Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари католикҳои ҷаҳон мегӯяд, озодӣ мутлақ нест ва ба вижа агар сабаби тавҳин ва тамасхури дигарон шавад. Поп Франсис, ки дар роҳ ба сӯи Филиппин буд, гуфт, "наметавон эътиқоди дигаронро масхара кард".

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", Поп Франсис -- раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи панҷшанбе, ҳангоми сафараш ба Филиппин дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар ҳавопаймо бо ишора ба ҳамлаҳои Порис гуфтааст, озодӣ на танҳо ҳаққи асосии инсонҳо аст, балки инсон вазифа дорад бо баёни афкори худ ба хайри ҷомеа ва умум, кумак кунад.

Поп Франсис ба унвони мисол бо ишора ба яке аз ҳамроҳонаш, ки дар канораш истода буд, гуфт, "масалан агар дӯсти хуби ман доктор Гаспаррӣ ба модарам дашном бидиҳад, аз ман як мушт хоҳад хӯрд." Поп бо шӯхӣ мушташро бо сӯи ӯ бурд ва афзуд, "наметавон дигаронро таҳқир кард. Наметавон ба эътиқодоти дигарон тавҳин кард. Наметавон эътиқодоти дигаронро масхара кард."

Бо вуҷуди ин мушти танзомез, Поп Франсис нагуфт, ҳамла ба маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” дар Порис дуруст ва қобили тавҷеҳ аст. Ӯ афзуд, чунин ҷинояти ҳавлноке бо номи Худо наметавонад қобили тавҷеҳ бошад ва онро "инҳироф" хонд. Бо ин ҳол, Поп Франсис гуфт, ин навъе вокуниши қобили интизор буд.

Пас аз ҳамла ба дафтари маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” дар Порис ва як фурӯшгоҳи яҳудиён, ки 17 нафар кушта шуданд, бисёре аз шахсиятҳо ва афкори умумии байналмилалӣ аз ҳаққи озодии баёни ин маҷаллаи ҳаҷвӣ барои чопи карикатураҳои паёмбари ислом Муҳаммад (с) дифоъ карданд.

Бо ин ҳол, иддае дигаре низ ишора карданд, озодии баён усулан дар тамоми кишварҳо маҳдудиятҳои вижаи худро дорад. Барои мисол, дар бархе аз кишварҳои демократӣ ва озоди ҷаҳон, радди Ҳолокост, ғайриқонунӣ ва дар бархе дигар нафратангезӣ бар асоси таассуботи нажодпарастона, мамнӯъ аст.

Ватикан ва чаҳор раҳбари мусалмонони маъруфи Фаронса ахир бо судури як баёнияи муштарак зимни маҳкум кардани ҳамлаи Порис, аз расонаҳо хостанд то бо дину мазҳаб бо эҳтиром рафтор кунанд. Поп Франсис дар айни ҳол аз раҳбарони мусалмонон хостааст, ифротгароиро маҳкум кунанд.

Ӯ дар ҷавоб ба як хабарнигори фаронсавӣ дар бораи робаати озодии баён ва озодии эътиқоду мазҳаб гуфт, "бисёре ба таври умумӣ ба динҳо ва дини дигарон тавҳин мекунанд. Онҳо таҳриккунандагон ҳастанд. Бар сари онҳо ҳамон меояд, ки мумкин аст ба сари доктори Гаспаррӣ биёяд. Албатта агар ба модари ман дашном бидиҳад, маҳдудиятҳое вуҷуд дорад."

Пас аз ҳамлаи Порис, Ватикан гузоришҳо дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Ватиканро беаҳамият донист. Мақомҳои Ватикан гуфтанд, ҳеҷ таҳдиди мушаххасе дарёфт накардаанд, аммо ҳушёр ҳастанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG