Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин акси раиси то ҳол махфии хадамоти махфии Узбакистон


Рустам Иноятов

Рустам Иноятов

Расонаҳои интернетии Узбакистон зимни пайгирии сафари раиси пурнуфузи Хадамоти амнияти миллии ин кишвар ба Пекин рӯзи 14 октябр бо такя ба хабаргузории давлатии Синхуаи Чин бори аввал акси рӯи пуртабассуми Рустам Иноятовро нашр карданд.

Расонаҳои интернетии Узбакистон рӯзи 14 октябр барои бори аввал дар 20 соли охир акси чеҳраи пуртабассуми Рустам Иноятовро нашр карданд.

Рустам Иноятов, ки 20 сол боз раҳбарии хадамоти махфии Узбакистонро бар ӯҳда дорад, аз пурасрортарин шахсиятҳои калидии режими сохтаи президент Ислом Каримов дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар маърази ом намоиш додани акси “раис” ва он ҳам бо як чеҳраи хандону пуртабассум зоҳиран баёнгари тағйироти дарпешистода нафақат дар матбуот, балки дар арсаи сиёсии Узбакистон ҳам арзёбӣ шавад.

Расонаҳои интернетии расмиву нимарасмии Узбакистон бо такя ба хабаргузории давлатии Синхуаи Чин аз сафари раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов ба Пекин хабар доданд. Ҳамроҳ бо гузориш дар ин бора аксе ҳам нашр шуд, ки ҷониби Чин барои протокол бардоштааст. Дар ин акси бақад котиби кумиссиюни сиёсиву ҳуқуқи ҳизби коммунисти Чин ва узви бюрои сиёсии ин ҳизб Мэн Тсзянчжу ва Рустам Иноятов мунъакис шудаанд.

Дар пасманзари таваҷҷӯҳе, ки ба акси Рустам Иноятов зоҳир шуд, дигар ҳадафи сафари ӯву натиҷаҳояш дар мадди дувум монданд. Ва чунин таваҷҷӯҳ беҳуда нест.

Рустам Иноятов (аз чап) ва Мэн Тсзянчжу

Рустам Иноятов (аз чап) ва Мэн Тсзянчжу

Рустам Иноятови феълан 70-сола аз соли 1995 инҷониб, инак соли 20-ум аст, ки бар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, яке аз муҳимтарин ва пурнуфузтарин ниҳодҳои режими Ислом Каримов раҳбарӣ мекунад. Аммо бо он ки тақирбан ҳама соҳоти зиндагии сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии Узбакистон, аз ҷумла тавре баъди моҷарои омада бар сари Гулнора Каримова, духтарони калонии президент Каримов маълум шуд, ҳатто зиндагии хонаводаи раҳбари аввал кишвар зери назари ин идора қарор дорад, худи Рустам Иноятов ҳаддалимкон талош кардааст, то дар ин 20 сол аз мазҳари ом ҳарчӣ дуртар бошад. Дар 20 соли охир ҳатто ягон акси ӯ дар матбуот роҳ наёфта буд. Аксҳое, ки аз Рустам Иноятов нашр шудаанд, ба авоили солҳои 90, ки ӯ ҳанӯз ба мақоми раиси Хадамоти амнияти миллӣ нанишаста буд, тааллуқ доранд.

Сокинони Узбакистон дар бораи ин шахсият, тарҷумаи ҳол ва дигар мушаххасоти марбут ба ин “раис”, ки бисёриҳо ҳатто аз шунидани номи ӯву идорааш дар ларза меафтанд, тақрибан маълумоте надоранд. Акси рӯзи 14 октябр нашршуда, ки чеҳраи хандон ва зоҳиран солиму бардами ӯро намоиш медиҳад, акнун ҳадди ақал бархе овозаҳои паҳншуда дар бораи вазъи саломатии генерал Иноятовро аз байн хоҳад бурд.

Оё намоиши чеҳраи Иноятов манъ аст?

ТВ "Ёшлар"

ТВ "Ёшлар"

Хабарнигори собиқи ширкати миллии радио ва телевизиони Узбакистон Малоҳат Эшонқулова, ки дар шабакаи “Ёшлар” (“Ҷавонон”) барномаи таҳлилии “Муносибат”-ро гардонандагӣ мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, кадом дастури расмие барои манъи намоиши чеҳраи Иноятов вуҷуд надошт. Аммо ба гуфтаи ӯ, чунин фармон лозим ҳам набуд, чунки хабарнигорон бе он ҳам аз имкони наздик шудан, дидан, акс бардоштан ё сӯҳбат кардан бо Рустам Иноятов ва раҳбарони дигари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон маҳрум буданд.

Малоҳат Эшонқулова мегӯяд: “Ба мо танҳо дар мавриди сарвазир Шавкат Мирзиёев амр шуда буд, ки чеҳраашро нишон надиҳем. Аз гуӯоришҳо ва барномаҳо даро бораи ҷаласаҳои ҳукумати Узбакистон, агар дар онҳо Шавкат Мирзиёев ширкат медошт, ӯро пурра “қайчӣ” мекардем. Дар бораи Иноятов ба мо чизе намегуфтанд, вале зоҳиран раҳбарият қоидаҳои кор бо ин шахсият ва идораи ӯро хуб медонист. Журналистонро ба наздикии онҳо ҳатто роҳ намедоданд. Макони будубоши ӯву ҷои баргузории ҷаласаву мулоқотҳояш қаламрави барои журналистон баста буд. Ман шахсан боре ҳам Иноятовро на аз наздик ва на аз дур надидаам.”

Ба бовари Малоҳат Эшонқулова, чунин тарзи махуфи зиндагӣ ва фаъолияти Рустам Иноятов низ як омили дигаре буд, ки мебоист эҳсоси тарси мардум аз ӯву аз идораи ӯро қавитар мекард.

"Мева"-ҳои "боғ"-и генерал Иноятов

Яке аз зиндонҳои Узбакистон

Яке аз зиндонҳои Узбакистон

Аммо бо онки Рустам Иноятов тайи 20 соли раҳбариаш бар хадамоти махфии режими Каримов тавонистааст рӯи худро аз матбуот ва мардум пинҳон кунад, ин ҳама солҳо “мева”-ҳои фаъолияти ӯву идорааш ҳамеша вирди забонҳо буд.

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон яке аз бастатарин ва бераҳмтарин ниҳодҳои амниятӣ дастикам дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ин идораро ба саркӯби бераҳмонаи дигарандешон, ба зиндон афкандани ҳазорон нафари норозӣ аз сиёсати режими кунунии Ислом Каримов, марги мармузи даҳҳо маҳбус ва шикоятҳои фаровон аз шиканҷа, бе нишон ғайб задани даҳҳо ҳомии ҳуқуқ ё сиёсатмадори мухолиф дар ин кишвар, даст доштан дар саркӯби хунини ошӯбҳое, чун ошӯби соли 2005 дар Андиҷон, ва мавридҳои дигари нақзи ҳуқуқи башар айбдор мекунанд. Ба бовари мунтақидон, инки режими худкомаи Каримов дар Узбакистон ҳамчун бетараҳҳумтарин режиим дар Шӯравии собиқ ном баровардааст, низ асосан аз натиҷаҳои “хидмат”-и Рустам Иноятов ва хадамоти махфии зери назари ӯст.

Генерал ва Гулнора

Исми генерал Иноятов бахусус тайи як соли охир дар робита ба қазияи ҳабси хонагии Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон, дар матбуот зиёд чарх мезад.

Гулнора Каримова, ки зоҳиран ба далели расонаӣ шудани номаш дар робита ба парвандаҳои пурмоҷарое, чун қазияи садҳо миллион доллар пора додани ширкати шведии “Телиасонера” барои роҳ ёфтан ба бозори телефонҳои мобили Узбаакистон, мавриди қаҳри падараш қарор гирифт ва ба иддаои худаш, аз тирамоҳи соли 2013, ба ҳабси хонагӣ андохта шуд, чандин бор бо ирсоли паёмҳо аз манзилаш дар Тошканд Рустам Иноятов ва маъмурони ӯро дар чунин ранг гирифтани сарнавишташ айбдор кардааст.

Гулнора Каримова ҳатто мегуфт, ки Рустам Иноятов бо канор задани ӯ роҳи худашро ба сӯи қудрат ҳамвор мекунад.

Гулнора Каримова дар моҳи сенятбр ҳатто аксеро барои чоп ба расонаҳо фиристод, ки дар он маъмурони низомипӯше, ки зоҳиран аз хадамоти махфии Узбакистонанд, монеъи тарки манзил кардани духтари президент мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG