Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳ ба ҳаводиси Камароб аз се зовия


Хабари гуфтушуниди намояндагони ҳукумат бо фармондеҳони пешин ва оғози халъи силоҳи гурӯҳҳои худсар дар ноҳияи Рашт рӯшаниеро дар фазои торики авзои шарқи кишвар падид овард.

Ин таҳаввул пас аз сафари раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров ба минтақа ҷараён ёфт ва гуфта мешавад, ӯ якҷо бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва намояндагони ниҳодҳои қудратии кишвар бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров, фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик гуфтушунид кардааст.

Хабарнигори Озодӣ дар водии Рашт мегӯяд, ин музокирот, зоҳиран натиҷа и хуб додааст, зеро ширкаткунандагони пас аз ду соати гуфтугӯ аз толори ҳамоиш бо рӯҳияи болиду ва хуш берун шудаанд.

Хабари музокирот ва халъи силоҳ дар байни хонандагони торнамои "Озодӣ" аз як сӯ вокунишҳои хеле мусбате ба бор овард, аз сӯи дигар манфӣ ва аз зовияи савум шубҳаангез. Бархе менависанд, ҳукумат натавонист, бо истифода аз зӯр мушкилро ҳал кунад. Ба ақидаи онҳо, нерӯҳои давлат токтик ва таҷрибаи ҷанг дар кӯҳистони барояшон ноошноро надоштанд ва рақиби онҳо аз токтикҳои чирикӣ ё партизании бизану гурезу пинҳон шав истифода мекарданд.

Аз сӯе ҳам рақобату мусобиқа байни ниҳодҳои гуногуни қудратии кишвар низ ба ҷанги кӯтоҳу пирӯзии зуд роҳ надод. Бархӯрди аҳолии маҳаллӣ ва куллан афкори ҷамъиятӣ дар кишвар низ, гуфта мешавад, нақши муайяне дошт, зеро аксарият муқобили ҷангу хунрезӣ буданд ва талаб доштанд, мушкил аз тариқи гуфтугӯ ва тафоҳум ҳалли худро пайдо кунад.

Таҷрибаи муколама ва сулҳ

Коршиноси маркази таҳлилии "Диалог", Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода мегӯяд, ҳамин тавр ҳам мебоист мешуд, зеро таҷрибаи тӯлонии муколама дар кишвар мавҷуд аст.

На танҳо ҷаноби Сайфуллоҳзода, балки дигарон низ аз мавҷудияти доираҳои зӯргӯ ва сулҳҷӯ дар ҳукумат сӯҳбат мекунанд, ё ба истилоҳ, ҳизби ҷанг ва ҳизби сулҳ дар атрофи раисиҷумҳури кишвар. Ба ақидаи онҳо, агар дар оғози кор, яъне 22-юми сентябр, ҳизби ҷанг бартарӣ пайдо карда бошад, ҳоло бартарӣ бо ҳизби сулҳ аст.

Вале инро ҳам бояд дар назар дошт, ки рӯйдоди хунини 19-уми сентябр дар Камароб ба манфиати ҳизби ҷанг буд ва амалиёти густардаи ҳарбиро дар Рашт имконпазир кард. Аммо чӣ омил ё омилҳое "ҳизби ҷанг"-ро ба ҳаракат овардааст?

Орҳан Ҷамол, шореҳи маҷаллаи "Русский Нюсуик" мегӯяд, таҳти таъсири хабарҳо аз Тоҷикистон, вай ба ноҳияи Рашт бо чунин бардоште сафар кард, ки дар ин ҷо талоши ифтитоҳи ҷабҳаи ҷиҳоди ҷаҳонӣ дар ҷараён аст ё чизи дигаре: "Усулан, ман ба ин андешаам, ки ин "чизи дигарест", ҳарчанд унсури исломӣ низ дар он вуҷуд дорад, аммо он аслан муайянкунанда ва аз ҳама муҳим нест."

Сулҳи нокомилу нимакора

Ҷаноби Ҷамол рӯйдодҳои Раштро бо ҳаводиси як сол пеши Тавилдара решапайванд мешуморад ва мегӯяд, онҳо натиҷаи сулҳи нокомилу нимакораи ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифони тоҷик аст. Иттифоқан бисёриҳо рӯйдодҳои феълии Рашт ва гузаштаи Тавилдараро дар як саф мегузоранд. Вале ҷаноби Сайфуллоҳзода мегӯяд:

Амалиёти Тавилдара бо ташаббуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва ҳамкории кумитаи амнияту вазорати дифоъ ҷараён гирифта буд. Дар амалиёти Рашт, фармонравои асосӣ Вазорати дифоъст. Орҳан Ҷамол мегӯяд, зери фармони кадом ниҳод ҷараён гирифтани амалиёт аҳамият надорад, балки манофеъи иқтисодию тиҷоратӣ ва аз байн бурдани манбаъҳои эҳтимолии нооромӣ, зуҳури сарварони эҳтимолии ҷунбишҳои эътирозӣ муҳимтар ба назар мерасад.

Бо нимакора мондани раванди сулҳ ва ба соҳил афканда шудани онҳое, ки фикр мекунанд, зимни созиши сулҳи соли 1997 ба бахше аз моликияту ҳокимият ҳақ доранд, ба гуфтаи Ҷамол, қудрати раисиҷумҳур Раҳмон ба ҷое расид, ки дигар итминон дорад, ҳама гуна норозиён ва мустақилонро саркӯб карда метавонад:

"Раҳмон аз шахси вобастаи атрофиёни худ ба фактори худкифо табдил ёфтааст ва тадриҷан аз ҳамаи онҳо худро халос кард. Аввал аз худиҳо ва сипас аз бегонаҳое, ки акнун худӣ шумурда мешуданд, вале қобили эътимод набуданд. Соли 2009 навбати Мирзо Зиёев расид ва акнун навбати Мирзохӯҷа Аҳмадов. Яъне ин як раванд аст, на як ҳодисае, ки ҳамакнун дар шарқи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст."

Омилҳои нооромиҳо

Ҳамзамон бо ин ҷаноби Сайфуллоҳзода низ аз ақидаи дахолати беруна ба умури дарунии Тоҷикистон ҳимоят мекунад, ҳарчанд таъкид мекунад, ки бе мавҷудияти решаҳои иҷтимоии низоъ ин дахолат наметавонист натиҷае диҳад ва дар навбати худ дахолат бе афтодан ба фазои муносиб низ метавонист беҳосил бимонад.

Аммо таҳлилгари "Русский Нюсуик" Орҳан Ҷамол дахолати берунаро як афсона мешуморад, ҳарчанд эътироф мекунад, ки Тоҷикистон бо Узбакистон ва Русия ахиран равобити начандон хуб дорад. Ҷамол ба ояндаи осудаи Тоҷикистон чандон мутмаин нест, дар ҳоле ки Сайфллоҳзода ва Комёб Ҷалилов бовар доранд, ки муноқиша ҳалли осоишта хоҳад ёфт ва муҳимтар аз ҳама барои ҳамаи маҳофили кишвар сабақи муҳиму оғози таҳаввулоти нек хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG