Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз барои мақоми ҳуқуқии Фаластин раъй медиҳанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Имрӯз дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал роҷеъ ба мақоми ҳуқуқи Фластин оовздиҳӣ ҷараёан мегирад.

Интизор меравад, имрӯз (29-уми ноябр) дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал роҷеъ ба мақоми ҳуқуқии Фаластин раъйдиҳӣ сурат гирад. Бисёре аз кишварҳо дар остонаи ин раъйдиҳӣ мавқеи худро аз ҳоло эълон кардаанд.

Масалан, Амрико ва Исроил мегӯянд, онҳо бар зидди гузарондани ҳуқуқи Фаластин аз кишвари “нозир” ба кишвари “ғайри узв” раъй хоҳанд дод.

Стеффен Сейберт, сухангӯи Ангела Меркел, нахуствазири Олмон низ гуфтааст, кишвараш бар зидди мақоми Фаластин раъй медиҳад. Ба қавли Виллиам Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, кишвараш аз раъйдиҳӣ худдорӣ хоҳад кард.

Аммо Испания, Дания, Норвегия ва Туркияву Шветсария гуфтаанд, аз Фаластин ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Русияву Чин низ ишора кардаанд, ки ба ҷонибдорӣ аз Фаластин ба унвони кишвари “ғайри узв” раъй медиҳанд.

Фаронса мегӯяд, ки дар СММ барои он раъй хоҳад дод, ки мақоми Фаластин боло, яъне ва аз мақоми “нозир” ба мақоми “давлати ғайри узв” гузаронда шавад. Лорен Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, дар ҷаласаи парлумони кишвараш гуфт, агар аз Фаронса, ки узви доимии Шӯрои Амният аст, дар ин бора суол кунанд, "мо ба суол посухи мусбат медиҳем."

Рӯзи душанбе гурӯҳи тундрави Ҳамос гуфт, ки аз дархости Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин, барои мақоми ҳуқуқии Фаластин ҷонибдорӣ мекунад. Ҳамос назорат бар Каронаи Ғарбии рӯди Урдунро дар ихтиёр дорад, дар ҳоле, ки Маҳмуд Аббос дар Навори Ғазза ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG