Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Kӯдакони оилаҳои фақиру камбизоати хатлонӣ бештар аз ҳама хӯрдани ширинӣ, пироҳани зебо, таҳсил дар мактаби хуб ва дидори падарони муҳоҷири худро орзу мекунанд.

Басона, духтараки 7-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ба гуфтаи худаш, як сол боз интизори ширинию шоколади падари муҳоҷираш мебошад. Ба мисли кӯдакони дигари музофотӣ, Басона низ дар орзуи дидори падари раҳдур ва шикамсерӣ хӯрдани қаннодию шоколаду мармилод аст.

«Дадам ҳар вақт телефон мекунад. Ваъда кард, ки аз Россия шоколад ё ягон чизи дигар роҳӣ мекунад. Соли гузашта ба мо як дунё шоколади бомазза оварда буд. Ҳоло бисёр мехоҳам, ки вай зудтар ба назди мо баргардад», - мегӯяд Басона.


Аммо модари Басона наметавонад хостаҳои фарзандони худро бароварда сохта, барояшон таоми серғизою гӯштдор омода кунаду қанду мавизу меваҷоти кофӣ бихарад.

Хонуми Заҳро, модари Басона мегӯяд, ки шавҳараш азбаски дар Тоҷикистон ҷойи кор пайдо накардааст, ба хотири таъмини фарзандон ва фароҳам овардани шароити таҳсили онҳо, рӯ ба мардикорӣ дар Русия овардааст.

Гулнора ва ҳоҳаронаш

Гулнора ва ҳоҳаронаш

«Маоше, ки дорам, барои таъмини панҷ фарзандам намерасад. Шавҳарам ҳам дар кишвари муҳоҷират кори хубу маоши зиёд надорад. Ҳамаи хӯрока, маводи лозим барои рӯзгор дар бозор хеле гарон аст, чизи дилхоҳи фарзандонро харида наметавонем. Баъзан ягон маърака ё ҷашн шавад, соҳибкорони маҳаллӣ, ҳамсояҳо кӯмакҳо мерасонанд, ба кӯдакони мо шириниҳо медиҳанд. 160 сомонӣ маоши ман ба харидани танҳо як халта орд мерасаду тамом. Дилкашолии фарзандонро ба ҳар хел шириниҳо ё либосҳо дида, дилам реш мешавад, аммо чӣ кунем, ки қудратамон ҳамин аст», - зикр кард хонум Заҳро.

Гулнора, духтари 13-сола аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, яке аз 9 фарзанди хонавода буда, низ дар вазъи нохуби иҷтимоӣ зиндагӣ мекунад. Падари Гулнора реҳлат карда ва модараш қудрати таъмини иҷтимоии Салимаю додаронашро надорад. Биноан, Гулнора ҳамроҳи додару хоҳарони хурдсоли худ кори сахти саҳроро анҷом медиҳанд, то луқмаи нони худро пайдо кунанд.

«Чобуқ мекунем, пахта мечинем. Бо ду хоҳарам сахт кор мекунем ва дар мавсимаш дар ҳар 10 рӯз то 400 сомонӣ ба даст меорем. Пахтаро то охираш мечинем, ҳатто ҳамон вақт, ки ҳама аз ин кор даст мекашанд, мо пахтачинӣ мекунем. Маблағи ҷамъшударо дар давоми сол ба этиёҷотамон сарф мекунем. Додарам дар мағозаи деҳа боркашонӣ мекунад, ба қарибӣ ба вай пойафзол доданд, акнун ба мактаб рафта метавонад. Боз парастории додару хоҳарони хурдсоламро ҳам ба дӯш дорам, зеро модарам бемор аст ва ҳама кори хонаро анҷом дода наметавонад», - мегӯяд Гулнора.

Вай ҳамчунин гуфт: «Модари ман аз ягон ҷо пул намегирад ва мо барои хӯрдан ва пӯшокамон аз баҳор то зимистон машғули кор ҳастем. Мехоҳам, ки мисли дигарон ба мактаб равам, аммо барои харидани китобу дафтар модарам имкон надорад. Ба мо либоси куҳнаи дигаронро мепӯшонанд. Дар рӯзҳои боронӣ додаронам ба берун баромада наметавонанд, чун попӯше барои рӯзҳои сард надоранд. Онҳо модарамро маҷбур мекунанд, ки попӯш харад, аммо пул нест.»

Осифа, модари Гулнора

Осифа, модари Гулнора

Осифа, модари Гулнора, дар мавриди вазъи иҷтимоии хонаводааш мегӯяд: «Худам, ки таҳсил накардаам, бисёр орзу дорам, ки ақаллан фарзандонам бихонанд, босавод шаванд. Аммо дар таъмини лавозимоти дарсӣ ва сарулибосашон дасти кӯтоҳ дорам. Чӣ дурӯғ гӯям, хайрхоҳе бароямон як халта орд ҳадя карда буд. Онро бурда фурӯхтаму барои фарзандонам либоси мактабӣ харидам. Ба попӯшиашон пулам нарасид. Писаронам ба мағозаи сари роҳ рафта, рӯбчину боркашонӣ кард, соҳиби мулк барояш як пойпӯшии 7-сомона дод. Онро писарам оварда гуфт, ки «модар, инро бигир ва ба кунҷи сандуқ пинҳон кун, то ки дар рӯзи ид бипӯшам». Ана ҳамин тавр зиндагӣ дорем. Куҳнаи дигарон барои духтаронам нав аст, либоси истифодашудаашонро ҳамсояҳо медиҳанд, мепӯшанд.»

Дар ҳоле ки садҳо кӯдак аз оилаҳои фақиру нодор дар вилояти Хатлон ба кори пурмашаққати саҳро ҷалб мешаванду даст ба аробакашию покетфурӯшӣ дар бозорҳо мезананд, ҳамчунин иддае аз кӯдакони куҳистонӣ ҳам ҳастанд, ки орзуи таҳсил дар дабистон ва ба китф андохтани ҷузвдони мактабиро дар дил мепарваранд.

Хонум Фотима, модари 7 фарзанд аз кӯҳистони Балҷувон, мегӯяд: «Бачаҳои ман тамоман ҳарфро намешиносанд, доим ғамгинам, ки онҳо бесавод шуда истодаанд. Аммо дар наздикии деҳаи мо мактаб нест. Роҳи мактаби дигар хеле дур аст ва соатҳои тӯлонӣ лозим аст, то ба он ҷо расанд».

Холаи Фотима

Холаи Фотима

Дар ҳоле, ки аҳолии фақири шаҳрҳо ҳақи худро то андозае аз ҷайби ҳукумат берун меорад, оилаҳои камбизоат дар деҳот аз мадди назари ҳукумат дур мондаанд ва аз ҳукумат тақрибан кӯмаки иҷтимоӣ намегиранд. Дар гузашта масъулияти таъмини аҳолии фақир бо маводи ғизоӣ бар души созмонҳои байналмилаии мададрасон буд. Вале онҳо низ солҳои ахир кам ба ин амалҳо даст мезананд, ба манзуре, ки кӯмаки иҷтимоӣ ба мардум вазифаи ҳукумат аст ва он бояд ин вазифаро худаш бар дӯш бигирад. Ҳукумат бошад вонамуд мекунад, ки аз мушкилоти мардуми бебизоати серфарзанд, бехабар аст.

Ба иттилои расмӣ, ҳудудан 40 дарсади аҳолии вилояти Хатлон зери хати фақр зиндагӣ мекунанд. Дар ҳар оилаи хатлонӣ бошад, ба ҳисоби миёна аз 4 то 7 фарзанд тарбия меёбанд. Кӯдаконе, ки дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, ба иддаои раовншиносон, ҳамеша осебпазир буда, худро дар миёни ҳамсолон кам мебинанд, комплекс пайдо мекунанд ва дар рӯҳияи дастнигарӣ ба камол мерасанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG