Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳудуди чор моҳи дигар мондааст, иддае аз аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Хатлон на танҳо дафтари корӣ, балки раҳбар низ надоранд.

Масъулони ҳукумати вилояти Хатлон, рӯзи сешанбеи 14 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пайдо кардани намояндагони бархе аҳзоби сиёсӣ хеле мушкил аст, чун иддае аз ин аҳзоб на дафтари корӣ доранд ва на раҳбарони онҳо мушаххас мебошанд.

Аммо бархе аз намоядагони аҳзоби сиёсӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа -- маркази вилояти Хатлон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба тақаллубкорӣ дар интихоботҳои қаблӣ ва амалкарди мақомот алайҳи аъзои ҳизбашаон, онҳо то ҷое дилсард шудаанд.

Чун ба таъкиди Қамариддин Афзалӣ, раҳбари ҲНИТ дар минтақаи Кӯрғонтеппа бо вуҷуди омодагиҳо, чандон хушбин нестанд, ки интихоботи порлумонии демократиро пушти сар хоҳанд кард. Ҷаноби Афзалӣ афзуд, “зиёд мехостам, ки азҳоби дигар низ бо вуҷуди мушкилоти доштаашон дар интихобот фаъол бошад, вале тақаллубҳо, камбудию ноадолатиҳое, ки дар интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ ва президентӣ буд, раҳбарияти аксари азҳобро дар ин минтақа дилсар кардааст, чун ба интихобот чандон дилгарм нестанд. Баъзе аз аҳзоб қароргоҳ надоранд ва дар дафтарҳои кориеро, ки созмонҳои ибтидоии ҲНИТ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Бохтар доштанд ва онҳо ба иҷора гирифта буданд, бо ҳар баҳонае аз онҳо гирифта шудаанд.”

Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа.

Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа.

Бо ин вуҷуд ба таъкиди Қамариддин Афзалӣ, ҲНИТ дар вилояти Хатлон мутобиқ ба барномаи ҳизб, корҳоеро рӯи даст дорад, аз ҷумла ҷиҳати мушаххас кардани номзадҳои эҳтимолӣ омодагӣ мегирад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҲНИТ дар муқоиса ба дигар аҳзоб, албатта баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Хатлон фаъолтар аст. Аммо ҳизбҳое чун коммунист ва сотсиалист на танҳо қароргоҳ, ҳатто раҳбар ҳам надоранд. Дилбар Солиева, ки дар гузашта раҳбари Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буд, ду соли пеш ба Ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ пайваст ва ҳоло дар ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа масъулияте низ бар дӯш дорад.

Аммо аз фаъолияти аҳзоби дигар, чун демократ, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ ё кишоварзӣ аслан хату хабаре нест. Ҳарчанд дар гузашта созмони вилоятии Ҳизби деморкат дар қатори Ҳизби наҳзат ва халқии демократӣ ва комунисту состсиал – демократ фаъолияти муассире дошт.

Бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа сабаби надоштани дафтари кориро ба мушкилоти молӣ ва пардохти ҳаққи иҷора марбут медонанд. Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд танҳо ҳизбе, ки дар вилояти Хатлон созмонаш бештар фаъол аст ва тамоми фишангҳо дар дасташ аст, ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошад.

Аҳмадҷон Ализода, раҳбари созмони вилоятии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчи ҳоло расман барномаҳои пеш аз интихоботии ҳизбаш тасдиқ нашудааст, аммо намояндагони онҳо ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ омодагӣ доранд. Ҷаноби Ализода, дар ин робита афзуд, “мавзӯи интихобот хело муҳим аст ва дар маҷмӯъ корҳои таблиғотӣ мебарем ва бештар бо мардум дар мавриди дастовардҳои ҳизб сӯҳбат мекунем. Чун интизори рӯзҳои интихобот намемонем, ин аст, ки фаъолияти хуб дорем. Ситодҳои доимамалкунандаамон дар шаҳру навоҳӣ таъсис шудааст. Барномаи қабл аз интихоботӣ адр анҷумани ҳизб дар моҳи декабр тасдиқ хоҳад шуд ва он гоҳ шеваи омодагии мо рушантар хоҳад шуд.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки иддае аз таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба нуфузе, ки ҳизби ҳоким дорад, дар остонаи интихобот аз ҳама фишангҳо истифода мекунад ва ҳатто бархе аз шаҳрвандонро маҷбур месозанд,

Юсуф Муҳаммадзода, коршиноси маҳаллӣ дар вилояти Хатлон.

Юсуф Муҳаммадзода, коршиноси маҳаллӣ дар вилояти Хатлон.

Ин аст, ки ба гуфтаи Юсуф Муҳаммадзода, коршиноси маҳаллӣ чунин шеваи бархурди ҳизби ҳоким боиси дилсардии дигар аҳзоб шуда ва ин аз набуди фарҳанги демократии мардум дарак медиҳад. Ҷаноби Муҳаммадзода мегӯяд, “дар ин ҳолат рушди демократ ва интихоботи одилонаю демократиро интизор шудан ғайри имкон аст, чун ҳатто мардум барои интихобот омода нестанд. Инчунин гуфта метавонам, ки азҳоби сиёсӣ ҳеҷ фаъолияти хубе надорад ва ман метавонам бигӯям, ки дар ҷомеаи мо яккаҳизби мавҷуд аст. Интихобот дар ҷомеаи мо як маъракаи муҳим ва ҷиддӣ нест.”

Бо ин ҳама дар гузоришҳои расмӣ гуфта мешавад, дар Хатлон, ки бузургтарин вилоят дар Тоҷикистон дониста мешавад, созмонҳои ҳашт ҳизби сиёсии халқии демократӣ, коммунист, наҳзати исломӣ, демократ, состсиал – демократ, сосиалист, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ ё кишоварзӣ фаъоланд.

Нозирони умур мегӯянд, ҳарчанд ҳоло фаъолияти чашмраси аксари аҳзоби сиёсӣ барои омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ дида нашавад ҳам, аммо ҳатман дар як моҳи корзори интихоботӣ ин аҳзоб дар манотиқ, ба хусус дар вилояти Хатлон аз худ дарак медиҳанд.

Интихоботи парлумонӣ ё Маҷлиси Намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии он дар Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2015 баргузор мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG