Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯзномаи чопи Лаҳистон менависад, ронда шудани муҳоҷирони тоҷику узбак аз соҳаи ЖКХ шаҳри Маскавро зери теппаҳои барф гузошт ва касе набуд, ки кӯчаҳои пойтахти Русияро тоза кунад.

Рӯзномаи "Gazeta Wyborcza"-и чопи Лаҳистон (Полша) рӯзи 10 январ дар матлабе ба вазъи муҳоҷирон, аз ҷумла мардикорони тоҷик дар Маскав пардохта, гуфтааст, барфрезиҳоли 4 рӯзи охир нишон дод, ки пойтахти Русия бидуни ин мардум зери теппаи барф мемонад.

Муаллифи ин матлаб Васлав Радзивинович менависад, сокинони Маскав дар солҳои охир одат карданд, ки вақте барф меборад, “як тӯда мардуми либосашон начандон хубу, ба таъбири маъруф, “симояшон осиёӣ” ба кӯчаҳо рехта, бо белу ҷорӯб роҳҳои пиёдагарди пойтахти Русияро тоза мерӯбанд. Ман субҳ ҳатто ба берун нигоҳ ҳам намекардам, ки оё шаб боридааст ё на. Ин хабарро ҳанӯз аз субҳи содиқ ба садои белу фарёди роҳрӯбон бо як забони бегонаи махлут ба дашномҳои русӣ мерасонд.”

Аммо акнун, меафзояд муаллиф, ин мардумро бӯҳрон ва қонунҳои тоза ҷоришуда аз Маскав ва гӯшаҳои дигари Русия рондааст ва бо вуҷуди барфи зиёд дар кӯчаҳои Маскав роҳрӯбони “осиёӣ” дигар қариб дида намешаванд.

Маоши яке роҳрӯб (дворник) дар Маскав 30 000 рубл будааст, вале муҳоҷирон аз Узбакистон ё Тоҷикистон, ба навиштаи "Gazeta Wyborcza", ба маоши камтар ҳам розӣ буданд ва “сеяки маоши худро ба мансабдоре, ки ӯро ба кор мегирифт, медоданд. Ва барои ин мансабдорон истихдоми шумори ҳарчӣ бештари муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ фоидаовар буд, чунки азҳ ар нафари онҳо 10 00 рубл “ҳақ” меситоданд.”

Аммо вақте қурби рубл башиддат пойин рафт, ин нирӯи арзони корӣ ҳам тарки Маскав кард. Муҳаммадамин Маҷумдор, раҳбари Федеросиюни муҳоҷирони Русия ба ин нашрияи лаҳистонӣ гуфтааст, то поёни моҳи декабр 3 миллион муҳоҷир тарки Русия карданд. Нашрия мегӯяд, бахши аъзами онҳо шояд дигар барнагарданд, чунки Маскав бо ҷорӣ кардани қонунҳои нав бозори кори худро ба рӯи “бегонаҳо” мебандад: “Аз 1 январ барои дарёфти кор бояд патенти махсус гирифт, ки нархаш 60 000 рубл, яъне баробари маоши семоҳаи як роҳрӯб аст. Ва ҳам бояд аз забон, таърих ва қонунгузории Русия имтиҳон супурд. Барои узбакҳои ҷавоне, ки ба русӣ фақат дашном дода метавонанд, ин як садди ногузаштанист.”

Нашрияи "Gazeta Wyborcza" менависад, «аз як тараф, ба мардуми Русия маъқул аст, ки кишварашонро аз мардуми омад тоза мекунанд. Аз тарафи дигар, онҳо дар ташвишанд, ки оё кӣ баъд аз ин бо як пули пучак кӯчаҳои онҳоро тоза мекунаду барояшон хона месозад? Охир худи онҳо дар ивази 30 000 рубл ҷорӯб задан намехоҳанд.”

Бино ба ҳисобҳо, бо онки шаҳри Маскав ба тақрибан 50 000 роҳрӯб (дворник) ниёз дорад, дар кӯчаҳои пойтахти Русия дар солҳои охир ҳамагӣ ҳудуди 22 000 нафар ва он ҳам асосан муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӯб мезаданду барф мерӯфтанд. Ронда шудани ин мардум аз соҳаи ЖКХ бо амри мақомоти Маскав ин риштаро дар пайи боришоти ахири барф, ба навиштаи расонаҳои худи Русия, дар як ҳоли наздик ба коллапс қарор дод.

Боздошти муҳоҷирон дар як амалиёти пулис дар Маскав

Боздошти муҳоҷирон дар як амалиёти пулис дар Маскав

Бино ба ҳисобҳо, дар бозори кори Русия то 15 миллион муҳоҷир кор мекунанд. Танҳо дар бозори шаҳру вилояти Маскав шумори муҳоҷирон аз 3 то 5 миллион нафар баровард мешавад. Ин муҳоҷирон аксаран дар Русия дар як шароити пур аз маҳрумияти ҳуқуқӣ ба сар мебаранд ва аз сӯи корфармоён, мақомоти мухталифи интизомии Русия ва ҳам аз сӯи гурӯҳҳои қавмгаро мавриди азияту таъқиб қарор мегиранд.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион гуфта мешавад. Бино ба ҳисобҳо, аз 200 то 300 ҳазори онҳо дар шаҳру вилояти Маскав кор мекунанд, аз ҷумла ба ҳайси роҳрӯб.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG