Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон. Шумораи пайравони сарҳанги шӯришӣ 500 тан будааст


Сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев аз соли 1997 ба ин тараф дар Узбакистон ба сар мебарад.
Сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев аз соли 1997 ба ин тараф дар Узбакистон ба сар мебарад.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯйхати 500 тан аз тарафдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев таҳия кардааст.

Ин матлаб рӯзи ҷумъа зимни баргузории шӯрои ҳамоҳангсози сохторҳои қудратии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба мавзӯи мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ифротагроӣ ихтисос дошт, баён шудааст.

Ҳадаф аз таҳияи ин феҳраст тавассути ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Хатлон, таҳти назорат гирифтани пайравону тарафдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев аст, ки амали ношояме содир накунанд. Дар ин нишаст таъкид шуд, ки 170 тан аз пайравону тарафдорони сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дар Русия қарор дошта ва 36 нафари онҳо маврид кофтукоби ҷиноӣ ҳастанд.

Ҳамчунин ба иттилои масъулони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар соли ҷорӣ 7 тан аз тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев боздошт шудаанд, ки дар ҷиноёти мухталиф мутаҳҳам дониста мешаванд.

Кӯдакони «фидоӣ» ифротгаро шуданд

Ҳамчунин дар ин нишаст таъкид шудааст, ки ба иттилои ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Хатлон дар солҳои 1995 -1996, ҳаштоду чаҳор кӯдаки синни 5-7 сола ба Покистон интиқол дода шуда ва аз онҳо афроди «фидоӣ» ва ифротӣ омода кардаанд.

Ин аст, ки ба иттилои масъулони сохторҳои қудратӣ дар вилояти Хатлон, пас аз гузашти чандин сол ин кӯдакон бо омодагии террористӣ ва ифротӣ бузург шуда ва дар солҳои баъдӣ, амалиётҳое дар канори шаҳри Душанбе ва минтақаи шарқи Тоҷикистон истифода шуданд.

Боздошти ду нафар ба иттиҳоми «тахрибкорӣ»

Дар ҳамин ҳол масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз боздошти ду тан хабар доданд, ки «иҷрокунандаи супоришҳои ҷониби Узбакистон» будаанд.

Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар вилояти Хатлон ахиран Илҳом Ҳасанов ва Муқаддас Норбоева зану шаваҳар ва сокинони ноҳияи Шаҳритусро боздошт кардаанд, ки муддати 7 соли ахир дар қаламрави Узбакистон ба сар бурдаанд. Ба иттилои масъулони Раёсати корҳои дохилӣ, ин ду нафар бо супоришҳои махсуси Узбакистон ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Ҳарчанд манобеи Раёсати корҳои дохилии Хатлон ба хотири халал ворид накардан ба таҳқиқи парвандаи ин ду нафар, аз шарҳи бештари амалҳои содиркардаи онҳо худдорӣ мекунанд, аммо гуфта мешавад, ниҳодҳои вижаи Узбакистон кӯдакони ин зану шавҳарро гирифта ва онҳоро маҷбуран ба Тоҷикистон фиристодаанд, то супоришҳоеро иҷро кунанд. Ҳамакнун ин зану шавҳар дар боздоштгоҳи вилояти Хатлон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG