Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зиддунақиз аз дараи Камароб


Амаки Саидумрон аз бими зиёд шудани теъдоди аскарону афсарони ниҳодҳои қудратӣ дар атрофи ноҳияи Рашт ва эҳтимоли рух додани кадом ноамнӣ, ду гову се қутии оруи асалашро аз пуштаву кӯҳҳои дараи Камароб ба хонааш кӯч дод.

Ӯ мегӯяд, деҳниншинҳои дараи Камароб мисли ӯ кӯшиш доранд молу чорво ва орӯхонаҳорои худро аз пуштаву боғҳо ба манзилҳо биёранд.

Амаки Саидумрон мегӯяд: «Пайдо шудани сарбозони зиёд дар кӯҳу пуштаҳои деҳаҳои дараи Камароб мардумро ба тавшиш андохтааст. Онҳо аз биме, ки мабодо ҳодисае сар занад, молу чорвои худро аз рамаҳои чӯпонҳо ва пуштаҳо ба манзили худ мебаранд.Чупонҳо ҳар рӯз даъват карда истодаанд, ки моли худро пас гиред. Ҳатто имкони талафи онҳо аз дасти сарбозон низ вуҷуд дорад».

АФЗОИШИ НЕРӮҲОИ НИЗОМӢ ДАР РАШТ

Вазъ дар ноҳияи Рашт, ба хусус дар дараи Камароб ва атрофи он, ба таври мухталиф шарҳ дода мешавад. Дар ҳоле, ки ҷониби ҳукумат мегӯяд, афзоиши нирӯ ба хотири таъқиби зиндониёни фирорӣ будааст, аммо сокинони ноҳияи Рашт махусусан онҳое, ки дар маркази ноҳия ба сар мебаранд, мегӯянд, ки теъдоди нерӯ ва ҷангафзорҳо аз шуруъи кадом амалиёти густардатар гувоҳӣ медиҳад.

Одил Олимов, собиқ фармондеҳи Оппозитсиюни пешини тоҷик, ки соли гузашта оғоз ва анҷоми як чунин амалиёт дар Тавилдараро шоҳид шуда буд, аз ин ҷумбуҷул нитизороти хуб надорад:

"Ҳар рӯз то 100-200 сарбоз вориди ноҳия карда мешавад. Кӯҳҳо пур шудаанд, мо намедонем барои чӣ теъдоди сарбозон афзоиш дода мешавад. Ҳукумат аслан хоҳиши тамос гирифтан надорад. Ҳоло ҳалқаи сарбозон ба маркази ноҳия танг карда мешавад. Мо ҳайронем, ки фирориёни зиндонӣ ҳеҷ рабте ба ноҳияи Рашт надоранд. Ҳоло бародари яке аз фармондеҳонро дар шаҳри Душанбе боздошт кардаанд ва бо ин мехоҳанд моро водор кунанд, амал кунем».

НИГАРОНИҲО АЗ БОЗДОШТИ ҲУСНИДДИН ДАВЛАТОВ

Манзури Одил Олимов боздошти узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили маҷлиси маҳаллӣ Субҳиддин Давлатов аст, ки 12 сентябр дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт аз ҷониби кормандони амнияти шаҳр дастгир шудааст. Ӯ бародари яке аз фармондеҳони Мирзохӯҷа Аҳмадов Алии Бедакӣ ё Аловудин Давлатов будааст.

Ба қавли Одил Олимов, боздошти бародари Алии Бедакӣ як дасисаест, ба хотири сар ба сар задани нерӯҳои ҳукуматӣ бо афроди Мирзохӯҷа Аҳмадов.

Аммо сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев вуҷуди ин гуна гумону овозаҳо дар мавриди эҳтимоли боздошти Мирзохуҷа Аҳмадов ва афроди ӯро бепоя мехонад. Ба назари ӯ, неруҳои амниятӣ дар минтақаи Рашт танҳо ба хотири боздошти зиндониёни фирорӣ сафарбар шудаанд.

«Таҷаммуи нерӯҳои давлатӣ дар Рашт танҳо ба хотири боздошти зиндониёни гуреза аст. Ва дар ҳар минтақае, ки гумон меравад зиндониён паноҳ бурдаанд, нируи аминятӣ басеҷ карда мешавад. Вале ин ба он маъное нест, ки алайҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва афроди ӯ амалиёт пиёда карда мешавад».

АФРОДИ “КОМУФЛЯЖПӮШ” ДАР КАМАРОБ

Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони ноҳияи Рашт, ба хусус истиқоматкунандагони деҳоти дараи Камароб, мегӯянд, ки дар пуштаҳо афроди мусаллаҳи "комуфуляжпӯш"-ро мебинанд, ки гоҳ-гоҳ ҷамъ мешаванд ва машварат мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, ин афрод, ки теъдоди онҳо ба 60 нафар мерасад, чеҳраҳои ношинос доранд ва ба назар намерасад, ки аз нирӯҳои давлатӣ бошанд. Аммо як манбаи ҳукумати маҳаллӣ, дар ҳоле, ки тақвияти нирӯҳои давлатӣ дар минтақаро таъид мекард, мушоҳидаҳои сокинони маҳалро дур аз ҳақиқат номид.

Дар ҳар сурат мардум бо он хотироте, ки аз амалиёти "Кукнор-2009" ва ба думболи он кушта шудани Мирзо Зиёев бо як идда ҳамтоҳояш доранд, бештар ба мушоҳидаҳои худ эътимод мекунанд.

“НОРУШАНИИ ВАЗЪ БА НАФЪИ ҲУКУМАТ НЕСТ”


Коршиноси тоҷик Саймиддин Дӯстов мегӯяд, идомаи номуайянии мардум дарбаробари ин ҳаракатҳо ба фоидаи кор нест ва ҳукумат бояд ин вазъи норушанро шаффоф кунад:

"Воқеан вазъи ношурушане, ки пеш омадааст, нигаронкунанда аст. Ба фикри ман, ҳукумат бо ҳар роҳе ё аз тариқи баёнот ё бо гуфтушуниди ҳайати худ бо ин размандаҳо ба онҳо кафолати амнияти шахсӣ диҳад. Ва ҳар чӣ зудтар ин корро ҷониби ҳукумат анҷом диҳад, ҳамон қадар тирагии вазъ рушан ва сулҳу субот ҳифз карда хоҳад шуд».
XS
SM
MD
LG