Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулл: Аз ҳайати "Гурӯҳи 24" бароед (2 ВИДЕО)


Tajikistan,Dushanbe city, a peope complain in front of Tajikistan general Procurature,15February2014

Tajikistan,Dushanbe city, a peope complain in front of Tajikistan general Procurature,15February2014

Додситонии кулли Тоҷикистон аз аъзои "Гурӯҳи 24" даъват кардааст, ки ба дунболи манъи фаъолияташ аз сӯи Додгоҳи олӣ ин созмонро дар ивази раҳоӣ аз ҷавобгариии ҷиноӣ тарк кунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 9 октябр бо нашри як изҳорот гуфт, нафароне кидовталабона аз ҳайати "Гурӯҳи 24" хориҷ мешаванд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо хоҳанд шуд. Маркази матбуотии додситонии кулл дар шарҳи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки рӯзи 9 октябр "Гурӯҳи 24"-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватовро "созмони экстремистӣ" эътироф карда, фаъолияти онро расман манъ кард, гуфт: " Аз ҳамин лаҳза ҳаргуна иштирок дар фаъолияти «гурӯҳ»-и номбурда тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф гардида, мувофиқи моддаи 307-3 ҳамин Кодекс барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар баробари ин, қобили зикр аст, ки дар эзоҳи моддаи 307-3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣшудааст, ки шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарор дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад."

Моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) барои узвият дар чунин созмонҳо ҷазоҳои шадид - ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда ( 40 000- 80 000 сомонӣ) ё аз 3 то 8 соли зиндон - пешбинӣ мекунад:

"1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,‐
‐бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибориқонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,‐
‐бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳибҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад."

Аз зиреҳпӯшҳову ОМОН то манъи фаъолияти "Гурӯҳи 24"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр дар матлабе бо номи "Камераҳои мушоҳидавӣ тартиботи ҷамъиятиро ба танзим медароранд" дар сомонааш "хотиррасон" кардааст, ки бар иловаи шумораи зиёди кормандони милитсия барои хизмат дар кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳаллаҳои пойтахт, илова бар ин, тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе бо дастгоҳҳои мушоҳидавии наворбардорӣ насб гардидааст."

Ин матлаб дар пасманзари даъватҳо ба гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Душанбе нашр шудааст. Вазорати дохила ишораи муст ақиме ба даъвати "Гурӯҳи 24" ба гирдиҳамоӣ накардааст, вале менависад, "имрӯзҳо, ки афроди бадхоҳу ихтилофҷӯ мехоҳанд бо амалҳои ифротгароёнаи худ дар ҷомеа таблиғоту ташвиқотҳои ботилро дар шакли варақаҳои тарғиботӣ амалӣ созанд, боварӣ аст, ки фаъолияти ин дастгоҳҳои мушоҳидавӣ ба амалишавии мақсадҳои нопоки ин гуна афрод халали ҷиддӣ расонида, онҳоро ноком месозад."

Ин видеокамераҳо марбут ба тарҳи "Шаҳри бехатар" мебошанд. Дар чорчӯби ин барнома бар пояи 22 миллион доллар қарзи Чин дар ҷодаҳои асосӣ ва маконҳои пуриздиҳоми пойтахти Тоҷикистон аз тарафи ширкати "Ҳуавей технолоҷӣ"-и Чин - масъули иҷрои ин барнома – дар маҷмӯъ 855 видеокамера насб карда шуд.
Ин барнома расман рӯзи 1 ноябри соли 2013 ба кор сар кард.

АКСУ ВИДЕО аз посгоҳҳои атрофи пойтахт

Хабарнигорони Озодӣ бо нахустин аксу видео аз посгоҳҳои тақвиятёфтаи милиса дар атрофи Душанбе баргаштанд. Дар ин аксу видеоҳо, ки ба далели мамониати мақомот аз мавқеъҳои нисбатан дуртар бардошта шудаанд, дида мешавад, ки дар посгоҳҳои воқеъ дар рустои Чоряккорон, тақрибан 5-километрии шоҳроҳи Душанбе -Турсунзода - Пахтаобод, ва дар Чорбоғ, воқеъ дар шимоли Душанбе, дар даромади дараи Варзоб, ходимони мусаллаҳи пулис гузошта шуда, дар посгоҳҳо ҳамчунин зиреҳпӯшҳоро низ мустақар кардаанд.

ВИДЕОИ ХАБАРНИГОРИ ОЗОДӢ АЗ ПОСГОҲҲОИ ЧОРЯККОРОН ВА ЧОРБОҒ ДАР АТРОФИ ПОЙТАХТ

С. Ҷӯрахонзода: "Ҳадаф таъмини тартиботу низом аст"

Дар пайи даъватҳо ба гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе посгоҳҳои атрофи пойтахти Тоҷикистонро бо нирӯҳои мусаллаҳи ОМОН ва зиреҳпӯшҳо тақвият додаанд.

Саид Ҷӯрахонзода

Саид Ҷӯрахонзода

Генерал Саид Ҷӯрахонзода, сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 9 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари тақвияти посгоҳҳои атрофи пойтахтро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин чораҳо ба хотири ҳифзи тартибот гирифта шудааст ва нерӯҳо дар дар дарвозаҳо ва даромадгоҳҳои шаҳр тақвият дода шудааст. Генерал Ҷӯрахонзода гуфт, ки вазъ комилан ором аст ва ин ба маънои ба ҳолати омодабош овардани нирӯҳои милиса ваё дар робита ба даъватҳои Умаралӣ Қувватов ва тарафдорони ӯ ба намоиши эътирозӣ дар Душанбе нест, балки “ҳадаф танҳо назорат ва ҳифзи тартибу низом мебошад.”

Аммо сокинони навоҳии атрофи пойтахт мегуянд,ки ҳангоми ворид шудан ба шаҳр дар назди дарвозаҳо мошинҳоро кормандони милиса манъ мекунанд ва бағоҷи мошинҳоро кофтуков мекунанд. Собир Раҳматов, сокини ноҳияи Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду руз қабл дар назди дарвозаи шаҳр ягон корманди милиса бо силоҳ намеистод ва танҳо гурӯҳи кормандони бозрасии автомобилӣ (БДА) буданду тамом.Вай мегӯяд, аз шоми дирӯз ба ин тараф дар посгоҳи тарафи ноҳияи Ваҳдат милисаҳои мусаллаҳ ва дар канорашон зиреҳпӯшҳоро мебинанд.

Дар назди дарвозаҳои пойтахт дар самти ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор ва ба сӯи Қӯрғонтеппа низ, ба гуфтаи шоҳидон, милисаҳои мусаллаҳ бо зиреҳпӯш истодаанд

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ки дар даромадгоҳи Варзоб теъдоди зиёди милисаҳо бо зиреҳпӯшро дидааст, ки дирӯз мушоҳида намешуданд.

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Тақвияти табодири амниятӣ дар посгоҳҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон дар пайи даъватҳо ба баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Душанбест. Масъулияти даъвати ин гирдиҳамоиро мақомоти Тоҷикистон ба дӯши “Гурӯҳи 24”-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов ва тарафдорони ӯ бор мекунанд.

Фаъолияти "Гурӯҳи 24" расман манъ шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр созмони “Гурӯҳи 24”-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватовро ҳамчун "ҳаракати ифротӣ" эътироф карда ва фаъолияти ин созмон ва сомонаҳояш дар қаламрави Тоҷикистонро манъ кард.

Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр зимни қироати ҳалномаи Додгоҳи олӣ гуфт, ки “бо пешниҳоди додситонии кулли Тоҷикистон созмони “ Гурӯҳи 24” ҳаракати ифротӣ дониста шуда ва фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда мешавад.”

Ҳамчунин ба таъкиди хонум Ҳакимова, тибқи ин ҳалнома, сомонаҳои интернетии “Гурӯҳи 24” ва ворид кардани адабиёту мавоид аудио ё видеоии марбут ба ин созмон ба қаламрави Тоҷикистон низ манъ хоҳад шуд.

Додраси додгоҳи олӣ гуфт, "масъулони "Гурӯҳи 24" метавоннад дар зарфи як моҳ аз ин ҳалнома ба зинаи болотар шикоят баранд.

ВИДЕОИ ҚИРОАТИ ҲАЛНОМАИ ДОДГОҲИ ОЛӢ

“Рӯйхати сиёҳ”-и созмонҳое, ки ба далели фаъолиятҳои ифротиву иртиҷорӣ фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ шудааст, дар ҳоли ҳозир 12 созмон, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизб-ут-Таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҷамоати Таблиғ, Салафия, Ихвонулмуслимин ва ҳизби Тоҷикистони озоди сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷоновро дар бар мегирад.

Табдирҳои зидди гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон

Аз 4 октябр ба ин тараф дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоие, чун Фейсбук, Вконтакте, сомонаи Ютюб ва даҳҳо сомонаву торнамои дигар дар Интернет бидуни ягон шарҳи мақомот дастнорас шудаанд.

Ҳамчунин мақомоти амниятии ноҳияи Фархор рӯзи 7 октябр модар ва 3 хоҳари Шарофиддин Гадоев, яке аз ёрони наздики Умаралӣ Қувватовро таҳти бозпурсӣ қарор додаанд. Наздикони ин соҳибкори фирорӣ мегӯянд, ки се хоҳари ӯро танҳо соати ӯҳуними шаб раҳо карданд. Рӯзи 8 октябр Иззат Амон, раҳбари созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия низ шикоят кард, ки мақомоти милиса ба манзили ӯ дар рустои Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аҳли хонаводаашро “рӯйхат” кардаанд.

Тарафдорони Умаралӣ Қувватов рӯзи 8 октябр аз номи “Эътилофи нерӯҳои оппозитсия “Тоҷикистони нав” дар як баёния сабабҳои ба тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистон даъват кардани мардумро шарҳ доданд. Ин гурӯҳи то ҳол ноошнои мухолифи ҳукумати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бекории саросарӣ, ба 2 миллион расидани шумори муҳоҷирони тоҷик, ба зиндон андохта шудани тарафдорони оппозисиюн ва табиати авлодӣ гирифтани ҳукуматро аз ҷумлаи кӯтоҳиҳои ҳокимони кунунии Тоҷикистон баршумурда, гуфтааст, онҳо “барои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, демокросӣ, ҳуқуқи инсон ва таъсиси як ҳукумати фарогири воқеъан миллӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон” вориди мубориза шуда, ҳар навъ оқибати эътирозҳо дар Тоҷикистонро ба дӯши ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегузоранд.

Рӯзи 8 октябр як гурӯҳи фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ва Фронти халқӣ – ду тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон – ва ҳам раҳбарияти ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунист даъватҳо ба баргузории гирдиҳамоӣ аз сӯи “Гурҳӯи 24”-ро маҳкум карданд. Ҳизби наҳзат аз тарафдоронаш хост, то “дар ҳеҷгуна чорабиниҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд ва аз ҳолатҳои фитнаангез парҳез намоянд. Ширкат дар чорабиниҳое, ки қонунӣ нестанд ё қонунӣ ҳастанду роҳбарияти ҳизб бо он розӣ нест, мухолафат ба сиёсатҳо ва санадҳои дохилии ҳизб шинохта мешавад ва метавонад боиси ихроҷи чунин аъзо аз сафи ҳизб бигардад."

Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ки дар гузашта раҳбарии ширкатҳои дар бозори маводи сӯхт ва чанд соҳаи дигари тиҷорати Тоҷикистон муваффақи “Фароз” ва “Тоҷирон”-ро бар дӯш доштанд, дар тобистони соли 2012 тарки ин кишвар карда, созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро таъсис доданд.

Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев

Онҳо иддао доранд, ки ширкатҳояшонро Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз худ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ба дунбол алайҳи ҳарду бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ парванда кушода, таҳти таъқиби байналмилалӣ қарорашон доданд. Умаралӣ Қувватов дар поёни соли 2012 дар Дубай ва Шарофиддин Гадоев тобистони имсол дар Мадрид бо дастури Интерпол дастгир шуданд, вале додгоҳҳои Имороти Араб ва Испания аз супурдани онҳо ба дасти мақомоти Тоҷикистон худдорӣ карданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG