Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Нобел - ба 3 донишманди ҷопонӣ


Исаму Акасакӣ, Ҳирошӣ Амано ва Шуҷӣ Накамура
Исаму Акасакӣ, Ҳирошӣ Амано ва Шуҷӣ Накамура

Ҷоизаи Алфред Нобел дар илми физика имсол насиби се донишманди ҷопонӣ шуд. Ин донишмандон кашшофони диодҳои нурфишони маъруф ба LED эътироф шудаанд.

Рӯзи 7 октябр Кумитаи ҷоизаҳои Алфред Нобел ҷоизаҳои худро дар бахши физика барои соли 2014 ба се донишманди ҷопонитабор дод. Ду нафари онҳо - Исаму Акасакӣ ва Ҳирошӣ Амано - дар як донишгоҳи Ҷопон ва дигарӣ - Шуҷӣ Накамура - донишманди ҷопонитабори Амрико аз донишгоҳи Калифорнияи ин кишвар баранда эълон шуданд.

Ин ҷоиза, ки мӯътабартарин мукофот дар илми муосир ба шумор меравад, аз 1 миллиону 100 ҳазор доллар иборат аст ва акнун байни ин 3 донишманд баробар тақсим хоҳад шуд.

Дар маросими эътои ҷоизаҳо Стефан Нормарк - дабири доимии Фарҳангистони салтанатии улуми Шветсия дар Стокҳолм барандагонро ин гуна эълон кард: “Ҷоизаҳои соли ҷорӣ дар бораи рӯшноист. Фарҳангистони салтанатии улуми Шветсия тасмим гирифт, ки ҷоизаҳои Нобели физикаро барои соли 2014 ба профессорон Исаму Акасакӣ, Ҳирошӣ Амано аз донишгоҳи Нагояи Ҷопон ва Шуҷӣ Накамура аз донишгоҳи Калифорнияи Амрико бидиҳад. Онҳо барои ихтирои диодҳои нурфишон, ки бо номи LED машҳур аст, ба дарёфти ин ҷоиза ноил омаданд. Ин диодҳо нури сафеди рӯшан меафкананд ва хосияти сарфаҷӯӣ аз нирӯро доранд.”

Шуҷӣ Накамура - донишманди амрикоӣ, ки дар Ҷопон ба дунё омадааст, ба хабарнигорон гуфт, то ҳол бовар надорад, ки барандаи ҷоизаи Нобел шудааст.

Ин донишмандон диодҳоеро ихтироъ карданд, ки ба ҷуз аз доштани нури равшан зуд рӯшан ва хомӯш мешавад, вале нируи хеле камро сарф мекунанд, ки акнун дар ҳама ҷо ба чашм мерасанд ва ба бахше аз зиндагии мардум табдил шудаанд. Тақрибан дар ҳамаи таҷҳизоти фаннии кунунӣ, аз ҷумла дар смартфонҳо, ки ҳоло истифодаи васеъ доранд, ин диодҳои нурфишон гузошта шудаанд.

Кумитаи Нобел ёдоварӣ кард, ки диодҳои сурху сабз даҳсолаҳо арзи ҳастӣ карданд, вале бо ихтирои доидҳои сафед ё обӣ дар ин бахш инқилобе рух дод. Ҳоло тавлиди чароғҳои дорои нури сафед ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст ва дар ҳама ҷой, ҳам дар хона ва ҳам дар ҷойҳои корӣ бештар ин чароғҳоро ба кор мебаранд. Бо камтарин нирӯ ин диодҳо атрофро “чароғон” мекунанд. Ин лампаҳо ё чароғҳо тадриҷан ҷои лампаҳои маъмулиро гирифтанд, лампаҳоеро, ки дар қаламрави Шӯравии пешин онҳоро бо ифтихор чароғҳои “иличӣ” меномиданд, ба ин маъно, ки гӯё он чароғҳо кашфиёти Владимир Илич Ленин - поягузори Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ бошад. Вале он лампаҳо ё чароғҳорои барқиро ҳанӯз дар қарни 19 Ҷозеф Свон ва Томас Эдисон ихтироъ карда буданд.

Дар Кумитаи Нобел ёдоварӣ карданд, ки лампаҳои маъмулӣ ё барқии қарни 20-ро фурӯзон карданд, вале акнун лампаҳои диодҳои сафеди нурфишон қарни 21-ро фурӯзон хоҳанд кард.

Ба ин тартиб баъд аз ихтирои ин се донишманд корхонаҳо ва одамон дар саросари ҷаҳон аз нируи хеле зиёд сарфаҷӯӣ мекунанд, ва нируи арзонро ҳам истифода мебаранд. Кумитаи ҷоизаҳои Нобел бо назардошти ҳамин ҷанбаҳо ва саҳми ин се донишманд дар ин кор соли ҷорӣ ҷоизаҳоро ба онҳо дод. Акнун номи онҳо дар радифи донишмандоне, мисли Алберт Эйнштейн ҷой хоҳад гирифт.

Як рӯз пеш ҷоизаи Нобел дар Стокҳолм дар бахши тиб ба Ҷон ОКифф - шаҳрванди Амрико, ки ҳамзамон шаҳрвандии Бритониёро низ қабул кардааст, ва зану шавҳар аз Норвегия Мей-Бритт Мозер ва Эдвард Мозер дода шуд.

XS
SM
MD
LG