Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

1733 тоҷикро аз марзи Полша пас гардондаанд


Марзи Лаҳистон (Полша)

Марзи Лаҳистон (Полша)

Мақомоти марзбонии Полша (Лаҳистон) мегӯянд, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон ба 1733 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупоро надодаанд.

Мақомоти марзбонии Полша (Лаҳистон) мегӯянд, аз аввали сол 1733 шаҳрванди Тоҷикистонро аз марзи ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо баргардондаанд. Ин 1733 нафар афродеанд, ки бо аҳдофи мухталиф – сар карда аз маъмурияти хидматӣ ва азми тамошои Лаҳистону кишварҳои дигари Аврупо то талоши паноҳҷӯӣ дар ин кишвар ё кишварҳои дигари ин қора мехостанд аз тариқи марзҳои Лаҳистон вориди қаламрави Иттиҳодияи Аврупо шаванд.

Агнижка Голиас (Agnieszka Golias), сухангӯи Хадамоти марзбонии Лаҳистон (Straz Graniczna) рӯзи 19 апрел дар як мусоҳибаи хаттӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар се моҳи аввали соли 2016 мақомоти марзбонии Лаҳистон дар 1733 маврид монеи убури шаҳрвандони тоҷик аз марзҳои ин кишвар шудаанд. Агнижка Голис афзуд, “як далели расмии ҷилавгирӣ аз вуруди ин афрод ба марзи Лаҳистон надоштани раводиди сафар (виза) ё ҳаққи иқомат аст. Далели дигар – тақаллуби аснод ва далели ниҳоӣ – камбуди маблағи қобили мулоҳиза барои таъмини хоҳишманди сафар дар тӯли муддате, ки ӯ мехоҳад дар Лаҳистон бимонад.”

Сухангӯи Хадамоти марзбонии Лаҳистон ҳамчунин гуфт, афроде ки аз марз баргардонда шуданд, метавонанд бо такмили аснод ва пасандозҳои худ дубора барои убури марзи Лаҳистон кӯшиш кунанд. Вале мегӯяд хонум Голиас, “агар мусофир аз асноди қалбакӣ истифода бурда бошад, аз сӯи додгоҳи Лаҳистон ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳад шуд.” Чунин афродро метавонанд аз ҳаққи сафар ба ин кишвари аврупоӣ комилан маҳрум ҳам гардонанд.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон қаблан гузориш дода буд, ки дар тӯли соли 2015 аз вуруди 51 146 хориҷӣ ба қаламрави ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ҷилавгирӣ кардааст. Беш аз 3000 нафар аз ин шумор шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Дар бисёри ҳолатҳо далели мамониат ба убури марз эҳтимоли дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо мондану дархости паноҳандагӣ кардани афроди машкук аст. Гуфта мешавад, нафарони зиёде бо визаҳои сайёҳӣ вориди қаламрави кишварҳои қораи Аврупо мешаванд ва сипас худро ба пулис ваё ниҳодҳои муҳоҷират таслим карда, аз ин кишварҳо паноҳандагӣ мепурсанд.

Дар айни замон, бахши лаҳистонии Шабакаи муҳоҷирати Аврупо (Europejska Sieć Migracyjna (ESM), як созмони вобаста ба Иттиҳодияи Аврупо, дар гузоришаш таҳти унвони “Муҳоҷират ба Полша (Лаҳистон) дар соли 2015 – тамоюлҳои асосӣ” (“Migracje do Polski w 2015 roku - głównie tendencje”) навиштааст, ки Полша дар соли гузашта ба 12 211 хориҷӣ, аз ҷумла ба 539 шаҳрванди Тоҷикистон паноҳгоҳ додааст. Бино ба ин манбаъ, шумори шаҳрвандони тоҷике, ки дар Лаҳистон соҳиби паноҳандагӣ шудаанд, дар соли 2015 назар ба 103 нафари як соли қабл якбора 5 маротиба афзудааст. Ба ҳисоби Шабакаи муҳоҷирати Аврупо, ҷамъи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар тӯли соли 2015 аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ карданд, ду маротиба бештар аз ҷамъи тамоми он шаҳрвандони тоҷикест, ки дар тӯли солҳои 1992-2014 барои паноҳгоҳ ба ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардаанд.

Эътирози зидди муҳоҷирон дар шаҳри Лодзи Лаҳистон

Эътирози зидди муҳоҷирон дар шаҳри Лодзи Лаҳистон

Шабакаи муҳоҷирати Аврупо дар гузоришаш мегӯяд, ҳоло Тоҷикистон аз нигоҳи шумори онҳое, ки дар Лаҳистон соҳиби ҳаққи паноҳандагӣ шудаанд, танҳо аз Украинаву Русия ақиб мемонад, вале аз нигоҳи суръати афзоиши шумори паноҳҷӯёнаш дар ҷои аввал меистад. Барои муқоиса, аз Ироқу Сурияи ҷангзада, ки ҳоло сели азими ҷӯяндагони паноҳандагӣ дар қораи Аврупоро ба вуҷуд овардаанд, мутаносибан ҳамагӣ 62 ироқӣ ва 295 суриягӣ тавонистаанд, ки ба Лаҳистон паноҳ биоранд.

Кишварҳои паноҳандапазир маъмулан ба далелҳои амниятӣ исми афродеро, ки ҳаққи паноҳандагӣ ба даст овардаанд, ва далели ироаи ин мақомро шарҳ намедиҳанд. Аммо дар як соли охир даҳҳо нафар аз тарафдорони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва фаъолони созмони оппозитсиюнии "Гурӯҳи 24" ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд.

​Лаҳистон ё Полша, ки бо 4 кишвари пасошӯравӣ - Украина, Беларус, Литва ва вилояти ҷазирақаламрави Калинингради Русия дар маҷмӯъ қариб 1300 километр марзи мустақими заминӣ дорад, дар солҳои охир ба як кишвари транзитӣ дар масири шимолии қочоқи паноҳҷӯён аз Шарқ ба Аврупо табдил ёфтааст.

Як бахши аъзами ин муҳоҷирони ғайриқонуниеро, ки аз масири шимол ва аз ҷумла тавассути Лаҳистон худро ба Аврупо мезананд, зодагони Ветнам, Афғонистон, Бангладеш ва амсоли ин ташкил медиҳанд. Вале оморҳои ахири Шабакаи муҳоҷирати Аврупо ва Хадамоти марзбонии Лаҳистоннишон медиҳад, ки шумори талабгорони зиндагии хубтар дар Аврупо аз Тоҷикистон низ дар ин авохир босуръат боло меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG