Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли як мушовири амрикоӣ аз сӯи пулисзани афғон


Акс аз бойгони

Акс аз бойгони

Як пулиси зан дар Афғонистон субҳи имрӯз, 24-уми декабр дар идораи фармондеҳии амнияти вилояти Кобул, як мушовири амрикоии ин ниҳодро куштааст.

Генерал Довуд Амин, муовини фармондеҳии амнияти Кобул ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳамла аз сӯи Наргис- корманди Раёсати ҳуқуқи ин идора анҷом шудааст.

Оқои Амин гуфт, "ин зан, ки дар бахши ҳуқуқии вазорати умури дохили иҷрои вазифа мекард, ба хотири анҷоми коре ба фармондеҳии амният омада буд ва яке аз мушовирони мулкии амрикоӣ, ки бо мо кор мекард, дар берун аз ҳавлии фармондеҳӣ, аз тарафи ин хонум ба қатл расид".

Ба гуфтаи оқои Амин, иллати ин ҳодиса то ба ҳол рӯшан нест ва таҳқиқот дар ин замина оғоз шудааст. Ин мақоми амниятии афғон афзуд, ки ин хонум аз сӯи пулис дастгир шудааст. Дар ҳамин ҳол сухангӯи НАТО низ кушта шудани ин мушовири амрикоиро таъйид кардааст.


Ҳамзамон раиси бахши тафтиши ҷиноятҳои пулиси Кобул Муҳаммад Зоҳир тирандозиро чун “ҳамлаи дохили”-и кормандони хадамоти амниятии Афғонистон ба низомиёни нерӯҳои байнулмилалӣ арзёбӣ намуд.

Дар гузашта ҳолатҳои кушта шудани мушовирон ва ё сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон аз сӯи ҳамтоёни марди худ мушоҳида шуда буд, вале ин барои аввалин бор аст, ки як зани афғон қасди ҷони мушовирони хориҷӣ мекунад. Соли равон бар асари ҳамин гуна ҳамлаҳои сарбозону кормандони полиси афғон, 52 низомии НАТО ба ҳалокат расиданд
XS
SM
MD
LG