Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизбҳои сиёсӣ аз ВКХ даъват карданд, ки А.Қаюмзодро сабти ном кунад


Р.Зоиров

Р.Зоиров

Аҳзоби Тоҷикистон аз Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ даъват карданд, ки сабти номи хабарнигори Озодиро барқарор кунад.

Ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар як изҳорот аз радди сабти номи хабарнигори Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзод изҳори нигаронӣ ва аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон даъват карданд, ки Қаюмзодро ба унвони хабарнигори ин радио сабти ном кунад.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо таъкиди ин ки хабаргинори Озодӣ А. Қаюмзод ҳамеша бидуни афзалият додан ба ҷониби ҳукумат ва ё мухолифин гузориш ва мусоҳибаҳо омода мекард, аз вазорат даъват кард, ки сабти номи ӯро барқарор кунад.

Аз моҳи декабр ба ин сӯ Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба хабарнигори собиқадори радиои Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзод иҷозати тамдиди сабти номи ӯро намедиҳад ва аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунад. Мақомоти Радиои Аврупои Мусоҳибаи Қаюмзод бо журналист Раҷаби Мирзо. Акс аз бойгонӣ

Мусоҳибаи Қаюмзод бо журналист Раҷаби Мирзо. Акс аз бойгонӣ

Озод/Радиои Озодӣ рад шудани дархости сабти номи Қаюмзод интиқод кардаанд.


Кевин Клоз, иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО рӯзи 29 январ дар як нома аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дархост кард, ки сабаби радди сабти номи хабарнигори Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ диҳад ва аккредитатсияи хабарнигорро бидуни таъхир барқарор кунад. Дар номааш ба унвонии Зарифӣ ӯ навишт, ки “сабти номи хабарнигорон танҳо як раванди маъмурист ва набояд ҳамчун санади иҷозаи кор истифода ва ё аз он абзори арзёбии кори журналист сохта шавад”.

Дар баёнияи сафорати ИМА дар Душанбе ҳам аз мақомоти Тоҷикистон тақозо шуд, ки озодии матбуотро эҳтиром намуда, механизми аён ва шаффофи марбут ба сабти номи хабарнигоронро таъсис диҳанд”.

Вазорати умури хориҷии Тоҷиистон дар моҳи декабри соли гузашта Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид.

Аз ин қабл Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ташреҳи қазияи Абдуқаюми Қаюмзодро тақозо карда буданд. Дар ин номаи муштарак чор созмон – Иттиҳодияи хабарнигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” аз оқои Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.

Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 барои Озодӣ гузориш медиҳад. Ӯ соли гузашта соҳиби ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳоди хабарнигорони Тоҷикистон шуда, нашрияи “Фараж” ӯро барои гузоришҳояш дар масоили сиёсиву сиёсати хориҷӣ ва мусоҳибаҳояш бо шахсиятҳои маъруф “Журналисти сол” интихоб кард. Ӯ соли 1995 ҷоизаи Ҳеллман ва Ҳеммет барои озодии баён ва соли 2010 дар як маросим дар сафорати Амрико дар Душанбе ҷоизаи "Ҷуръати журналистӣ"-ро ба даст овардааст.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG