Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарфи пластикӣ - хонаи 1000 намуд микроби пурхатар


Партовгоҳи пластикӣ дар дарёи Вранйеи Сербистон
Партовгоҳи пластикӣ дар дарёи Вранйеи Сербистон

Беш аз 90 дар сади кулли партовҳое, ки дар обҳои уқёнус гардиш мекунад, зарфҳои пластикӣ будааст.

Донишмандони ғарбӣ бонги изтироб мезананд, ки обҳои уқёнус ба макони тавлиди маводи хатарноки бактериологӣ табдил мешавад ва ин падида на танҳо барои ҷонварони обӣ, балки ба инсон ҳам таҳдид мекунад. Фаъолиятҳои беандешаи инсон, ки зарфи пластикиро ба об меандозанд, қаъри уқёнус ва дарёҳоро ба партовгоҳи азими пластикӣ табдил додааст. Дар натиҷа, баъзе организмҳои зинда дохили ин зарфҳои пластикиро хона мекунанду як шиша ба маҳалли тавлиди тӯдаҳои азими микробҳо мешавад. Дар забони донишмандони ғарбӣ истилоҳи наве пайдо шудааст, ки онро пластисфера (plastisphere) ном мебаранд.


Дар таҳқиқоти худ ду донишманди ғарбӣ, ки якеаш Трейси Минсер, микробиологи Донишгоҳи уқёнусшиносии Woods Hole мебошад, ҳисоб кардаанд, ки саёҳати баҳрии як зарфи пластикӣ метавонад тақрибан шаш ҳафта давом кунад. Дар тӯли ин муддат микробҳои мухталиф маводи пластикиро олуда карда, то рафт афзоиш меёбанд ва тӯдаҳои азимеро ташкил медиҳанд.

Таҳқиқоти хеле мӯшикофонаи донишмандон собит мекунад, ки хусусияти биологии ин микробҳо аз микробҳои то ҳол шинохташуда фарқ мекунад. Ин микробҳо навъе аз микробҳои маснуие мебошанд, ки аз худ маводи заҳролуд хориҷ карда, набототи зериобии уқёнусҳоро ҳам асар мекунанд. Бо гузашти вақт ин маводи заҳролуд ё токсинҳои аз пластик пайдошуда, ба организми моҳӣ таъсир карда, тавассути моҳӣ ба инсон ҳам мегузарад. Дар натиҷа, бо гузашти вақт, таркиби гормонҳои инсон ҳам тағйир меёбад.

Беш аз 90 дар сади кулли партовҳое, ки дар рӯи обҳои уқёнус гардиш мекунанд, зарфҳои пластикӣ будааст. Аз миёни панҷ партовгоҳи микробҳои рӯиобии сайёра азимтаринаш дар уқёнуси Ором буда, ҳаҷмаш ду баробари аёлати Техасро ташкил медиҳад.

Ҳисоб шудааст, ки тахминан як ҳазор навъи микробҳо дар дохили маводи пластикӣ зиндагӣ мекунанд ва ё бо ин мавод дар тамос будааст.

Аз соли 1950 ба ин сӯ дар дунё 1 миллиард тонна пластик тавлид шудааст ва бахши умдаи он на танҳо садсолаҳо, балки ҳазорсолаҳо нест намешавад. Бархе аз навъҳои пластик зери нурҳои ултрабунафши офтоб чанд хел моддаи заҳрогин паҳн мекунанд. Аслан худи пластик аз маводи шабеҳи ахлот ва ҳам пасмондаҳои нафт сохта мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам маводи пластикӣ ба як дардисари воқеӣ табдил шудааст. Ба фарқ аз кишварҳои пешрафта, дар ин кишвар партовгоҳҳои махсуси маводи пластикӣ вуҷуд надорад, ва илова ба ин, дар бисёр ҳолатҳо, мардум барои халос шудан аз партовҳои пластикӣ сари кӯча, назди манзил, ҷӯйбор ва дарёву обанборҳоро истифода мекунанд. Вале, тавре мутахассисон мегӯянд, гармии шадиде, ки ин шабу рӯз дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ба афзоиши микробҳо сабаб мешавад. Зарфҳои пластикии дар замин партофташуда ҳам ҳамингуна макони тавлид ва афзоиши маводи хатарзои бактериологӣ мешаванд.




Партобҳои пластикӣ дар рӯдхонаи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00
XS
SM
MD
LG