Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллифи доимии гӯшаи "Блогистон"-и Озодӣ ин бор матлаби ҷолибе фиристодааст дар бораи ифтитоҳи Планетариум ё Афлокнамои сайёр дар бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Гурӯҳи ташаббускор иборат аз аъзоёни Ҷамъияти астрономҳои Тоҷикистон бо дастгирии молии шӯъбаи тоҷикистонии "Траст Коммерсбанк"-и Латвия ва дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанги шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ бори нахуст ба Тоҷикистон якчанд поя Афлокнамои сайёр ворид кардаанд, ки кӯдакон ва ҳатто калонсолонро бо як тарзи шавқовару «зинда» бо олами аҷоибу ғароиби кайҳонӣ, бо сайёраҳои низоми офтобӣ ва сохту шакли онҳо шинос менамояд.
«Сабаби ба ин кор даст задани мо таваҷҷуҳи ҳарчӣ бештари мардум дар тамоми дунё ва инчунин дар кишвари мо ба масоили кайҳонӣ ва илмиву техникӣ мебошад,» - мегӯяд узви гурӯҳи ташаббускор Анвар Бӯриев, котиби илмии Академияи Хурд .

“Биҷӯед илмро, магар дар Чин бошад ҳам!”

Ба роҳ мондани намоишҳои таълимиро тавассути Афлокнамои сайёр, бо назардошти мақом ва аҳамияти хоси илмҳои астрономия ва физика дар ташаккули тасаввуроти илмӣ оиди олам ва кайҳон, Директори институти астрофизикаи АИТ Аъзо Корреспонденти АИ Хурсанд Ибодинов дастгирӣ ва тавсия намудааст. Бояд зикр намуд, ки ба номи ин олими тоҷик сайёрае дар харитаи осмон сабт ҳам шудааст.
«То ҳол дар кишвар танҳо як планетарияи статсионарӣ , дар шаҳри Хуҷанд мавҷуд аст, ки ҳанӯз солҳои Шӯравӣ сохта шуда, феълан хеле кӯҳна гардидааст. Сохтани Афлокнамои замонавии доим амалкунанда маблағгузории хеле калонро талаб мекунад ва ин Афлокнамои Сайёр як роҳи хуби ҳалли масъала мебошад. Акнун тамошобин ба театр не, балки театр ба назди онҳо меояд! Тадқиқотҳо дар кишварҳои пешрафта нишон додаанд, ки баъди ташрифи Афлокнамо ва барномаҳои гунбазӣ (Full DOME) таваҷҷӯҳ ва рағбати хонандагон ба илм ва касбҳои пажӯишӣ/ илмӣ қариб то 25 фисад афзудаанд,» -мегӯяд устод Ибоддинов.

“Дониш дар кӯдакӣ - нақшест бар санг!”

Дар рӯзҳои Наврӯзи соли нави 2014 дар кишвар аввалин шуда Афлокнамои сайёрро меҳмонони хуштолеъи Осорхонаи миллӣ озмоиш карданд. Хонандагони синфҳои 5-11 аз намоишномаи нахустин “ Телескопи ҳайратовар” ва “IBEX-Дар ҷӯстуҷӯи марзҳои низоми офтобӣ” таассуроти зиёд бардошта, хеле фараҳманд шуданд - намоишҳои гунбазии Планетариум бо технологияҳои ҷадиди муосир наворбардорӣ шуда эҳсоси ҳузури воқеъиро ба вуҷуд меорад.

Намоишҳои зикршуда оиди таърихи телескоп ва кашфиётҳои инқилобие ,ки ба воситаи онҳо ба даст даромадаанд, инчунин оиди олимону расадхонаҳои калонтарини муосири дунё ва пажӯҳишҳои кайҳонӣ буда, маҳз барои синфҳои 5-11 пешбинӣ шудаанд.

“Воқеъан дар ин рӯзҳои Наврӯзӣ ва наздик омадани рӯзи 12 апрел, парвози нахустини кайҳонии Ю. Гагарин ба роҳ мондани намоишҳои афлокнамо як тӯҳфаи хубе шуд барои бачаҳо ва дӯстдорони кашфиётҳои илмӣ”, -мегӯяд мудири Осорхона А. Шарипов

NASA ва Маркази Дейл Карнеги тақдим мекунад Осмон бо дурбини Афлоркнамои сайёр

Осмон бо дурбини Афлоркнамои сайёр

Наворҳо дар Амрико бо технологияҳои махсус, бо грантҳои NASA (Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико) ва Маркази илмии Карнеги барин созмонҳои бонуфуз таҳия гардида, ба хотири аҳамияти таълимияшон ба афлокнамоҳо ҳадя дода мешаванд.Дар барнома инчунин намоишномаҳои «Сафар ба Миррих», «Оилаи кайҳонӣ», «Водии ситорагон» ва ҳамчунин «Ҳаёти зери об» (оид ба олами зериобӣ), “Гардиши об дар табиат” ва ғайра пешбинӣ шудааст. Феълан наворҳо ба забони русӣ ва англисӣ мебошанд, вале дастандаркорон нияти ба тоҷикӣ тарҷума кардани онҳоро низ доранд.

Ҳамнишинӣ бо ситораҳо

Яке аз хонандагони Мактаби байналмиллалӣ Парвиз Зафарӣ баъди намоиш аз он чунин хулосабардорӣ мекард: “Бисёр таъсирбахш, аз дарсҳои оддӣ дида хеле шавқовартар! Мо инҷо ҷурмҳои осмонӣ ва сайёраҳои низоми офтобиро дида аз шакл ва сохту таркиби онҳо маълумот гирифтем. ... дар осмони пурситора нишаста гӯё метавонӣ ба ситораву сайёраҳо даст бирасонӣ!” Дар рӯзҳои иду таътил як поя Планетариуми Сайёри «А.Дониш» дар пештолори осорхона гузошта мешавад , вале баъдан метавонд намоишҳоро дар мактабҳо низ ба роҳ монд, то ки теъдоди ҳадалимкон бештари хонандагон бидуни харҷу ташвиши роҳ аз он баҳравар шаванд.

Яке аз назарсанҷиҳо дар Канада чунин натиҷа додаанд:
  • 94 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки ташриф ба музейҳо ва марказҳои илмӣ рағбати онҳоро ба илм ва технологияҳо боло бурдааст.
  • 90 дарсад гуфтаанд, ки дар мактабҳои ҳамагонӣ дарсҳои математика, физикаву химия ,биологияву технологияҳо бояд корҳои бештари амалӣ/ таҷрибавӣ дошта бошанд.
Ба ҷои шарҳ:

Ҳафиз Қаландаров

Ҳафиз Қаландаров

“Афлокнамо (Планетариум) ин як намуд театри гунбазшаклест, ки тасвири осмони пурситора ва ашёи бешумору ҷаззоби кайҳониро намоиш дода, фазои таълимиеро барои омӯзиши илми нуҷум ва илмҳои дигари ба он марбут эъҷод мекунад…Имрӯзҳо, ки омӯхтани илм аз ҳарзамони дигар муҳимтар аст, ҷамъияти саводи илмӣ дошта нишонаи асосии пешрафти ҳар кишваре мебошад. Афлокнамоҳо дар кулли дунё мардуми ҳама синну солро ба омӯзиши муҳити атроф - сайёраи замин ва мавқеъи инсон дар коинот, ташвиқ менамоянд; онҳо ҷое мебошанд, ки дар ҷавонон майлу рағбат ба касбҳои пажӯиширо ба вуҷуд меоранд. Бисёре аз олимони бузурги имрӯза пешаи илмиро маҳз баъди ташриф ба афлокнамо интихоб кардаанд” (шарҳи Иттиҳодияи байналмиллалии афлокнамоҳо “Оиди нақши афлокнамо дар низоми таълимӣ”).

Ҳафиз Қаландаров

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG