Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти пулиси Қӯрғонтеппа як гурӯҳи бузурги фоҳишаҳоро, ки ба гуфтаи онҳо аз деҳоту ноҳияҳои атрофи маркази Хатлон омадаанд, ба хонаи волидонашон "гусел кардаанд".

Мақомоти пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа 182 зани танфурӯшро аз маркази маъмурии вилояти Хатлон "ихроҷ кардаанд". Нуралӣ Раҷабзода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа, рӯзи 21 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки "ин гурӯҳи занон аз навоҳии гирду атроф омада, дар пайи рейд ё санҷиши мақомот сабтином шуданд".

Ӯ гуфт, ба хонаводаи 182 зани танфурӯш аз ноҳияҳои атрофи Қӯрғонтеппа, инчунин, номаи расмӣ фиристода ва аз онҳо талаб кардаанд, ки наздиконашонро, ба қавли ӯ, аз ин роҳи бад баргардонанд, вагарна ҷаримаву ҷазо дар интизорашон аст. "Дар мактуб ба оилаҳои ҳамаи ин занон ҳақиқатро гуфтем. Таъкид кардем, ки номуси духтари тоҷик зери по намонад. Ҳамонҳоро ба номус овардем," – гуфт Нуралӣ Раҷабзода.

Сардори Шӯъбаи корҳои дохилии маркази Хатлон мегӯяд, дар баробари ин, 38 фоҳиша аз худи Қӯрғонтеппа низ номнавис шуда ва ба онҳо дар сурати даст кашидан аз танфурӯшӣ ҷойи кор ваъда шудааст: "Аз ҳоло соҳибкороне пайдо шудаанд, ки мехоҳанд дунафарии онҳоро дар ширкатҳояшон ба кор бигиранд."

Аммо заноне, ки ба қавли мақомот аз рустову ноҳияҳои атрофи Қӯрғонтеппа ба ин шаҳр омада танфурӯшӣ мекарданду ҳоло дар хонаи наздиконашон ба сар мебаранд, мегӯянд, ки рӯзгори сахтеро паси сар мекунанд. Садбарги 35-сола аз ноҳияи Вахш мегӯяд, дар гузашта дар назди як тарабхонаи Қӯрғонтеппа муштариҳои зиёд пайдо карда, аз ин тариқ рӯзии чор фарзанди кӯчакашро пайдо менамуд.

"Вале ҳоло ангуштнамои дӯсту душман шудем. Дувум ин ки солҳои пеш кор буд, маош буд. Ҳозир дар деҳот кор нест. Як хел одам пул намеёбад. Мо ҳам аз ночорӣ ба ин роҳ рафтем, на аз дороӣ," – гуфт ӯ.

Мақомоти расмии Хатлон ҳам мегӯянд, бештари занони танфурӯш аз ноҳияҳои дурдасти ин вилоят буда, ҳамчун занони бекор ба қайд гирифта шудаанд. Санавбар Самиева, сардори Идораи кор бо занон ва оилаи нази ҳукумати Хатлон, 21 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, баъди даст кашидани занон аз “корҳои номатлуб” мехоҳанд, ки онҳоро бо кор таъмин намоянд. Вале мегӯяд ӯ, на ҳамаи занони танфурӯш барои ивази “касбашон” розӣ ҳастанд.

“Баъзе аз ин занон мехоҳанд, ки ба роҳи дуруст раванд. Вале баъзеи дигарашон намехоҳанд, ки ин “пеша”-ро тарк кунанд. Ин хел занҳоро ба созмонҳои ҷаъмиятӣ равон мекунем, то бо онҳо кор кунанд. Кӯшиш мекунем, онҳоро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалб кунему ба омӯзиш фаро гирем, вале баъзеашон ирода надоранд ва наметавонанд ин корро тарк кунанд ва вазъро аз будаш мушкил мекунанд,” – афзуд ӯ.

Ҳафтаи гузашта додгоҳи Қӯрғонтеппа 36 зани фоҳишаро, ки дар вақти рейд ва санҷишҳо ба амри пулис итоат накарда ва даъво кардаанд, ҷазо дод. Бар асоси қарори додгоҳ 12 нафар ба муддати аз 5 то 7 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, бақия ба пардохти ҷарима ба маблағи 120 сомонӣ муваззаф шуданд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои танфурӯши муҷозот таъин кардааст. Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 октябри соли гузашта бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шадидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд.

Бар пояи ислоҳи ин қонун дар давоми як сол агар танфурӯш бори дувум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд. Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахонаро ҷиноят мешиносад ва барои чунин аъмол муҷозоти сангинтарро пешбинӣ кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG