Пайвандҳои дастрасӣ

Мунаҷҷими тоҷик: Инсоният он вақт пешрафт мекунад, ки ба боло нигоҳ кунад


Нахустин аксҳои рӯшан аз курраи Плутон нишон медиҳад, ки дар сатҳи он кӯҳҳои баланди яхӣ ва дар сатҳи ҳамсафари он Чарон дараҳои амиқе вуҷуд дорад, ки дар ҳеч гӯшаи курраи Замин нест.

Фазонаварди Оҷонси кайҳоншиносии Амрико - НАСА бо номи Ню Ҳорайзон 14 июл аз наздикии курраи Плутон гузашт ва аксу иттилооти зиёдеро дар бораи он ҷамъ кард. Ба гуфтаи донишмандон иттилои ҷамъовардаи Ню Ҳорайзон нишон медиҳад, ки Плутон ҳанӯз ҳам аз назари сейсмикӣ фаъол аст ва кӯҳҳои яхии он то 3 километр сар кашидаанд.

Ню Ҳорайзон 9 сол боз ба самти ин курраи сарду дур аз Офтоб ҳаракат мекард ва дар таърихи 4.5 миллиардсолаи он аввалин меҳмонаш шуд. Дар сӯҳбате бо Гулчеҳра Қоҳирова, мудири Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон пурсидем, ки маъмурияти Ню Ҳорайзон барои ҷомеаи илмӣ ва инсоният чӣ аҳамият дорад?

Гулчеҳра Қоҳирова: "Плутон нӯҳумин саёраи манзумаи офтобист. Соли 2012 Анҷумани байнулмилалии мунаҷҷимон Плутонро аз сафи сайёраҳои маъмулӣ берун кард, вале то кунун мунаҷҷимони собиқадор онро сайёра мешуморанд ва таҳқиқоти иловагии Плутон имкон медиҳад, ки дар ниҳоят ба ин баҳсҳо нуқта гузошта шавад, ки Плутон дар воқеъ як сайёраи системаи офтобӣ ҳаст, ё астероид ба ҳисоб меравад. Аз ин назар таҳқиқи Плутон бисёр муҳим аст."

Озодӣ: Дар бораи ин курра оё дар китобҳои ситорашиносон ва мунаҷҷимони пешини форсу тоҷик чизе гуфта шудааст?

Гулчеҳра Қоҳирова

Гулчеҳра Қоҳирова

Гулчеҳра Қоҳирова: “Мунаҷҷимони маъруфи шарқ ба мисли Улуғбек, тамоми сайёраҳои манзумаи офтобиро мушоҳида кардаанд ва аз ҷумла Плутонро ҳам. Ин курра дар таҳқиқоти Улуғбек ва ҳам Абуалӣ ибни Сино зикр шудааст. Онҳо Плутонро мушоҳида кардаанд ва дар бораи ҳаракатҳояш хулосаҳое навиштаанд. Бо назардошти абзорҳои мавҷуд дар он замон маълум карда буданд, ки Плутон, ситора нест ва як сайёрае дар манзумаи офтобӣ мебошад. Плутон аз Офтоб ва аз Замин бисёр ва бисёр дур ҷойгир аст ва онро бо масофаи Душанбе то Прага муқоиса карда намешавад. Аз сабаби ҳамин дурии Плутон аз Офтобу Замин мушоҳидаи он бисёр сахт буд. Бар иловаи онки Плутон дур аст, инчунин хурд ҳам мебошад ва барои ҳамин мушоҳидаи он аз Замин бисёр душвор аст. Азбаски хурд ҳаст, диданаш ҳам ба осонӣ муяссар намешавад, бисёр кам медурахшад, на ҳамеша дар маърази мушоҳида қарор дорад. Фиристодани аксҳо аз фазонаварди амрикоӣ, ки аз назди Плутон гузашт дар воқеъ барои илм ва таҳқиқи Плутон бисёр арзиши зиёд доранд.”

Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ба ҷойи харҷи садҳо миллион ё миллиард доллар барои таҳқиқи курраҳо дар кунҷи кайҳон беҳтар нест, ки дар курраи худамон масалан мушкили камбизоатиро ҳал кунанд. Назари Шумо ба ин гуфта чӣ аст?

Гулчеҳра Қоҳирова: “Ман тарафи ҷомеаи илмии худро мегирам. Ман тарафдори ин ақида ҳастам, ки барои чунин таҳқиқоти илмии кайҳон месазад, ки пули калон сарф шавад. Масалан ҳоло фазонаварди Розетта ҳам дар атрофи астероид мегардад. Суолҳои бисёр зиёде вуҷуд дорад, ки инсоният мехоҳад, ба онҳо ҷавоб пайдо кунад. Доир ба миқёси коинот, доир ба миқёси манзумаи офтобӣ суолҳои зиёде мондааст, ки инсоният мехоҳад, посух пайдо кунад. Инсон мехоҳад, бидонад, ки дар он дуриҳои дур аз Офтоб, ки Плутон ҷойгир аст, чӣ вуҷуд дорад. Мо атрофи курраи Заминро хуб омӯхтаем, вале масофаҳои дурро хуб таҳқиқ накардаем, чун бо телескопҳо аз Замин мушоҳидаи он ҷойҳо мушкил аст. Ман ҳам мехостам, ки аввал мушкилоти мо дар рӯи Замин ҳал шавад, вале инсоният бо нигоҳ кардан бе зери пойи худ пешрафт намекунад, инсоният он вақт пешрафт мекунад, ки сарашро боло бардорад ва ба дуриҳо нигоҳ кунад.”

Озодӣ: Агар аз таҳқиқи Плутон бигзарем, ҳоло дар Институти астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон асосан таҳқиқот дар кадом самт бештар аст?

Гулчеҳра Қоҳирова: “Солҳои ахир масъалаи астероидҳо (ситорак ё ахтарҳои хурд) бисёр муҳим мешавад ва мо дар ин самт таҳқиқот мебарем, зеро хатари бархӯрдани онҳо ба замин вуҷуд дорад. Ҳоло мо масъалаи астероидҳоеро таҳқиқ мекунем, ки эҳтимоли суқути онҳо ба Замин вуҷуд дорад. Ман дар ин бора таҳқиқоти зиёд дорам ва мунаҷҷимони ҷавони мо ҳам ин гуна астероиду шиҳоб ва дигар ҷирмҳои наздик ба мадори Заминро фаъолона мушоҳида мекунанд, ки дар сурати бархӯрд то чӣ ҳад барои Замин хатарнок ҳастанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG