Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ереван пулис эътирозгаронро бо зӯр аз майдон берун кард


Нерӯҳои интизомии Арманистон субҳи рӯзи шанбе эътирозгаронро аз майдони марказии Ереван бо зӯр берун карданд. Мардум алайҳи боло бурдани қимати нерӯи барқ ба майдон рехта буданд.

Субҳи 12 сентябр дар Ереван-пойтахти Арманистон пулис аз неру истифода бурд, то шумораи зиёди эътирозгаронро аз майдони марказӣ дур кунад. Онҳо бар зидди боло рафтани нархи нируи барқ ба эътироз баромада буданд.

Созмондиҳандагони эътироз ҳукуматро муттаҳам мекарданд, ки ваъдаи худро дар бораи ҷуброни боло рафтани нархи нируи барқ иҷро накардаст. Ҷавонони эътирозгар аз ҳукумат тақозо мекарданд, ки 17 дарсад боло рафтани нархи барқро пардохт кунад, он гуна ки дар моҳи июн ба аҳолӣ қавл дода буд. Эътирозгарон дар ин хиёбон дар охири моҳи июн ва аввали моҳи июл низ ду ҳафта эътироз карда буданд, то ҳукумат боло рафтани нархи нируи барқро ба аҳолӣ ҷуброн кунад. Он вақт низ эътирозгарон ба муқовимати шадиди пулис рӯ ба рӯ шуда буданд.

Ин бор низ пулис аз эътирозгарон тақозо кард, ки хиёбонро тарк кунанд. Вале онҳо дархости пулисро нодида гирифтанд ва ба нишасти эътирозӣ оғоз карданд. Созмондиҳандагони эътироз изҳор доштанд, ки нишасти эътирозии худро то даме идома хоҳанд, ки Серж Саркисян-раиси ҷумҳур хостҳои эътирозгаронро қабул кунад.

Баъд аз ҳушдорҳои такрорӣ дар ин бора, ки ин эътирозҳо ғайриқонунист, афсарони пулис ба эътирозгарон то соати 5 субҳ вақт доданд, то онҳо пароканда шаванд, вагарна неруҳои пулис онҳоро аз майдон меронад.

Баъд аз ним соати хатми вақти додашуда, пулис амалиёти поксозии майдонро оғоз кард. Пулис дар оғоз ҳалқаи 50 нафарии эътирозгаронро шикаст ва сипас эътирозгаронро ба муҳосира гирифт. Ба ин тартиб онҳоро бо фишор ба ба гӯшаи майдон бурд ва майдонро дар зарфи 15 дақиқа холӣ кард.

Сухангӯи пулиси Ереван гуфт, ки ин тазоҳуроти эътирозӣ ғайриқонунӣ буд, зеро созмондиҳандагони он барои баргузории тазоҳуроти худ аз шаҳрдорӣ ба таври расмӣ иҷоза нагирифта буданд. Ба ин далел, пулис маҷбур шуд ин тазоҳуротро пароканда кунад.

Як рӯз пеш эътирозгарон хиёбони маршал Баграмянро бастанд ва намояндагони гурӯҳи ташаббускори “Марг ба дуздӣ” ва гурӯҳҳои дигари эътирозгар изҳор доштанд, ки Серж Саркисян аҳолиро фиреб дод, дар ҳоле ки ба онҳо қавл дода буд, ки аз 1 август ҷуброн пардохт хоҳад кард. Вале ба гуфтаи эътирозгарон, бисёре аз муассисаҳоро акнун водор кардаанд, ки арзиши нируи барқро бо нархҳои нав пардохт кунанд.

Моҳҳои июн ва июл низ эътирозарон аз гурӯҳи “Марг ба дуздӣ” тақрибан ним моҳ хиёбони маршал Баграмянро бастанд ва аз ширкати “шабакаҳои барқи Арманистон” тақозо карданд, ки ба нархҳои пешин баргардад. Ин ширкат зердасти ширкати “Интер РАО”-и Русия мебошад

Ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳи Арманистон бар ин ақида аст, ки эътирозгарони зидди боло рафтани нархи неруи барқ набояд худро фиребхӯрда эҳсос кунанд. Вале гурӯҳи ташаббускори “Марг ба дуздӣ” мегӯяд, ки ҳукумат онҳоро фиреб дод. Ин гурӯҳ борҳо таъкид кардааст, ки то замони қабули дархостҳояшон эътирозҳоро идома медиҳанд, вале маълум нест, ки имрӯз ё рӯзҳои дигар онҳо бори дигар ба майдон хоҳанд баромад ё хайр.

XS
SM
MD
LG