Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ аз афзоиши хатари маводи мухаддир


Созмони Милали Муттаҳид гузориши нави худро зери унвони "Хатари фаромарзии маводи мухаддири Афғонистон" интишор кардааст.

Дар гузориш оқибатҳои фоҷеабори маводи мухаддир ба саломатии инсон ва барои амнияти кишварҳои роҳи интиқол, яъне аз кишварҳои Балкан то кишварҳои АвруОсиё, бо далелҳо нишон дода шудааст, ки ба он аз ҷумла Русияву Чин ва Ҳиндустон дохил мешаванд. Дар ин санади СММ омадааст, соле дар Афғонистон 900 тонна маводи мухаддир тавлид ва аз роҳи қочоқ ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон интиқол меёбад.

Тибқи ҳисоби коршиносон, аз маводи мухаддир 15 миллион нафар дар ҷаҳон ба муътодӣ гирифтор шудаанд ва ҳар сол ҳудуди 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд ...
Гардиши ин миқдор маводи мухаддир дар бозорҳои сиёҳи ҷаҳонӣ 65 миллиард долларро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоби коршиносон, ҳоло аз ин миқдор маводи мухаддир 15 миллион нафар дар ҷаҳон ба бемории муътодӣ гирифтор шудаанд ва ҳар сол тақрибан 100 000 нафар ҷони худро аз ин беморӣ аз даст медиҳанд. Бемории муътодӣ ҳамчунин бемории Эйч-Ай-Вӣ ё СПИД-ро ангезиш медиҳад. Гузашта аз ин маводи мухаддир инсонҳоро ба ҷиноят ҳидоят мекунад ва манбаи даромади гурӯҳҳои ҷинояткор дониста мешавад.

Дар гузориши СММ омадааст, ки маводи мухаддири Афғонистон ҳамчунин василаи мавҷудияти гурӯҳҳои шӯришӣ ва террористҳо ба шумор меравад ва фаъолиятҳои табаҳкоронаи онҳо аз фурӯши он сармоягузорӣ мешавад. Антонио Мариа Коста, мудири иҷроии дафтари СММ дар умури маводи мухаддир, бо назардошти вазъи кунунӣ гуфтааст, "ман ба дӯстони Афғонистон таъкидомез муроҷиат мекунам, то ин ҳақиқати нохушояндро бипазиранд, ки чунин вазъ шояд натиҷаи бетафовутии онҳо низ бошад".

Дар дохили Афғонистон гардиши маводи мухаддир хеле густарда, вале боздошт ва мусодираи он хеле ночиз аст. Гузориш мегӯяд, ҳар сол 40 дарсади маводи мухаддири Афғонистон ба Покистон, 30 дарсад ба Эрон ва 25 дарсади он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад.

Ҳар сол 40 дарсади маводи мухаддири Афғонистон ба Покистон, 30 дарсад ба Эрон ва 25 дарсади он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад ...
Гузориш мегӯяд, решаҳои ин мушкил дар дохили худи Афғонистон аст, зеро дар ин кишвар ришвахорӣ афзоиш ёфтааст, ба қонун эҳтиром намегузоранд ва марзҳо контрол намешавад. Дар натиҷаи чунин душвориҳо танҳо ду дарсади маводи мухаддир дар худи Афғонистон мусодира мешавад, дар ҳоле, ки дар Колумбия мусодираву боздошти он 36 дарсад ё тақрибан сеяки маводи тавлидшавандаро ташкил медиҳад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар хориҷ аз Афғонистон низ мусодираи маводи мухаддир коҳиш меёбад. Масалан, дар Эрон ин рақам то 20 дарсад нишон дода шудааст, дар Покистон 17 дарсад ва дар кишварҳои Осиёи Маразӣ маҷмуан 5 дарсад ва дар Русия камтар аз он, яъне 4 дарсад. Дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ вазъ бадтар аз ин будааст. Масалан, дар Булғористону Руминия ва Юнон, ки узви Иттиҳодияи Аврупо мебошанд, ин нишондиҳанда 2 дарсад будааст.

Дар як сол ҳамаи кишварҳои аврупоӣ 88 тонна ҳероин истеъмол мекунанд, аммо Русия дар танҳоӣ - 70 тонна ...
Дар як сол кишварҳои аврупоӣ 88 тонна ҳероин истеъмол мекунанд, аммо Русия дар танҳоӣ - 70 тонна. Дар маҷмӯъ дар саросари ҷаҳон боздошт ва мусодираи маводи мухаддири Афғонистон танҳо 20 дарсадро ташкил медиҳад. Нархи ҳар грам ҳероин бо убур аз марзи ҳар кишвар болотар меравад. Масалан, дар Кобул нархи як грами он 3 доллар, вале дар кӯчаву хиёбонҳои Лондону Милан нархи он ба 100 доллар мерасад.

Нуктаи дигаре, ки дар гузориши солонаи СММ оварда шудааст, ин аст, ки Толибон аз тавлиду фурӯши маводи мухаддир ҳоло нисбат ба солҳои 90-уми қарни гузашта пулҳои ҳангуфт ба даст меоранд. Ширкати мустақими Толибон дар тиҷорати ин мавод имкон медиҳад, ки онҳо мошини ҷангии худро гардон кунанд, беш аз пеш таҷҳизоти пешрафтаи ҷангӣ ба даст оранд ва доираи фаъолияти онҳо густардатар шавад.

Тибқи гузориши СММ, дар тиҷорати маводи мухаддири Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористӣ - Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Ҳизби Исломии Туркманистон ва Созмони Озодибахши Туркистони Шарқӣ - низ даст доранд. Гузориш мегӯяд, бо оғози амалиёти низомӣ бар зидди ин гурӯҳҳо дар марзи миёни Афғонистону Покистон имкон дорад онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ пеш гиранд ва бад-ин тариқ дар бештари қаламрави ин минтақаи энержизо мумкин аст хатари тероризм соя афканад.
XS
SM
MD
LG