Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи қотили Умаралӣ Қувватов то ҳол маълум нашудааст


Наздикони Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” мегӯянд, бо гузашти қариб 3 моҳ аз қатли ӯ дар Истамбул пулис ҳанӯз ҳуввияти қотилро мушаххас накардааст ва дар чорчӯби ин парванда танҳо Сулаймон Қаюмов дар боздошт боқӣ мемонад.

Абдурашид Ҳамидов, яке аз нафарони наздик ба раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар Истамбул рӯзи 2 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷамъи онҳое ки дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи қатли ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Туркия дастгир шуда буданд, имрӯз танҳо гумонбари асосӣ – Сулаймон Қаюмов – дар боздошт боқӣ мондааст. Ба гуфтаи Абдурашид Ҳамидов, таҳқиқи парвандаи қатли Қувватовро бахши зиддитеррори пулиси Истамбул пеш мебарад, вале муфаттишон гуфтаанд, ки то ҳол шахсияти нафареро, ки ба Қувватов тир андохтааст, муайян накардаанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд: “Ҳоло дар пушти панҷара имрӯз фақат Қаюмов мондааст. Дар пулис ба мо гуфтанд, ки Сулаймон Қаюмов даст доштанашро то ҳол иқрор накардааст.”

Гумоне вуҷуд дорад, ки Қаюмов шояд ба далели таҳти фишор қарор доштани наздиконаш дар Тоҷикистон нақшашро дар сӯъиқасд ба Қувватов иқрор намекунад. Аммо Раҳмон Қаюмов, бародари Сулаймон Қаюмов дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, касе аз онҳо ба далели қазияи Сулаймон мавриди фишору таъқиб қарор нагирифтааст: “Ҳанӯз пеш аз ин ҳодиса моро чанд бор даъват карданд ва баёнот гирифтанд, ки бародаратон онҷо чӣ кор мекунад ва чаро ба ин “Гурӯҳи 24” пайвастааст? Мо гуфтем, ки аз кору бори ӯ дар Туркия хабар надорем. Баъди боздошташ як бори дигар рафта баёнот додем. Дигар тамом. На моро ягон бор даъват карданд, на касе ба дари хонаи мо омадааст, ки Сулаймон иқрор кунад ё накунад. Ба Худо қасам, ягон кас нисбат ба мо дар масъалаи Сулаймон зӯроварӣ накардааст.”

Раҳмон Қаюмов афзуд, барои аёдати Сулаймон Қаюмов ба Истамбул рафта буданд ва Сулаймон ҳангоми мулоқот гуфтааст, ки бо тӯҳмат масъулияти қатли Қувватовро ба гардани вай задаанд: “Ман худам натавонистам пешаш бидароям, вале Сулаймон ба як бародари мо, ки бо ӯ дар боздоштгоҳ кӯтоҳ мулоқот дошт, гуфтааст, ӯ аз ин кору бор (сӯиқасд ба Умаралӣ Қувватов) дарак надошт ва дар ҳаққаш тӯҳмат шудааст.”

Умаралӣ Қувватови 47-сола шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз меҳмонӣ дар манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд ва ҷанозаи ӯро ду рӯз баъд дар оромгоҳи Килёси ин шаҳри Туркия ба хок супурдаанд.

Ҳамсару ду фарзанд ва ду муҳофизи Қувватов, ки ӯро дар он меҳмонӣ ҳамроҳӣ мекарданд, билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Сулаймон Қаюмов баланд карданд, ки дар ин сӯиқасд даст дорад. Онҳо мегӯянд, ҳанӯз ҳангоми тановули хӯроки шом вазъашон бад шуда буд ва ба ҳамин далел, аз меҳмонӣ барвақт хестанд. Ташхиси пулис баъдан дар бадани Қувватов осори доруи клозапинро, ки барои табобати беморони гирифтори маризии рӯҳии шизофрения истифода мешавад, маълум кард.

Умаралӣ Қувватов, як соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки гуфта мешуад, тиҷорати ширкатҳои бузурги “Тоҷирон” ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, дар соли 2012 тарки кишвар кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолиф ба ҳукумати Тоҷистонро таъсис дод. Ӯ ва шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев, ки низ ҳамроҳи Қувватов аз Тоҷикистон рафт, Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ғасби тиҷораташон айбдор карданд. Вале масъулони кунунии “Фароз” ва “Тоҷирон” иддаои Қувватов ва Гадоев дар бораи дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ин ширкатҳоро бепоя мехонданд. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ баъди фирори Қувватов ва Гадоев алайҳи онҳо бо иттиҳоми сирқати қариб 6 миллион сомонӣ пули ширкати “Фароз” парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳардуро аз тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд.

Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай – ва моҳи декабри соли 2014 – дар Истамбул ва Гадоев як дафъа – дар тобистони соли 2014 дар Мадрид, пойтахти Испания - бо дастури Интерпол дастгир шуданд, вале дар ҳарсе маврид дархости истирдоди онҳо ба Тоҷикистон рад шуд.

Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ бо ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш моҳҳои охир дар Истамбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ ба сар мебурд. Танҳо баъди кушта шудани раҳбари “Гурӯҳи 24” зану фарзандони ӯ дар яке аз кишварҳои қораи Амрико мақоми паноҳандагӣ ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG