Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин "бигӯ-магӯ"-и интихоботии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон


Мулоқоти сарони ҳизбҳои сиёсӣ дар КМИР

Мулоқоти сарони ҳизбҳои сиёсӣ дар КМИР

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон барои бархе аҳзоби сиёсӣ аз таҳдиду фишорҳо ва барои бархеи дигар бидуни ҳеҷ як мушкил оғоз мешавад.

Роҳбарони бархе аз аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар оғози маъракаи интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 аз фишорҳои мустақиме сӯҳбат мекунанд, ки аз сӯи мақомот алайҳашон сурат мегирад. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ ё ҲСД-ро, тавре худаш мегӯяд, соати 8.20 дақиқаи субҳи имрӯз, дар чорроҳаи маҳаллаи 82 - и Душанбе чаҳор мулкипӯш аз мақомоти қудратӣ аз таксӣ поён оварда, мехоҳанд, барои бозпурсӣ ба шуъба баранд:

“Маро хостанд, ки бархилофи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон дастгир кунанд. Баҳона муқаррар намудани шахсияти ман буд. Гуфтанд, ту кӣ, чаро инҷоӣ ва куҷо меравӣ? Ман дар оғоз худро ҳамчун олим муаррифӣ накардам, пурсидам, ки барои чӣ ва чаро барои се соат бо онҳо равам. Вале ман одами тасодуфӣ нестам ва эҳсос кардам, ки дар доираҳои муайян бар хилофи амали президенти Тоҷикистон, ки аслан ин гуна одамҳо на дарки миллӣ ва на фаросат ва хиради миллӣ доранд, амал мекунанд.”

Муовини раиси ҲСД дар роҳ ба аввалин нишасте шитоб дошт, ки соати 9. 00 аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо бо ширкати намояндагони дастгоҳи президент ва 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба хотири баррасии масъалаҳои омодагӣ ба интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 ташкил шуда буд.

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Изҳороти Шокирҷон Ҳакимов низ дар ҳузури раҳбарияти Комиссияи марказии интихобот, сарвари намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ ва ёвари ҳуқуқии президенти Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатзода садо дод. Вай гуфт, мехоҳад, интихоботро Комиссияи марказии интихобот баргузор кунад ва мақомоти қудратӣ ба он дахолат надошта бошанд.

Ҷумъахон Давлатзода дар вокуниш ба изҳороти Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ки ҳодисаи бо ӯ рухдода хусусияти инфиродӣ дорад ва ӯ ҳамчун шаҳрванд бояд ба мақомоти зидахл муроҷиат кунад: “Бояд муроҷиат кунед. Масъала бо роҳи қонунӣ, албатта, ҳал мешавад. Ҳодисаи субҳи имрӯз ҳам бояд бо роҳи қонунӣ ҳал шавад.”

Намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ё ҲНИТ низ аз фишорҳои се соли охир сари ҳизбу аъзояш ёдовар шуданд, аммо гуфтанд, майдони интихоботиро гарм хоҳанд кард. Танҳо дархости онҳо аз мақомот ин буд, ки лоақал ҳангоми маъракаи интихоботӣ нашрияҳои ҳукуматӣ аз пахши матолиби тавҳиномез алайҳи ҲНИТ худдорӣ кунанд. Дар посух ёвари ҳуқуқии президент гуфт, дастгоҳи раисҷумҳур ҳуқуқи дахолат ба кори нашрияҳоро надорад.

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров

Аз аввалин нишасти аҳзоби сиёсӣ дар остонаи интихоботи парлумонии оянда ин нукта рӯшан мешавад, ки ба ҷуз ҲСДТ ва ҲНИТ 6 ҳизби дигар – коммунист, сотсиалист, ислоҳоти иқтисодӣ, аграрӣ, халқӣ – демократӣ ва демократ мушкили хоси амниятӣ ва ҳатто молиявӣ надоранд. Бархе аз мушкилиҳои молиявии худ суҳбат карданд, вақте Комиссияи марказии интихобот хазинаи интихоботии онҳоро муқаррар намуд. Дар қиёс бо интихоботи соли 2010 ин дафъа як ҳизб 30 ҳазор нишондиҳанда ё 1 миллиону 200 ҳазор ва як номзад якуним ҳазор, ё 60 ҳазор сомонӣ метавонад харҷ кунад. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист, коҳиш додани гаравпулӣ ба 4 ҳазор сомониро нокофӣ хонд: “Ба 50 дарсад поён омада бошад ҳам, ин барои ҳизбҳои Тоҷикистон бисёр аст. Агар 50 дарсади дигар ин маблағ хурд мешуд, 2 ҳазор мешуд, мо метавонистем боз шахсиятҳои беҳтарро пешниҳод кунем.”

Аз ҷумлаи пешниҳодҳои Саидҷафъар Усмонов, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, яке ин буд, ки КМИР сари овезаву аксҳои таблиғотии номзадҳо низ андеша кунад, то дар кӯчаву бозор таҳқир нашаванд.

Мушкилиҳои раванди интихобот асосан аз сӯи ду ҳизб -- ҲСДТ ВА ҲНИТ ба миён гузошта шуд, аз ҷумла онҳо дигарбора сари ширкати аъзояшон дар комиссияҳо, дар ҳошия қарор гирифтани муҳоҷирон ва “бемеҳрӣ” – ҳои КМИР суҳбат карданд. Намояндагони КМИР ва дастгоҳи президент посухи худро гуфтанд, аз ҷумла дар масъалаи муҳоҷирон. Ба қавли онҳо, ин масъала аз сӯи аҳзоб сӯистифода мешавад, ба он далел, ки онҳо дар кишвари дигар ба сар мебаранд ва Русия намехоҳад, ки дар ҳудудаш Тоҷикистон интихобот ташкил кунад.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

Барои баргардонидани “ҳамла”- ҳои аҳзоби мухолиф ҳизбҳои дигар низ ширкат карданд. Ҳизби Аграрии Тоҷикистон гуфт, ягон мушкиле дар раванди интихобот намебинад, аммо аз гуфтаҳои намояндаи ҲСДТ, ки бархе аҳзобро “соя” – и Ҳизби халқӣ – демократӣ ва аъзояшро нолоиқ ба курсиии парлумон унвон кард, изҳори норизоиятӣ кард. Рустам Латифзода, раиси ҲАТ, гуфт, аҳзоб набояд якдигарро мавриди истеҳзо қарор диҳанд: “Профессор аст ё доктори илм, ҳар яки мо бояд ба давлат, барои тинҷиву ободии мардум хизмат кунем. Хизмати мардуми деҳқон аз профессору доктор кам нест. Ободии дастурхони мо ҳамонҳо ҳастанд. Онҳо истеҳсол мекунанд. Мо номи ягон ҳизбро намегирем - ку.”

Ҳамчунин намояндаи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон аз ишораҳое, ки ба ҳизбаш шуд, ором нишаста натавонист. Абдулло Нуров дар посух ба иддаои намояндаи ҲНИТ, ки аксари кулли аъзои қитъаҳои интихоботӣ муаллим – зиёиёнанд ва иҷборан узви ҳизби ҳоким шудаанд, гуфт: "Ин, ки зиёиёнро маҷбурӣ узви Ҳизби халқӣ – демократӣ мекунанд, гапи танҳо имрӯз нест. Чандин ҷаласа аст, ки мегӯянд ва мо онро таҳаммул мекунем. Ҳоло мехоҳам посух диҳам, ки чӣ тур нафаре зиёӣ буда метавонад, агар ӯро иҷборан узви ҲНИ ё ҲХД карда бошанд. Ин чӣ зиёӣ аст?”

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки гоҳ – гоҳ аз сиёсатҳои ҳукумат интиқод мекунад, ин дафъа бештар ишора ба сиёсатҳои ҷаҳонӣ ва эҳтимоли сар задани ноамниҳо дар Тоҷикистон кард. Вай гуфт, ҳамаи ҳизбҳо бояд даст ба дасти ҳам дода, нагузоранд, ки дасти хориҷӣ аз мухолифатҳои дохилӣ истифода кунад: “Барои гузаштани як нафар чӣ қадар раъй зарур аст? 145 ҳазор. Ягон ҳизб ин қадар узв надорад. Раъйро интихобкунанда медиҳад. Аз ин хотир, агар аҳзоб бо эҳтирому инсоният ва ҳусни ният ба интихобот раванд, авзои сиёсӣ ҳам хуб мешавад.”

Зимнан, намояндагони КМИР ва дастгоҳи президент дар ин нишаст зикр карданд, ки теъдоди умумии аъзои 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон 350 ҳазор нафар аст, аммо шумораи интихобкунандагон марзи 4 миллион нафарро убур кардааст. Онҳо гуфтанд, аҳзоб бояд аз маҳдудаи ҳизб берун омада, дар бораи бақия мардуми Тоҷикистон низ андеша кунанд, вагарна худи ҳукумат андешаи онҳоро хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG