Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Украина фармони ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи афроди дастдошта дар аъмоли ғайриқонунӣ нисбат ба боздошти Надежда Савченкоро имзо кард.

Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 30 март фармони ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи афроди дастдошта дар аъмоли ғайриқонунӣ нисбат ба Надежда Савченко, Олег Сентсов ва Александр Колченкоро имзо кард. Дар рӯйхати таҳримҳо исми 84 нафар зикр шудааст.

Дар як даъваташ аз Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо Петро Порошенко хост, ки ба рӯйхати афроди мавриди таҳрим дар Русия, ки нисбат ба зиндониёни сиёсии Украина ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ додаанд, ҳамроҳ бишаванд. Дар ин бора Петро Порошенко аз минбари Конгресси Амрико дар Вашингтон хабар дод. Ӯ гуфт, ки ҳадди аққал 11 шаҳрванди Украина дар Русия маҳбуси сиёсӣ шудаанд.

Баъзе аз онҳо, ба мисли Надежда Савченко, ба гуфтаи Порошенко, дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ӯ гуфт, бо ин вуҷуд Маскав табибони хориҷиро назди Савченко барои муоинаи тиббӣ роҳ намедиҳанд.

Рӯзи 22 март додгоҳе дар Русия низомии украинӣ Надежда Савченкоро ба 22 соли зиндон маҳкум ва ӯро дар қатли ду журналисти рус дар минтақаи Луганск дар тобистони соли 2014 гунаҳгор эълон кард. Филмсози украинӣ Олег Сентсов ва як фаъоли Қрим Александр Колченко низ дар додгоҳҳои Русия ба терроризм гунаҳкор ва аввалӣ ба 20 ва дувумӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ҳеч яке аз онҳо худро гунаҳкор эътироф намекунад. Дар ҳамин ҳол бо гузашти як ҳафта аз содир шудани ҳукми халабони украинӣ Надежда Савченко, сарусадо дар мавриди табдили эҳтимолии ӯ бо зиндониёни дигар бештар мешавад.

Рӯзи 30 март бархе мақомоти Русия гуфтанд, ки Маскав мехоҳад феҳристи афродеро, ки барои табдил бо Савченко пешниҳод мешаванд, бештар карда, ба иловаи ду низомии дар Украина боздоштшуда боз ҳадди аққал ду шаҳрванди Русияи зиндонӣ дар Амркио - Виктор Бут ва Константин Ярошенкоро пешниҳод кунад. Виктор Бут, як тоҷири зодаи Тоҷикистон, соли 2012 дар ИМА барои фурӯши силоҳ барои фаъолиятҳои террористӣ ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Вале дар вокуниши сареаш намояндаи сафорати Амрико дар Маскав Уилл Стивенс гуфт, ки Вашингтон чунин табодули зиндониҳоро пешбинӣ намекунад. Сухангӯи Путин ҳам гуфт, ки дар бораи чунин як табодуле чизе нашунидааст. Ҳарчанд аз ин пеш худи Дмитрий Песков гуфта буд, ки дар музокироти ахири вазири корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ бо мақомоти рус дар Маскав ҳамин мавзӯъ ва номҳо матраҳ шудаанд ва Русия, ба гуфтаи Песков, пайгирона аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш ҳимоят мекунад.

Қазияи Савченко ва эҳтимоли табдили ӯ бо зиндониёни дигар то куҷо расидааст? Мавзӯи сӯҳбат бо Ярослав Хотин, шореҳи бахши украинии Озодӣ аст:

XS
SM
MD
LG