Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саймиддинов: "Барои истифодаи ноҷои "ӯ" муҷозот хоҳанд шуд"


Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон
Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон

Аз ҳамаи идораву вазоратҳои Тоҷикистон тақозо шудааст, дар бархе маврид аз истифодаи ҳарфи "ӯ" даст бардоранд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз вазорату идораҳои кишвар тақозо кардааст, ки аз истифодаи ҳарфи "ӯ" дар бархе мавридҳо даст кашанд. Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, бо тасдиқи ин ба Радиои Озодӣ гуфт, "вов"-и маҷҳул чун пештара боқӣ хоҳад монд. Яъне дар ин маврид "ӯ" истифода хоҳад шуд, ба мисли калимаи "рӯз". Аммо пеш аз ҳарфҳи "ҳ" ва "ъ" (аломати сакта) ҳарфи "ӯ" навишта нахоҳад шуд."

Ҷаноби Саймиддинов афзуд, истифодаи ҳарфи "ӯ" аз қоидаи имлои забони тоҷикист, ки соли 1972-юм қабул шуда буд. Ба бовари ӯ, ин қоида бар пояи талаффузи бархе аз лаҳҷаҳо, аз ҷумла бухороӣ, самарқандӣ, миёнкол ва дигар лаҳҷаҳо ба вуҷуд омада будааст, ки "меъёри бофтаву сохта мибошад". Вай илова кард, "мо набояд, меъёри илмӣ ва таърихии имлоро қурбони меъёрҳои замони Шӯравии солҳои 20 ва 30-юм гардонем. Чунки он солҳо забоншиносон воқеан намедонистанд, аз таърихи забон огоҳӣ надоштанд. Ҳамчунон ки бархе аз ба истилоҳ забоншиносони мо имрӯз ҳам намедонанд."

Баҳриддин Камолиддинов
Баҳриддин Камолиддинов
Кумитаи забон ва истилоҳт як сол пеш қоидаҳои нави имлоро тасвиб кард, вале зоҳиран баҳси ин мавзӯъ дар ҷомеа то ҳол фурӯкаш накардааст. Як мухолифи сарсахти дастури ахири Кумитаи забон Баҳриддин Камолиддинов, устоди донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, "пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон бар зидди забони мардумист, яъне дар як қисми ками аҳолӣ ҳарфи "ӯ" равшан талаффуз намешавад. Вале таърихан дар забони мо ин чиз буд ва дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ҳаст. Ҳатто дар Дарвоз баъзе деҳаҳо бисёр равшан талаффуз мекунанд. Ноҳияи Ванҷ пурра талаффуз мекунад. Дар забонҳои гурӯҳи помирӣ ин овозро талабагон зуд ёд мегиранд, чунки бунёдаш таърихан дар забони мо будааст."

Иддае аз соҳибназарон мегӯяд, имлои нав расман тасвиб шуда бояд акнун бидуни камукост риоят шавад. Ҳарчанд ба таъкиди Азим Байзоев, забоншиноси тоҷик, нофаҳмиҳо дар имлои нав хеле зиёд аст: "Баъд аз қабули қоидаҳои имло ҳам баҳсу андешаҳо ба поён нарасида боз идома дорад. Ин маънои онро дорад, ки ҳанӯз ҳамон нуқтаи охиринро дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ нагузоштем ва наметавон гузорем. Яъне, ин чиз кореро талаб мекунад, ки бисёр заҳматталаб аст ва дурудароз бояд бошад бо ҷалби тамоми мутахассисони соҳа аз ҳамаи манотиқи кишвар."

Самариддин Асозода, сардабири нашрияи "Ҷавонони Тоҷикистон", мегӯяд, ин дигаргуниҳо, ки дар ҷомеа тарафдорону мухолифонро ба бор овардааст, боиси нофаҳмиҳо чӣ дар байни кормандони нашрия ва чӣ хонандагонашон гардидааст. Ӯ афзуд, "бадбахтии мо ҳам дар ҳамин аст, ки забоншиносҳои мо якеаш як гап мегӯяд, дигарӣ чизи тамоман дигар мегӯяд. Масалан, мо пеш ба калимаи "нерӯ" ҳарфи "ӯ" мегузоштем, ҳозир намемонем. Ё ин ки дар калимаи фурудгоҳ пештар дар "у"-и дуюм хатча мегузоштем, ҳозир яке мегӯяд, ки монед, дигарӣ мегӯяд, намонед. Ҳатто буданд донишҷӯёне, ки ба назди мо бо фарҳанги имло меомаданд ва суол мекарданд, ки чаро дар имло чунин омадаасту Шумо ба таври дигар навиштаед."

Ҳамакнун бар асоси номаи расмии Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар сурати риоя нашудани меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ идораҳои давлатӣ мавриди муҷозот қарор хоҳанд гирифт. Додихудо Саймиддинов сабаби ирсоли номаи расмӣ ба вазорату идораҳои кишварро ба он марбут донист, ки бо вуҷуди қабули имлои нави забони тоҷикӣ, то кунун ин меъёр тавассути ҳамаи ниҳодҳо ба ҷуз нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" риоят намешавад. Ба ин далел Саймиддинов гуфт, "мо бори дигар расман чунин дастуреро фиристодем, то муассисоту ниҳодҳо дар кишвар ин меъёрро риоят кунанд, дар акси ҳол онҳо мавриди муҷозоти қонун қарор хоҳанд гирифт."

Имлои забони тоҷикӣ танҳо дар даврони истиқлоли кишвар ду маротиба - дар солҳли 1998-ум ва 2011-ум таҳрир хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG