Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани кормандони ОМОН дар Камароб


Дар ҳоле, ки хабаргузориҳо аз кушта шудани панҷ корманди вазорати умури дохилаи вилояти Хатлон дар даргириҳо дар дараи Камароби ноҳияи Рашт иттилоъ медиҳанд, Абдураҳмон Бузмаков-сардори раёсати умури дохила дар ин вилоят шумораи кушташудагонро се нафар мегӯяд

Дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо мо, ӯ гуфт, ки ҳар се нафари кушташуда кормандони дастаи вижаи милиса ё ОМОН-и вилоят мебошанд.

Ҳуввияти кушташудагони маълум нест

Сардори раёсати умри дохилаи вилояти Хатлон дар бораи шахсияти ин кушташудаҳо маълумот надод. Вай гуфт, ки ҳанӯз аҷсоди кормандони кушташуда аз маҳалли даргирӣ оварда нашудааст ва ба ин далел ӯ наметавонад дар ин бора иттилои бештар диҳад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттиллои хабаргузориҳои маҳаллӣ, бар асари ин даргириҳо, фармондеҳи Дастаи махсуси милисаи раёсати уумри дохилии вилояти Хатлон низ чарохати сангин бардоштааст. Ин манобеъ ҳамчунин дар мавриди кушта шудани ду ҷангии мусаллаҳи мухолифи давлат хам хабар медиҳанд.

Бо ин ҳол як манбаъ аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бидуни зикри ном таъйид мекунад, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати таъқиб ва боздошти афроди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат, даст ба амалиёти густарда задаанд. Манбаъ афзуд, ки нерӯҳи ҳукуматӣ дар ҳоли пешравӣ буда ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар муҳосира қарор гирифтаанд.

Амалиёт алайҳи силоҳбадастон идома дорад

Тоҳир Норматов-сардори Ситоди вазорати умри дохилаи Тоҷикистон таъйид кард, ки амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар манотиқи баландкӯҳ ва дур аз маркази ноҳияи Рашт идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, нирӯҳои қудратӣ дар ҷараёни амалиёти поккорӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт махфигоҳҳое бо захираи аслиҳаву дорувор ва маводи ғизоиро кашф кардаанд.

Мақомот мегӯянд бо таваҷҷӯҳ ба захира шудани чунин мавод, ҷангиён ғолибан ба зимистонгузаронии тӯлонӣ омодагӣ мегирифтаанд.

Зимнан масъулони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои ҳаракати Толибон аз шумори атбои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат хабар дода буданд.

Толибон дар Тоҷикистон?

Дар ин миён маҷаллаи амрикоии "Нюзвик" аз қавли яке аз фармондеҳони Толибон дар шимоли Афғонистон навиштааст, зимистони соли гузашта ҳудуди саду панҷоҳ нафар аз аъзои Толибон аз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон марзи Тоҷикистонро убур карда ва вориди ин кишвар шудаанд.

Нашрия меафзояд, ки миёни афроди вориди хоки Тоҷикистон шуда ва ҳамсангарони онҳо дар Афғонистон робита бакарор аст.

Муаллифи матлаб аз қавли як мақоми давлати Афғонистон дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундуз навиштааст, ки пайкорҷӯён қисмати шимолии ин вилоятро таҳти назорати худ даровардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба навиштаи ин манбаъ, Муҳаммад Умар, волии вилояти Қундуз эҳтимоли ба манотиқи зери назорати Толибон паноҳанду шудани зиндониёни фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо истисно накардааст.

Ба ин тартиб амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт аз рӯзи 22 сентябр ба ин сӯ идома дорад.

Ин амалиёт ба дунболи ҳамла ба корвони вазорати дифоъ дар рӯзи 19 -уми сентябр, ки бар асари он 25 сарбоз кушат ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд, оғоз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯши Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) ва Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) ва Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳони пешини мухолифин вогузор намуданд.
XS
SM
MD
LG