодонони тоҷик, ба вазъи зиндагии бобои Нуриддин таъсири манфӣ расонад ва ҳадди аққал сабаби таъхир дар пардохти ҳаққи нафақаи ҳазорон бознишаста шавад. Бар асоси арзёбиҳои Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё, ки ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, иқтисоди кишвар дар баробари ҳаргуна бӯҳрони берунӣ ва талотум дар бозорҳои ҷаҳонӣ осебпазир аст ва бӯҳрони ҷиддии Юнону ҳавзаи евро ҳам истисно нест. Тоҷикистон бо Юнон додугирифти зиёде надорад ва тавре дар вазорати иқтисод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, соли гузашта Тоҷикистон аз Юнон бо арзиши 14 ҳазор доллар молу маҳсулот харида ва ҳеҷ чизе ҳам ба он нафурӯхтааст.

Вале тиҷорати кам байни ду кишвар ба ин маънӣ нест, ки иқтисоди Тоҷикистон ба сабаби бӯҳрони Юнон ҳеҷ чизе бой намедиҳад, чун, ба гуфтаи Шӯҳрат Қобилов, устоди иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорат, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва печидани иқтисодҳои дунё ба ҳам, зарбаи бӯҳрони Юнон дар Тоҷикистон ҳам эҳсос хоҳад шуд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Қобилов, иқтисоди Аврупову Русия ба ҳам сахт вобастаанд ва талотуму бӯҳрон дар бозорҳои Аврупо зуд ба он кишвар, ки бо Тоҷикистон додугирифти тиҷоратии зиёд дорад ва пештар аз ҳама мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, асари манфӣ мегузорад ва сипас ба Тоҷикистон ҳам сироят мекунад:

«Номӯътадил шудани вазъи молиявии Аврупо умуман ба иқтисоди Русия таъсир мерасонад. Яке аз соҳаҳои ҳассостарини иқтисоди Русия ин бозори амволи ғайриманқул аст. Агар ба ҳамин бозори амволи ғайриманқули Русия таъсири манфӣ расонад, ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам таъсири манфӣ мерасонад, чунки аксари муҳоҷирони тоҷик дар соҳаи сохтмон кор мекунанд. Паст шудани қимати манзил ва ё хона ба паст шудани талабот ба нерӯи кории Тоҷикистон оварда мерасонад“, гуфт ӯ.

Биноан, коҳиши талабот ба кафшергару, рангмолу дуредгару хиштчин ва дигар сохтмончиёни тоҷик сабаби боз ҳам кам шудани пуле мегардад, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон мефиристанд. Дар ин сурат, даромади бонкҳои Тоҷикистон, ки ҳиссаеро барои интиқол аз муҳоҷирон мегиранд, камтар

мешавад ва қудрати бонкҳоро дар додани қарз ва вусъат бахшидан ба соҳибкориву тиҷорат сусттар мекунад. Мардум низ хариду истеъмолро камтар мекунанд ва бозори тоҷирон суст мешавад ва кормандони Кумитаи андоз ҳам дар ҷамъоварии молиёт ва пур кардани буҷаи давлат мушкилӣ мекашанд. Ҳукумат ҳам пули кофӣ барои пардохти пули нафақахӯрону омӯзгорон ва духтурону кормандони дигар муассисаҳои давлатӣ пайдо намекунад. Cоли 2008 дар авҷи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ҳамингуна ҳолат дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад ва бобои Шамсиддин Нуриддинов ду се моҳ нафақа нагирифт.

Айни замон бонкҳои Тоҷикистон ҳоли хубе надоранд, чун баъди ҷорӣ кардани таҳримоти кишварҳои ғарбӣ рушди иқтисоди Русия суст шуд ва ҳаҷми пуле, ки тоҷикон ба ватан мефиристоданд фавқуллода поин омад. Соли 2014 пуле, ки аз Русия ба Тоҷикистон омад омад, 3 миллиарду 900 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2013, 300 миллион доллар камтар буд ва зоҳиран имсол боз ҳам кам мешавад. Вале зарбаи ғайримустақими бӯҳрони Юнон на фақат аз тариқи Русия ба Тоҷикистон, балки таъсири дигари манфӣ аз бозорҳои ҷаҳонӣ ва бахусус бозори Аврупо мерасад.

Ба эътиқоди Назаралӣ Хоналиев, доктори илмҳои иқтисодӣ аз Институти иқтисод ва демографияи Тоҷикистон, дар сурати амиқрафти бӯҳрони Юнон, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки тақозо ба пахтаву алюминий - ду маҳсулоти аслии бозоргири Тоҷикистон кам шавад ва воридоти асъори нақди хориҷӣ ва даромад ба буҷа коҳиш ёбад:

“Албатта, талабот кам мешавад. Бе он ҳам дар бозори ҷаҳонӣ нархи алюминий бисёр паст шудааст, барои ҳамин таъсираш кайҳо расид. Ҳоло истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пештар паст шудааст ва дар оянда ҳам мумкин пасттар шавад”, гуфт ӯ.

Аммо онгуна ки Назаралӣ Хоналиев мегӯяд, асароти бӯҳрони Юнон ба иқтисоди Тоҷикистон бисёр зиёд намешавад. Додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва бахусус ҳавзаи евро кам нест ва соли гузашта бештар аз 276 миллион евроро ташкил дод ва табодули мол ҳам аксаран бо Олмону Литва ва Итолиё аст, ки ҳамаашон дар ҳавзаи евро ҳастанд. Худи евро ҳам дар муомилоти хориҷии Тоҷикистон як асъори асосист ва поин омадани қурби он бар зарари кишвар мешавад. Таваралӣ Ғаниев, иқтисодшинос ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, тақрибан 30 дар сади муомилоти хориҷӣ бо евро сурат мегирад ва поин омадани арзиши евро ба нафъи кишвар нест:

“Тоҷикистон ҳоло бо 110 кишвари ҷаҳон додугирифти моливу пулӣ дорад ва 30 дар сади ҳамин бо евро муомила мешавад. Мо бо кишварҳое, ки дар ҳавзаи евро ҳастанд, бо евро муомилот мекунем, пас ҳамон таъсиррасонӣ дар Тоҷикистон ҳам ҳаст ва ин таъсири манфии калон дорад”, гуфт профессори иқтисод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Бонки Миллии Тоҷикистон қисме аз захираҳои асъори хориҷии худро, ки ҳоло бештар аз 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, бо евро нигаҳ медорад, пуле, ки қурби он рӯ ба поинравӣ дорад. Ҳамингуна ба гуфтаи иқтисоддонҳо, мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди 4 ҳазор километр дурӣ, ба андозае ранҷи бӯҳрони иқтисодии Юнонро мекашанд ва мумкин аст, яке аз онҳо бобои Нуриддин Шамсов бошад, ки бинобар камтар шудани даромад ба буҷа, ҳукумат наметавонад нафақаашро саривақт бидиҳад. Вале айни замон ҳоло ҳама чашмҳо ба сӯи Юнон аст, ки бештар аз 300 миллиард евро қарздор аст ва дар сурати нагирифтани кӯмакҳои иловагӣ аз Иттиҳодияи Аврупо, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Марказии Аврупо мумкин аст муфлис шуда аз ҳавзаи кишварҳои евро берун ояд ва ин корест, ки, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, рӯзи Аврупоро сиёҳ мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG