Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли бозгашти нерӯҳои русӣ ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон


Муовини вазири дифои Русия гуфтааст, ки эҳтимоли бозгашти нерӯҳои русӣ ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон вуҷуд дорад.

Юрий Борисов, муовини вазири дифои Русия гуфтааст, ки эҳтимоли бозгашти нерӯҳои русӣ ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон вуҷуд дорад.

Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз, оқои Борисов рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Остона -- пойтахти Қазоқистон дар посух ба ин суол, ки дар ҳолати дархости Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳади он кишвар бо Афғонистон, онҳо чигуна ба он кишвар кӯмак хоҳанд кард, гуфт, ки “мо чунин эҳтимолро соқит намекунем. Ҳамчунон, ки шумо медонед, пойгоҳи низомии мо дар он ҷо мустақар мебошад."

Ба гуфтаи муовини вазири дифои Русия, ин масъаларо раҳбарони ду кишвар баррасӣ хоҳанд кард ва дар ин робита тасмим хоҳанд гирифт.

Марзбонони Русия, ки солҳои тулонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон буданд, соли 2005 бо дархости Тоҷикистон онҷоро тарк карданд. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд. Ба ин тартиб, марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия, барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

Русия борҳо масъалаи бозгашт ба марзи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳо матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфта буданд, ки зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзори лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд.

Аммо ҳоло бо ноором шудани вазъ дар шимоли Афғонистон ва суқути чандин минтақа дар марзи кишварҳои Осиёи Миёна бо Афғонистон ба дасти Толибон, сару садоҳо дар мавриди бозгашти дигарбораи нерӯҳои русӣ ба Тоҷикистон бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG