Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастури Раҳимзода барои таҳқиқи латту кӯби Умар Бобоҷонов


Умар Бобоҷонов дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор дорад

Умар Бобоҷонов дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор дорад

Хонаводаи Умар Бобоҷонов аз боздошти ду маъмури пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат хабар доданд. Аммо мақомоти расмӣ то ҳол ин иттилоъро таъйид накардаанд.

Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, барои таҳқиқи қазияи Бобоҷонов Умар Маҳмадсаидович, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис додааст. Умар Бобоҷонов, ба иддаои наздиконаш, гӯё аз сӯи маъмурони пулис латту кӯб шудааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр гуфт, ки бо супориши қатъии оқои Раҳимзода ин ҳодиса мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад ва афроди гунаҳкор муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Умар Бобоҷонов аз боздошти ду маъмури пулис дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд. Ҳарчанд тасдиқи расмии ин иттилоъ вуҷуд надорад, аммо Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар гуфт: "Дар чорчӯби парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳодисаи латту кӯби бародарам, ду корманди пулиси Ваҳдат боздошт шудаанд."

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

​Рӯзи 1 сентябр даҳҳо сокини Ваҳдат, ки дар назди бемористони марказии ин шаҳр бо тақозои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони латту кӯби Умар Бобоҷонов таҷаммӯъ карда буданд, пароканда шуданд.

Ҳоло мақомоти интизомӣ он маҳалро таҳти назорат доранд ва дар назди бемористон танҳо пайвандони Умар Бобоҷонов истодаанду бас.

Субҳи сешанбе Искандар Солеҳзода, муовини вазири корҳои дохилӣ ва Амирбек Бекназаров, сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо вазъи Умар Бобоҷонов дар бемористон ошно шудаанд. Инчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ ба манзури ошноӣ бо вазъи Умар Бобоҷонов ду мутахассиси тиб – асабшинос ва эҳёгарро ба бемористони Ваҳдат фиристодааст.

Умар Бобоҷонов ҳоло дар ҳолати кома ё беҳушӣ дар бахши эҳёгарӣ қарор дорад. Ба қавли табибон, ӯ бештар аз ноҳияи сар зарб хӯрда, мағзи сараш осеб дидааст. Ташхис муайян кардааст, ки осеби расида ба Умар Бобоҷонов "комаи дараҷаи сеюм" мебошад.

Наздикони Умар Бобоҷонов иддао доранд, ки фарзанди онҳо барои гӯё риш доштанаш аз сӯи маъмурони пулис аввал ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда шуда ва сипас мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Вале масъулини умури дохила мегӯянд, масъала дар риш нест, балки ин нафар ҳангоми мастӣ боздошт шудааст ва дар ҳамин ҳолаташ ба пояш истода натавониста, ба замин афтодааст.

ИФТИТОҲИ ПАРВАНДА

Мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонӣ қазияи як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдатро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Алишер Абдурасулов, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат, 31 август дар сӯҳбати бидуни микрофон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ки "агар нафаре шаппотӣ задааст, ҳатман посухи амалашро мегирад". Ҳамзамон ин мақоми пулис аз ҷониби кормандони пулис латту кӯб шудани Умар Бобоҷоновро на тасдиқ кард, на такзиб.

Абдурасулов мегӯяд, дар робита ба қазияи Умар Бобоҷонов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад ва хулосаи онҳо дертар эълон хоҳад шуд. “Кормандони ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ низ вориди амал шудаанд,” - гуфт ин мақоми пулис.

​СУХАНИ ШОҲИДОН

Ин ҳарфҳои муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат дар ҳолест, ки Абдулло Бобоҷонов -- бародари Умар Бобоҷонов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро шоми 28 август кормандони пулис барои риш доштанаш мавриди латту кӯб қарор додаанд, ки баъдан дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳри Ваҳдат оварда шудааст. Ин ҳарфҳоро Зоҳирҷон Соҳибов, яке аз дӯстони Умар, ки ҳангоми ҳодисаи латту кӯб бо ӯ будааст, низ тасдиқ кард.

Таҷаммӯи мардум дар назди бемористони марказии шаҳри Ваҳдат. 31 августи 2015

Таҷаммӯи мардум дар назди бемористони марказии шаҳри Ваҳдат. 31 августи 2015

Ӯ гуфт, "мо дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар назди муҷассамаи “Модар” сайругашт доштем, ки ногаҳон се мошин омад ва 6-7 нафар аз онҳо берун шуданд. Онҳо ману Умарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Латту кӯб карданд. Субҳи 29 август Умарро ба бемористон овардем, ки ҳолаш хеле вазнин буд."

Умар Бобоҷонов, ки ба гуфтаи волидонаш, донишҷӯи соли сеюми як Донишгоҳи Санкт-Петербург аст, барои таътили тобистона ба зодгоҳаш - шаҳри Ваҳдат омада буд. Ҳоло ӯ дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад ва пизишкон низ вазъияти ӯро вахим арзёбӣ мекунанд. Бобоҷонов феълан дар ҳолати беҳушӣ ё кома аст ва тариқи дастгоҳ нафаси сунъӣ мегирад. Ҳангоме хабарнигорони Озодӣ вориди шӯъбаи эҳёгарӣ шуданд, кормандони ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҷарроҳатҳои Умарро аксбардорӣ мекарданд ва барои "халал" нарасондан ба корашон хабарнигоронро аз утоқи Умар берун намуданд.

ТАҶАММӮИ СОКИНОН

Рӯзи душанбеи 31 август ҳудуди 100 нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат дар назди бемористони марказии ин шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот талаб намуданд, ки омилони латту кӯби Умар Бобоҷоновро муҷозот кунанд.

Пизишкон мегӯянд, ки Умар Бобоҷонов дар вазъияти вазнине ба беористон интиқол ёфтааст

Пизишкон мегӯянд, ки Умар Бобоҷонов дар вазъияти вазнине ба беористон интиқол ёфтааст

Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маъракаи ғайрирасмии мубориза бо риш идома дорад ва то кунун даҳҳо тан иддао кардаанд, ки риши онҳо аз сӯи маъмурони пулис маҷбурӣ тарошида шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамагуна даст доштани маъмурони пулис дар чунин қазияҳоро рад мекунад ва мегӯяд, касе барои тарошидани риши сокинон амр нагирифтааст.

БАҲСИ РИШТАРОШИҲО

Аммо дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз муҷозот шудани ду корманди пулис барои маҷбурӣ тарошидани риши шаҳрвандон хабар дод. Ӯ гуфт, яке аз ин кормандон аз вилояти Суғд ва дигаре аз ноҳияҳои тобеи марказ будааст. Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид карда буд, муҷозоти ин маъмурони пулис дар асоси шикояти сокинон сурат гирифта ва агар дигарон низ ҷабрдида бошанд, метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд. Ӯ гуфт, Вазорати умури дохилӣ ба тарошидани риши сокинон супориш надодааст ва агар касе ҳам ин корро кардааст, ин амал худсарона будааст.

Ба гуфтаи нозирон, нигарониҳои мақомот аз афзоиши ақоиди тундгароии мазҳабӣ, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва таҳдидҳои афзояндаи созмонҳое мисли "Давлати Исломӣ" боис шудааст, ки мақомот ҳатто таваҷҷӯҳи занон ба пӯшидани либоси исломӣ ва андозаи риши мардонро зери назорат бигиранд. Вале ин "ташаббусҳо" аз сӯи мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳамчун дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон интиқод мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG