Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснашинии садҳо нафткаши Қазоқистон ғайриқонунӣ эълон шуд (Видео)


Додгоҳе дар Актауи Қазоқистон гуруснанишинии наздики ба 300 корманди ширкати нафткаши Oil Construction Company (OCC)-ро дар эътироз ба барҳам хурдани Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ғайриқонунӣ хонд.

Ҳамчунин аз нафткашҳои қазоқ талаб шудааст, ки бинои ширкатро дар Актау тарк кунанд. Ин қарори додгоҳ рӯзи 19 январ содир шуд ва ба мурофиа рӯзноманигорон роҳ дода нашудаанд.

Бо қарори додгоҳ, 8 нафткаши қазоқ дар ташкили гуруснанишинии ғайриқонунӣ айбор ва ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 2 ҳазору 269 танга вазифадор шуданд. Миёни онҳо раиси иттифоқи касабаи ширкат Амин Елеусинов низ ҳаст.

Oil Construction Company ахиран ба додгоҳ муроҷиат кард ва хост, ки гуруснанишинии кормандонаш дар бинои ширкат ғайриқонунӣ эълон шавад. Масъулони ширкат иддао доранд, ки гуруснанишинии кормандонаш бидуни мувофиқа сурат гирифтааст.

Ба иттилои раҳбарияти ОСС, шумори иштирокдорони гуруснанишинӣ дар бинои ширкат аз ибтидои ҳафтаи равон ба ин сӯ то ба 290 тан расидааст.

Гуруснанишинии нафткашон бо талаби сабти номи Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил дар Қазоқистон аз 5 январ ба ин тараф идома дошта, ибтидои ҳафтаи равон сафи онҳо афзуд. Нафткашон ҳақ доранд, то 10 рӯзи оянда аз қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Гуруснашинии садҳо нафткаши Қазоқистон ғайриқонунӣ эълон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

XS
SM
MD
LG