Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзии шоири тоҷик аз Санкт-Петербург


Назар Мирзода
Назар Мирзода

Дар диёри мо, дар Рашти бостон, занону модарон гули наврӯзиро гирифта ба дидахо молида мегуянд: "Хунукиҳои ман бар туву гармиҳои ту аз ман, Сафедиҳои ман бар туву сурхиҳои ту аз ман."

Рӯзи Наврӯз аст модар ёд орам рӯи ту,
Қиссаҳои рӯзгори олами ҷодуи ту.
Навбаҳорон чун дарахти пургули боғи падар,
Хони Наврӯзи муаттар буд аз гесӯи ту.

СУРУДИ НАВРӮЗӢ

Хандида, хандида биё сарсабзу гулпӯш, Эй моҳи Наврӯз!
Болида, болида биё бо айшу нозу нӯш, Эй шоҳи Наврӯз!

Муборак Тоҷикистон рӯзи Наврӯз,
Ба хокат амбарафшон рӯзи Наврӯз.
Чу Хуршеди ҷаҳон рӯят бибӯсам,
Ба абру боду борон рӯзи Наврӯз.

Хандида, хандида биё сарсабзу гулпӯш, Эй моҳи Наврӯз!
Болида, болида биё бо айшу нозу нӯш, Эй шоҳи Наврӯз!

Насим аз кӯҳсорон ояд имрӯз,
Ҳама сайри гулистон ояд имрӯз.
Ҳазорон пиру барно сӯи сахро,
Дили ман пеши ҷонон ояд имрӯз.

Хандида, хандида биё сарсабзу гулпӯш, Эй моҳи Наврӯз!
Болида, болида биё бо айшу нозу нӯш, Эй шоҳи Наврӯз!

Ватан, ҳар рӯзи ту Наврӯз бошад,
Худованд бар сарат дилсӯз бошад.
Ба ҳар Тоҷик, ки дорад хони Наврӯз,
Кӣ бошад, ҳар куҷо пирӯз бошад.

Хандида, хандида биё сарсабзу гулпӯш, Эй моҳи Наврӯз!
Болида, болида биё бо айшу нозу нӯш, Эй шоҳи Наврӯз!

Назар Мирзода Раштӣ, шаҳри Санкт-Петербург
XS
SM
MD
LG