Пайвандҳои дастрасӣ

Ба дунболи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар Сочӣ ва интиқоли чархболҳои низомии Русия ба пойгоҳи Айнӣ дар Тоҷикистон, матбуоти Русия эҳтимоли кушода шудани “фронти сеюм”-и Русияро дар самти Афғонистон матраҳ кард.

Дар пасманзари мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин дар Сочӣ ва интиқоли чархболҳои низомии Русия ба пойгоҳи ҳавоии Айнӣ воқеъ 30-километрии ғарби Душанбе, таҳлилгарон эҳтимоли даргир шудани Русия дар "ҷабҳаи сеюм"-ро аз эҳтимол дур намедонад. Русия ҳамакнун дар Сурия аз ҳукумати Башор Асад ва дар Украина аз ҷудоихоҳон пуштибонии низомӣ мекунад.

Расонаҳои “Лента, ру”, “Звезда” ва “Комерсант” рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми октябр таҳти сарлавҳаҳои “Оё фронти сеюм дар Тоҷикистон боз мешавад? “, “Русия Тоҷикистонро аз ҷанголи Толибон эмин медорад” матлабҳое нашр карданд.

Дар ҳоле, ки сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рабти интиқоли чархболҳои низомиро бо мулоқоти раисони ҷумҳури ду кишвар рад кард ва ин таҳаввулотро ба татбиқи барномаҳои Паймони Амнияти Дастаҷамъи рабт дод, вале матбуот бо такя ба манбаҳои худ таҳкими техникии Русия дар Тоҷикистонро ба таҷаммӯи нерӯҳои Толибон дар марз марбут мекунанд.

Сару садоҳои матуботи Русия дар мавриди оғози эҳтимоли мудохилаи низомии Русия ба Афғонистон ва ё ҳадди ақал ҳимояи марзи Тоҷикистонро беш аз ҳама сафари Дустум ба Русия ва кумаки низомӣ дархост кардани ӯ тақвият дод. Абдурашид Дӯстум , муовини раиси ҷумҳури Афғонистон умедвор аст, ки бо истифода аз собиқаи дӯстӣ бо Маскав барои беҳбуди вазъияти амниятӣ дар Афғонистон аз Русия кумаки низомӣ дарёфт кунад. Генерал Дӯстум дар ҷараёни дидораш аз Русия дар ҳафтаи гузашта бо мақомоти баландпояи амниятии он кишвар мулоқот кард ва дархост намудааст, то ин кишвар барои артиши 350-ҳазорнафарии Афғонистон силоҳҳои вазнин ва чархболҳои ҷангӣ бидиҳад.

Аммо Замониддин Замонӣ, атташеи низомии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, генерал Дӯстум воқеан аз номи ҳукумати Афғонистон аз Русия кӯмаки низомӣ дархост кард. Вай афзуд, “аммо кӯмакхоҳии мо ба маънои мудохилаи низомии Русия нест. Мо танҳо мехоҳем Русия ба мо каме аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ бидиҳад ва мо худамон бо душманонамон қодир ба муқовимат ҳастем.”

Ҷаноби Замонӣ афзуд, онҳо мехоҳанд Русия аслиҳаву муҳимоте назири тупу тонк, зиреҳпӯш ва чархболҳои низомӣ ба нерӯҳои Афғонистон бидиҳад. Ба таъкиди Замонӣ, нерӯҳои давлати Афғонистон ҳоло ба ҷангиёни Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро муқовимати шадид нишон медиҳанд ва намегузоранд, ки онҳо ба марзи Тоҷикистон наздик шаванд.

Дар ҳоле, ки Ярослав Рошупкин, сухангӯи пойгоҳи 201 Русия мегӯяд, “чархболҳои низомии ахиран ба фурудгоҳи Айнӣ фиристодашуда ба хотири амалиётҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нестанд”. Аммо худи мустақар шудани ин чархболҳо дар қаламрави Точикистон эътимодро ба амният марзҳо бештар кард. Ин ақида вуҷуд дорад, ки мавҷудияти чархболҳои низомӣ дар Тоҷикистон террористҳоро аз убури марз метарсанд.

Ҳанӯз маълум нест Русияе, ки дар ду фронти дигар Украинаву Сурия меҷангад, ба дархости кмаки низомӣ аз сӯи Афғонистон чӣ посух медиҳад. Аммо коршиносон мегӯянд, дар сурати халалдор шудани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, Русия яқинан даст ба кор мешавад ва ба ҳамлагарон зарба хоҳад зад.

Алексанрд Князев, таҳлилгари масоили минтақа мегӯяд, агар Русия дар мавриди расонидан ва ё нарасонидани кӯмак ба Афғонистон андеша кунад, аммо дар мавриди таъмини амнияти минтақаҳои зери нуфузаш, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, бо қатъият амал мекунад.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари рус, "муроҷиати Афғонистон маънои онро надорад, ки Русия фардо ба онҳо кӯмак мекунад, чунки ҳар кишвар вобаста ба манфиати милли худаш амал мекунад. Дар ҳолати бад шудани вазъият, Русия аввал шуда ба ҳампаймонҳои худаш кӯмак мекунад. Тоҷикистон ҳам тариқи СПАД ва ҳам тавассути шартномаҳои дуҷониба бо Русия ҳамкорӣ дорад. Барои ҳамин дар сурати бад шудани вазъ, Русия ҳатман дар ҳимояи марзҳо ба Тоҷикистон кӯмак мекунад”.

Дар ҳар сурат, таҳаввулот дар он сӯи марз натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигар минтақаро низ нигарон кардаст. Русия мавзӯи ташаннуҷ дар марзро бо давлатҳои дигари минтақа низ матраҳ кардааст. Рӯзи гузаштаи 8-уми октябр муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов бо мақомоти Узбакистон дар Тошканд мулоқот кард. Мавзӯи мулоқот низ тавре матбуот менависад ташаннуҷи авзо дар Афғонистон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG