Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳиш: 30 дарсади шогирдон ба "шариат" арҷ мегузоранд


Қурбонгул Қосимова, раиси созмони "Наҷоти кӯдакон"

Қурбонгул Қосимова, раиси созмони "Наҷоти кӯдакон"

Бар асоси натиҷаҳои як пажӯҳиши созмони ғайридавлатии “Наҷоти кӯдакон”, сеяки толибилмони пурсидашуда дар Кӯлоб 30 фоизи паурсидашудаҳо ба "шариат" арҷ гузоштаанд.

Бар асоси пажӯҳиши созмони ғайридавлатии “Наҷоти кӯдакон” дар минтақаи Кӯлоб, сеяки пурсишшудагон риояти аркони шариати исломиро барояшон муҳим хондаанд.

Қурбонгул Қосимова, раиси дафтари ин созмон дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки созмони “Наҷоти кӯдакон” дар ҳар панҷ сол дар мактабҳои шаҳри Кӯлоб ва 4 ҷамоати атрофи он пажӯҳиш мегузаронад, вале натоиҷи пажӯҳиши ахир, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ анҷом шуд, хеле фарқ мекунад.

Ба гуфтаи хонум Қосимова, шояд дар натиҷаи таъсири таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ аз тариқи шабакаҳои Интернет ҷавонону духтарони мактабхони синни аз 14 то 16-сола бештар хурофотӣ шудаанд.

Ӯ гуфт: “25 дарсади пурсидашудагон мактаббачаҳои зеҳнан бақувват будаанд ва ба гурӯҳҳои ифротгаро эътимоду бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, ба шариат таваҷҷӯҳ доранд. Вале вақте мепурсем, ки шариат гуфта ту чиро дар назар дорӣ? Шариатро маънидод карда наметавонанд.”

Вале ба гуфтаи Қурбонгул Қосимова, 30 дарсад гуфтанд, ки барои мо қонун қонуни шариат аст. Мо бояд пеш аз ҳама бо ҷавонони аз 14 то 18-сола кор кунем ва ба онҳо фаҳмонем, ки дини Ислом дини меҳрубони одамдӯст аст, на оне ки гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз номаш таблиғ мекунанд ва ҷаҳонро ба ҷангу ҷидол мекашонанд."

Созмони ғайридавлатии “Наҷоти кӯдакон” шурӯъ аз 25 ноябри соли ҷорӣ дар муддати 16 рӯз дар миёни 1035 шогирди аз 14 то 16-солаи мактабҳои шаҳри Кӯлоб ва 4 ҷамоати атрофи он нукоти қонуни “пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила”-ро шарҳу тавзеҳ додааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Қурбонгул Қосимова, раиси ин созмон, барои писарону духтарони мактабхон шароит фароҳам шуд, то онҳо битавонанд озодона ибрози назар кунанд ва ба саволҳои худ посух гиранд. 35 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ин қонунро ё қабул надоранд ваё ба он бетарафанд. Вале ба гуфтаи намояндагони созмони "Наҷоти кӯдакон"% бештар аз ҳама барояшон назари толибилмони ин минтақа дар мавриди дину шариат ва гурӯҳҳои ифротӣ ғайричашмдошт будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG