Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи шаҳри Чкалов муҳокимаи парвандаи як корманди пулиси Исфараро бо иттиҳоми шиканҷа идома медиҳад.

Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд, ки тафтиши ин парвандаро анҷом додааст, гуфт, Азимулло Азимов, сардори бахши кофтукови ҷиноии Шӯъбаи корҳои дохилии шумораи 1-и Исфара мутобиқи се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: банди 143 - “шиканҷа”, 316 - “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва 358 - “ғайриқонунӣ дастгир ва ҳабс намудан”, ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ба гуфтаи вай, таҳқиқи ин парванда анҷом ёфта, муҳокимааш ҳудуди як моҳ инҷониб дар додгоҳи Чкалов идома дорад.

Як манбаъи наздик ба тафтиши ин парванда аз додситонии Суғд гуфт, Азимулло Азимов моҳи декабри соли гузашта як сокини 30-солаи Исфараро ғайриқонунӣ боздошт ва латукӯб кардааст. Дастгиршуда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба додситонӣ шикоят бурдааст.

Соли равон ин нахустин парванда бо иттиҳоми шиканҷа дар вилояти Суғд мебошад. Ин дар ҳолест, ки Ҷӯрабой Бобоев, як сокини Исфара ҳамроҳи вакили дифоъаш аз тариқи додгоҳ талош дорад, ба таҳқиқи марги писараш, Исмонбой Бобоев, ки моҳи феврали соли 2010 баъд аз як шабонарӯзи боздошт дар боздоштгоҳи шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфти вазорати корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид, даст ёбад.

Мақомоти интизомӣ он замон сабаби марги Исмонбой Бобоевро нафасгир шудан аз беморӣ номиданд, вале ба гуфтаи Ҷӯрабой Бобоев, писараш дар боздоштгоҳ аз рӯйи нишонаҳое дар ҷасадаш бар асари зарбу лат ва шиканҷа ҷон додааст ва ӯ талаб дорад, то гунаҳкорони марги фарзандаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аз ин қабл дар моҳи декабри соли гузашта додгоҳи Хуҷанд як афсари пулиси вилояти Суғдро бо ҷурми шиканҷа ба як соли зиндон маҳкум карда буд. Ба гуфтаи тафтишот, Хусрав Ниёзқулов як тоҷири 20-солаи маҳаллиро бо гумони фурӯши филмҳои фаҳш дастгир карда, бо муфаттишони дигар тайи ду рӯз дар ҳуҷраи кориаш шиканҷа додааст.

Моҳи сентябри соли 2012 бошад бо ҷурми шиканҷаи як ноболиғ афсари пулиси ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Давлати Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар моҳи феврали соли 2012 банди вижаи шиканҷаро ба Кодекси ҷиноияш шомил кард. Қаблан мақомоти интизомиву амниятии гумонбар дар шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон дар Тоҷикистон маъмулан бо ҷурми берун рафтан аз ҳадди салоҳияти хидматӣ маҳкум ба ҳукмҳои хеле сабук мешуданд.
XS
SM
MD
LG