Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагии Гулбубу Исоева - як тоҷикистонии қирғизтабор дар аксҳо


Гулбубу Исоева
акс: kloop.kg

Гулбубу Исоева акс: kloop.kg

Тӯли ду даҳсолаи охир марзҳои Осиёи Марказӣ борҳо ба маҳалли танишу моҷароҳои сокинони маҳаллӣ табдил шудаанд.

Тӯли ду даҳсолаи охир марзҳои Осиёи Марказӣ борҳо ба маҳалли танишу моҷароҳои сокинони маҳаллӣ табдил шудаанд. Охирин ҳодисаи пурсарусадои моҷарои марзии водии Фарғона дар ҷазирақаламарви Сӯхи Ӯзбакистон рӯй дод, ки дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир аст. Дар паи як моҷарои миёни сокинони рустоҳои сарҳадии Ӯзбакистону Қирғизистон рӯзҳои 5-6 январи соли 2013 ба муддати 20 рӯз марзҳо баста шуда, сокинони Сӯх дар инзивои башарӣ қарор гирифтанд. Коршиносон мегӯянд, ки иллати аслии сар задани моҷароҳои марзӣ дар номуайян будани сарҳад мебошад.

Сокинони маҳаллӣ, ки тамоми умр дар рустоҳои атрофи марз ба сар мебаранд, то ҷое ба чунин номуайяниҳо одат ва зиндагии худро ба шароит мутобиқ кардаанд. Онҳо ҳаддалимкон ба қаламрави ҳамсоякишварҳо рафта зарурати зиндагӣ – хариду фурӯш, ҳифзи равобити хешутаборӣ ва дигар эҳтиёҷоти худро бароварда месозанд.


Аксбардори сайти интернетии kloop.kg Светлана Зеленская аз як қитъаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дидан карда, дар мисоли зиндагии як хонаводаи хонум Гулбубу Исоеваи 72-сола, хонуми қирғизтабори сокини рустои Зарафшони Тоҷикистон шароити зиндагии сокинони марзро тасвир кардааст. Аксҳо аз сайти http://kloop.kg/blog/kloop_galleries/zhizn-na-ky-rgy-zsko-tadzhikskoj-granitse гирифта шудаанд.


XS
SM
MD
LG