Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейд ба клубҳои шабона. Рақсҳои шаҳвонӣ ва урён мамнӯъ шуд


400 нафар, аз ин миён 30 фоҳиша, 20 раққосаи стриптиз, даҳҳо корманд ва муштариёни клубҳои шабонаи Самарқанд дар як рейди полиси Узбакистон боздошт шудаанд.

Бино бар хабари Бахши узбакии Радиои Озодӣ полиси Узбакистон дар клубҳои шабонаи шаҳри Самарқанд рейд гузаронд ва наздик ба 400 нафарро боздошт кард, ки дар байни онҳо кормандону муштариён, фоҳишаҳо ва раққосаҳои урёншаванда ё стриптиз боздошт шудаанд.

Ин маълумотро блонависи самарқандӣ Тошпӯлод Раҳматуллоев низ дар шабакаи Фейсбук нашр кардааст. Ба навиштаи ӯ, ҳангоми рейди полис ба кулбҳои шабонаи “Аlterego”, “Патайя”, “Ҷованӣ”, “Шаҳристон”, “Ниагара” ва ғайра дар шаҳри Самарқанд 2 миллион суми узбакӣ, дар ҳаҷми 30 миллион машрубот ва сигарети беаксиз мусодира шудаанд. Ҳамчунин дар ҷараёни рейд маводи нашъаовар, аз ҷумла мариҳуана кашфу мусодира шудааст.

Шӯъбаи пешгирӣ аз ҷиноятҳои Вазорати корҳои дохилии Узбакистон ва Маркази “Маънавият”-и ин кишвар баъд аз рейд ба унвони ҳамаи клубҳои шабона, тарабхона ва майдончаҳои рақс дастур фиристодаанд.

Як ҷавони 23-сола, ки дар клубҳои шабона диҷей ё масъули мусиқист, ба шарти пинҳон мондани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин дастур пеш аз ҳама гуфта мешавад, ки ноболиғон бояд ба клубҳои шабона ва марказҳои тафреҳии шабона роҳ дода нашаванд. “Ҳамчунин чанд талаб пеш гузошта шудааст, ки гуфта мешавад, ба хотири пешгирӣ аз ҷинояткориҳо бояд муроот шаванд”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар масъалаи рақсу мусиқӣ низ дастурҳо дода шуд: “Намоиши рақсҳои шаҳватбарангез ва урён ба муштариён манъ шуд. Доштани меҳвар дар саҳна, ки духтарон онро дошта, тоб мехӯранд низ манъ шуд. Гуфта шудааст, ки раққосаҳо бояд сарулибоси ба фарҳанги миллӣ мухолиф надошта бошанд.”

Моликони кулбҳои шабона дар Тошканд, Самарқанд ва Урганҷ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ расидани чунин дастурамалҳоро тасдиқ карданд.

Дар сӯҳбат бо Бахши узбакии Радиои Озодӣ блогнависи самарқандӣ Тошпӯлод Раҳматуллоев гуфт, барои аҳолӣ пеш аз ҳама ин муҳим аст, ки фарзандони ноболиғи онҳо ба чунин клубҳо рафта, ахлоқи худро вайрон мекунанд.

“Ман зидди кулбҳои шабона нестам. Азбаски Самарқанд шаҳри ҷаҳонгардон аст, клубҳои шабона ва дигар марказҳои истироҳат заруранд. Гап сари он аст, ки кулбҳои шабона ба қонун итоат намекунанд ва таври ваҳшиёна чизе хоҳанд, мекунанд. Ман зидди он ҳастам, ки чунин клубҳо ба ҷалабхона ва макони наркотикҳо табдил ёбанд,” – мегӯяд Тошпӯлод Раҳматуллоев.

Як дизайнер, ки ба ороиши кулбҳои шабона машғул аст ва худро Ҳикматҷон номид, мегӯяд, воқеан клубҳои Самарқанд аз чунин муассисаҳои маълум дар кишварҳои дигар фарқ мекунанд ва аз чаҳорчӯбаҳои муқаррарӣ берун рафтаанд.

“Ман, масалан, клубҳои шабонаи Пенсилвания ва Калифорнияи Амрикоро дидаам. Дар он ҷо ҷавонони то 21-соларо роҳ намедиҳанд, истифодаи машрубот ва ҳаракатҳои беш аз ҳад шаҳвонӣ зери назоратанд. Ба клубҳои Самарқанд ҳатто наврасон даромада, майнӯшӣ мекунанд. Дар кабинаҳо мешавад, бемалол бо фоҳишаҳо ҳамхобагӣ кард. “Экстазӣ” ё наркотикҳои дигарро ба осонӣ мешавад, харид. Ҳар рӯз дар он ҷо ҷангҷолу занозанӣ ҳаст. Чирку ифлосӣ дар ин клубҳо зиёд аст,” – гуфт ин рассом.

Дар ҳоле ки чунин афрод зидди клубу дискотекаҳои шабона нестанд, танҳо даъват мекунанд, ки онҳо бояд дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунанд, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки чунин маҳфилҳо ба иллати вайрон кардани ахлоқи ҷавонон баста шаванд. “Инҳо асосан макони фарзандони одамони пулдоранд, ки кори дигар надоранд.” “Узбакистон кишвари мусулмонобод аст ва ба чунин муасиссаҳо эҳтиёҷ надорад”. “Ҳаммашро бояд манъ кард.” Чунин шарҳҳо дар форумҳои интернетӣ беш аз ҳама ба назар мерасанд.

Аммо блогнависи самарқандӣ Тошпӯлод Раҳматуллоев мегӯяд, бастани чунин маҳфилҳо илоҷи кор нест. “Бояд дар онҳо тартибро ҷорӣ кард,” – мегӯяд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки рейдҳои мақомоти интизомӣ дар чунин муассисаҳо идома меёбад ва ба гуфтаи Додситонии кулли Узбакистон дар як сол дар чунин муассисаҳо наздик ба 5 ҳазор рейд баргузор гаштааст.Ин тафтишҳо нишон додаанд, ки дар чунин марказҳои тафреҳӣ зиёда аз 500 ноболиғ боздошт шудаанд.

Баъд аз чунин рейдҳо як муддат вазъ тағйир мекунад, аммо ба зудӣ ба ҳолат аввал бармегардад, мегӯянд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ. Ба гуфтаи яке аз онҳо як ҳафта баъд аз рейди Самарқанд дар ин ҷо кулби “Шабҳои Шарқ” боз шуд, ки бино ба лавҳаи даромадгоҳаш дар он духтарони зебо рақси шаҳватбарангез ва нимаурён анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG