Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёсат ва имло: Вазирро бо ҳарфи калон нависем ё хурд? Муовинашро - чӣ?


Зоҳиран фарҳанги дар Тоҷикистон роиҷшудаи тамаллуқ ба мансабдор ҳатто ба тарзи навишти исми мақоми ӯ роҳ ёфтааст.

Дар кишварҳои шарқие, мисли Тоҷикистон нимтаъзим дар назди мақомдорону мансабдорон ҳангоми салом ва истифодаи сифатҳои мисли “раис ”, “ҳазрат”, “ҷаноби олӣ” як одати маъмулист. Аммо тамаллуқкории забонӣ як падидаи нав аст.

Вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки торнамои расмии раисҷумҳури Тоҷикистон, ки васоити ахбори омма хабару гузоришҳои онро бознашр мекунад, бар хилофи қоидаҳои қаблушудаи имлои забони тоҷикӣ мансаби ҳамаи мақомдоронро бо ҳарфи калон менависад. Ҳам вазиру раис, ҳам роҳбар ва ҳатто директорро...

Ҳоло хабарнигороне, ки таҳаввулоти Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, ҳайрон мондаанд, ки мансаби соҳибмансабҳоро бо ҳарфи хурд бинависанд ва имлоро риоя кунанд ва ё аз пайи торнамоҳои расмӣ ҳатоии онҳоро такрор кунанд?

Торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон унвонҳое назири “сафири фавқуллода”, “сардори хадамот” ва ҳатто мудири молиявии ин ё он ширкатро бо ҳарфи калон менависад. Ҳарфи калон ҳатто ба муовини ниҳодҳои давлатӣ, ки раҳбаронашон тибқи Конститутсия, аъзои ҳукумат нестанд, пахш мешавад. Маълум нест, ки ин имлошиканӣ бо дастури худи мақомот сурат мегирад ва ё онҳое, ки хабару гузориш менависанд, ба хотири наранҷидани вазир номи мансаби ӯро “шикаста” намегиранд.

Барои мисол, торнамои раисҷумҳур ҳатто мансаби муовини раиси хадамоти гумрукро бо ҳарфи калон менависад: “Рустами Эмомалӣ аз вазифаи Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.”

Ҳарчанд дар зери ҳамин матн ҳарфи “С”-и калони айни ҳамин мансаб бо ҳарфи хурд навишта шудааст: “Ашӯралӣ Мирзоев Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.” Маълумоти расмии ҳукумати Тоҷикистон, ки дар торнамои расмии раисҷумҳур пайдо мешавад, дар нашрияҳои расмие, чун “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, Оҷонсии иттилоотии “Ховар” ва чор шабакаи телевизиони давлатӣ айнан бознашр мешавад.

Ангезаи бо ҳарфи калон навиштани номи мансабҳо дар чист: тамаллуқ ва ё эҳтиром?

Додихудо Саймиддинов, доктори илмҳои филология, ки солҳо роҳбарии Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонуни имлои забони тоҷикӣ, танҳо номи чор мансаби олии Тоҷикистон бо ҳарфи калон навишта мешавад: ”Мувофиқи муқаррароти қонуни имло ҳамон мансабҳое, ки дар Конститутсия зикр шудаанд, Президент ва Сарвазири Тоҷикистон ва раиси ду палатаи порлумон бо ҳарфи калон навишта мешаванд. Боқимонда мансабҳо бо ҳарфи хурд навишта мешавад. Ин муқаррароти имлои забони тоҷикӣ аст ва бояд риоя шавад. Аммо тафаккури мо ҳамин хел аст, ки бархеҳо бо ҳарфи хурд навишта шудани мансабашонро як навъ паст задани он мебинанд. Мегӯянд, чӣ хел мешавад, ки калимаи “вазир”-ро бо ҳарфи хурд нависем?”

Ҷаноби Саймиддинов афзуд, Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон масъули риоя шудани талаботи қонуни забони давлатӣ ва имло аст ва ин ниҳод барои ислоҳи хатоҳои имлоӣ ба унвони мақомотҳои давлатӣ мактуб фиристода, огоҳ кунад, то иштибоҳҳо ислоҳ шаванд.

Ба эътиқоди бисёре аз донишмандон, забони миллӣ ва қоидаҳои он фаротар аз ҳама ҳукуматҳо ва роҳбарони вақт бояд бошад ва набояд ба хотири эҳтиром ва ё тамаллуқ қоидаҳои имло зери по гузошта шавад. Чунки ҳукуматҳо иваз мешаванд, аммо забони миллӣ боқӣ хоҳад монд, мегӯянд онҳо.

Азим Байзоев, устоди забони тоҷикӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: Қоидаҳои имлое, ки дар Тоҷикистон қабул шудааст, новобаста аз он ки мо ба он розӣ ҳастем ва ё не, бояд аз ҷониби соҳибони забон риоят шавад.”

Ҷаноби Байзоев афзуд, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳоло бештар аз сӯи матбуоти мустақил ва торномаҳо вайрон карда мешавад, ки хонандаҳоро ба иштибоҳ мебарад ва ҷои беҳтар кардани дониши мардум “бесаводии имлоӣ”-ро густариш медиҳад. Ба хотири таблиғи қоидаҳои имло ва риояи саросарии он, Азим Байзоев пешниҳод дорад, то дар Тоҷикистон ним мисли Русия ҳар сол як маротиба маъракаи “диктанти саросарӣ” баргузор карда шавад. То ин ки қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар довталабона дар ин рӯз саводи хаттии худро озмоянд ва ба онҳо забондонҳои шинохта баҳо диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG