Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтарҳои мактабхони афғон заҳролуд шуданд


Шогирдони мактаби Султон Розияи Кобул бо нишонаҳои заҳрошудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтанд

Шогирдони мактаби Султон Розияи Кобул бо нишонаҳои заҳрошудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтанд

Ин нахустин ҳодисаи заҳролудшавии духтарҳои мактабхон дар Кобул дар соли ҷорӣ аст.

Ба иттилои хабарнигори радиои Афғонистони Озод, шогирдони мактаби Султон Розияи маҳаллаи Чилсутуни Кобул ҳангоми ворид шудан ба синф бӯи бадеро эҳсос карданд ва дар паи ин ҳоли аксари онҳо бад шуд. Бовар меравад, ки гази заҳролуде дохили синфхонаро пур карда буд. Ба иттилои вазорати маорифи Афғонистон, ҳоло 20 духтар дар беморхона басар мебаранд. Дар сӯҳбат бо бахши дарии радиои Озодӣ як хонуми омӯзгори ин мактаб ҳодисаи субҳи рӯзи 1 майро чунин нақл кард: «Як бӯи баде дар даҳлезҳо эҳсос шуд. Шогирдон омаданду беҳол шуданд». Духтари мактабхоне гуфт, ки вақте вориди синфхона шуд, фазо «мисле, ки борутбуй буд». Вай гуфт, ҳамин бӯй ҳолати бисёр шогирдонро таъсири бад расонд. Масъулин дару тирезаи синфхонаро зуд боз карданд ва ба гуфтаи ин духтар, ҳаво тоза шуд. «Кулли шогирдонеро, ки аҳволашон бад шуд, шифохона бурданд». Ба иттилои ӯ, шумори духтарҳои заҳлолудшуда «хеле зиёд буд».




Айни замон, доктор Амин, ки дар яке аз шифохонаҳои Кобул кор мекунад, дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters гуфтааст, ки ба муассисаи тиббии онҳо 150 духтар оварда шуд ва аз миёни онҳо 10 нафарашон дар ҳолати сангин қарор доранд. Масъулини ин шифохона ба Reuters гуфтаанд, ки эҳтимолан духтарҳо аз нӯшидани моеи машкук ба ин ҳол гирифтор шудаанд.

Ба иттилои хабарнигори Озодӣ дар Кобул, ин барои аввалин бор дар соли хониши имсола аст, ки шогирдони мактаб ба таври дастаҷамъӣ дар муассисаи таълимӣ заҳролуд мешаванд. Дар гузашта дар вилояти Тахор ду дафъа ҳодисаҳои заҳролудшавии ҷамъии духтарони мактабхон ба қайд гирифта шудааст. Таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ шудааст. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.

Вале дар гузашта гузоришҳо шудааст, ки Толибон махсус даст ба заҳролудсозии духтарҳои мактабхон мезананд. Танҳо соли гузашта дар нуқоти мухталифи ин кишвар, ба иттилои Вазорати маориф, беш аз 600 духтари мактабхон заҳролуд шудаанд. Танҳо як бахши ин ҳодисаҳо кори дасти гурӯҳҳои тундрав мебошад, мегӯянд масъулини Афғонистон. Коршиносон мегӯянд, гурӯҳҳои ифротгаро бо ин амали худ мехоҳанд пеши роҳи таҳсили занону духтарони афғонро бигиранд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG