Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: 7 дарсади аҳолӣ дар фикри тарки Тоҷикистон будаанд


Навбати муддаиёни шаҳрвандии Русия дар пушти дари сафораташ дар Душанбе. Июли 2014
Навбати муддаиёни шаҳрвандии Русия дар пушти дари сафораташ дар Душанбе. Июли 2014

Натиҷаҳои як таҳқиқот нишон медиҳанд, ки 7 дарсади мардуми Тоҷикистон дар фикри кӯчидан баа ягон кишвари хориҷӣ будаанд. Аммо 90 дарсад гуфтаанд, ки бо ҳар вуҷуд, дар Тоҷикистон хоҳанд монд.

Қурбон Рашидов, сокини ноҳияи Ҳисор, ки 7 сол боз ба муҳоҷирати мавсимӣ меравад ва ҳар 9 моҳу як сол ба дидори зану фарзандаш мерасад, дигар аз ин гуна зиндагӣ хаста шудааст ва имсол мехоҳад, барои гирифтани шаҳрвандии Русия ариза диҳад. Ӯ ҳаққи иқомати Русияро дорад ва мегӯяд, шиносномаи русиро, ки гирифт, зану бачаҳояшро меорад, то онҳо дар шароити беҳтар бузург шаванд.

Қурбон, ки 40 сол дорад, мегӯяд, ҳамсараш агар русиро ҳам надонад, ёд мегирад, вале бачаҳояш хурд ҳастанд, зуд ба шароиту муҳити Русия мутобиқ мешаванд. Теъдоди онҳое, ки ба истилоҳ солҳо боз “рӯи ҷомадон нишастаанд” ва ҳамеша ҳарфи биравам наравамро дар забон доранд, солҳои ахир бо беҳ нашудани шароити кору зиндагӣ дар Тоҷикистон бештар мешавад.

Бинобар пажӯҳиши Марина Ежова, устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, 7.1 дар сади аҳолӣ ва ё бештар аз ним миллион сокини Тоҷикистон мехоҳанд, то 5 соли оянда барои ҳамеша ба Русия ё кишварҳои Аврупо кӯч банданд. Марина Ежова дар пажӯҳиши худ таҳти унвони “Тамоюлҳои муҳоҷират ва эҳтимоли кӯчбандии аҳолии Тоҷикистон” гуфтааст, ки тақрибан 400 ҳазор нафар мехоҳанд, дар як соли оянда аз кишвар хориҷ шаванд. Теъдоде, ки ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ низ аз кишвар берун нарафтанд. Аз соли 1991 то соли 1995 тақрибан 285 ҳазор нафар, аксаран миллатҳои ғайритоҷик бинобар нооромиҳо ва бад шудани зиндагӣ Тоҷикистонро тарк карданд.

Ба гуфтаи ҷомеашиносони тоҷик, ҳарчанд зиндагии мардум дар Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта беҳтар шудааст, вале ноқаноатмандӣ аз шароити зиндагӣ, бекорӣ, нобоварӣ ба оянда мардумро аз ватан дилсард кардааст. Ин қишри ноумед, ки асосан мардуми таҳсилкарда ҳастанд, ояндаи хубтари фарзандонро дар берун аз Тоҷикистон мебинанд. Ҳукумати Тоҷикистон сатҳи камбизоатиро дар даҳсолаи ахир аз 80 дар сад ба 36 дарсад поён бурдааст, вале боз ҳам натавонистааст фақрро комилан бизудояд ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин кунад. Иқтисоди кишвар танҳо ба як ду маҳсулоти стратегӣ, аз ҷумла пахтаву алюминий ва пули муҳоҷирони корӣ вобаста аст.

Бар тибқи як таҳқиқи нави Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи бозори кори Тоҷикистон, ки моҳи январ нашр шуд, дар Тоҷикистон дар як даҳсолаи ахир 1 миллион ҷойи корӣ бунёд ёфтааст, ки ин барои аҳолии 8 миллион нафарӣ ва аксаран ҷавон кофӣ нест. Аз ин рӯ 33 дарсади нерӯи қобили кори Тоҷикистон ва ё ҳар саввумин нафар ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва солона тақрибан 4 миллиард доллар ба кишвар мефиристанд, ки нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Соли 2014 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 8 миллиарду 500 миллион доллар баробар буд ва дар он сол ҳам Тоҷикистон фақиртарин кишвари шӯравии собиқ монд.

Қаҳрамони гузориши мо Қурбон Рашидов мегӯяд, чанд сол пайиҳам баъди бозгашт аз Русия саъй кард, дар ватан кори муносибе пайдо кунад. Вале ба ғайр аз корҳои каммузд дар соҳаи кишоварзӣ, ҳеҷ чизи муносибе пайдо накард ва аз ин рӯ умедашро аз Тоҷикистон канд. Ҳамингуна Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, тақрибан 15 дар сади ҷавонони кишвар майл надоранд, ки дар дохил кор ҷустӯҷу кунанд, зеро ин корҳо наметавонад талаботи замонавии онҳоро қонеъ кунад.

Қурбон Рашидов мегӯяд, дар маҳалли кораш дар вилояти Оренбурги Русия садҳо нафарро медонад, ки аз Тоҷикистон рафтаанд ва мегӯянд, ки пушаймон нестанд, зеро тавонистанд зиндагии беҳтареро бунёд кунанд. Онҳо ҳамеша барқ доранд, хонаҳояшон гарм аст ва нақлиёт низ саривақт ҳаракат мекунад, кор низ ҳаст:

“Инҷо бачаҳои ёш бисёранд, аз мо хурдтар қати зану кӯдаконашон омадаанд, ҳаминҷо нишастаанд, шаҳрвандӣ гирифтаанд. Мисол як ду кӯдак дошта бошанд, кӯмакпулӣ ҳам мегиранд ва онҳое, ки инҷо кӯдакдор шудаанд, хона харидаанд.”

Солона аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ асосан ба Русия мераванд, вале ҳар зимистон ба назди хонаводаҳояшон бармегарданд, аммо теъдоди онҳое, ки дигар намехоҳанд, худашон дар Русияву азизонашон дар Тоҷикистон мунтазир бошанд, бештар мешавад. Агарчӣ солҳои пеш ҷавонони тоҷик аз бурдани зану фарзанд ба Русия худдорӣ мекарданд, ҳоло онҳоро бо худ мебаранд ва ҳамингуна муқими Русия мешаванд.

Ба гуфтаи ҷомеашиносон, аксаран омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву сиёсӣ, аз ҷумла заъфи ҳукумат дар таъмини ҷойи кор, набуди шароити муносиб барои зиндагиву истироҳат, фасодкорӣ, нобаробарии сиёсӣ, хешутаборбозӣ, тамаъҷӯӣ ва беадолатӣ дар ниҳодҳои давлатӣ аз омилҳое ҳастанд, ки сокинонро ба берун рафтан аз ватан таҳрик медиҳанд.

Дар ду соли ахир “мазҳабдӯстдор”шудани ҷомеъа, хурдагирӣ ба шеваи зиндагии дигарон ва нигаронӣ аз сирояти ноамнӣ аз Афғонистони ҷангзада, қишри ҷавон ва таҳсилкардаи Тоҷикистонро ба ҷустӯҷуи роҳи берун рафт аз кишвар водор кардааст.

Пажуҳиши Марина Ежова, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия нишон додааст, ки 52 дарсаде, ки мехоҳанд, дар 5 соли дигар аз Тоҷикистон кӯч банданд, пойтахти Русия Маскавро барои худ беҳтарин макони зиндагӣ медонанд, 18 дарсади дигар ба Санкт- Петербург тарҷеҳ медиҳанд. Бақия шаҳрҳои водии Краснодарро барои зиндагӣ муносиб медонистаанд.

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик.
Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик.

Вале дар ин пажӯҳиш омадааст, ки 90 дар сади мардуми Тоҷикистон, асосан онҳое, ки дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд, намехоҳанд аз Тоҷикистон бираванд. Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик аз маркази назарсанҷии “Шарқ”, доир ба ин тамоюл мегӯяд: “Сатҳи дониш агар паст бошаду ягон шансашон набошад, онҳо маҷбуранд, ки ба ҳамин шарту шароит тоқат кунанд. Нафароне, ки саводи болотар доранду имконият доранд, ки такмили ихтисос кунанд, кӯшиш мекунанд, ки бештар забон омӯзанд, информатика омӯзанд, баъд баромада раванд.”

Танҳо дар соли 2014 тақрибан 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани ҳаққи шаҳрвандӣ ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Душанбе муроҷиат кардаанд. Қурбон Рашидов дар худи Русия ҳуҷҷат супоридааст ва умедвор аст, мақомот ба аризаи ӯ посухи мусбат медиҳанд. Ягона орзуи ӯ ҳоло ҳамин аст, шиносномаро бигирад ва фарзандонашро ба ҳавопаймо нишонад. Шояд рӯзе дилаш барои Тоҷикистон танг шавад, вале ҳоло орзуи таъмини зиндагии беҳтар барои хонаводааш ӯро чун оҳанрабо ба сӯи Русия мекашад.

XS
SM
MD
LG