Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз гароншавии 20 дарсадии нархи сӯзишворӣ дар моҳҳои оянда ҳушдор дод.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз гароншавии 20 дарсадии нархи сӯзишворӣ дар моҳҳои оянда ҳушдор дод. Аммо нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аллакай имрӯз гарон шудааст.

Мониторинг ва ё пажӯҳиши моҳонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон маълум кардааст, ки нархи маводи сӯхт, бахусус бензин, то охири соли ҷорӣ 20 дарсад боло хоҳад рафт. Таҳлили вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳокист, ки нархи сӯзишворӣ дар биржаҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Русия, кишварҳое, ки аз онҷо Тоҷикистон маводи сӯхт ворид мекунад, гарон хоҳад шуд ва ба ин далел нархи сӯзишворӣ дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе нархи бензини навъи 92 аз 5 сомониву 80 дирами қаблӣ ба 6 сомониву 20 дирам ва дар НФС−ҳои “Газпромнефть” то ба 6 сомониву 40 дирам

расидааст. Саидалӣ Зарипов, масъули бахши маводи сӯхти Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 21 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт аз маконаш онро гарон харидорӣ мекунанд. Вай мегӯяд: "Ҳоло ширкатҳои мо ҳар тонна бензинро бо қимати 1040 доллар харидорӣ мекунанд. Бар замми ин хароҷоти роҳ, боҷи гумрукӣ ва андозҳоро ҳисоб кунед, худаш ҳамин қадар мешавад".

Ҷаноби Зарипов афзуд, Русия дигар ба ширкатҳои Тоҷикистон тибқи созишнома сӯзишвориро бидуни боҷи гумрукӣ намефурӯшад ва аз ин рӯ нархи сӯзишворӣ ба онҳо гарон меафтад.

Ба таъкиди ҷаноби Зарипов, Русия сар моҳи ноябри соли 2013 то моҳи маи соли равон бидуни боҷ ба Тоҷикистон маводи сӯхтро фурӯхт ва баъдан қатъ кард.

Тоҷикистон ва Русия соли гузашта созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он кишвар бояд то 1 миллион тонна маводи сӯхтро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид мекард, дар ҳоле ки, бино бар иттилои Хадамоти гумрук, Тоҷикистон дар ним сол ҳамагӣ 158 ҳазор тонна бензин, камтар аз нисфи лимити муқарраркардаи Русияро ворид кардаасту халос.

Ин қарордодро Тоҷикистон бар ивази тамдид кардани мӯҳлати будубоши Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ба даст оварда буд. Зимнан, як масъули ширкати “Умед-88”, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло онҳо аз Русия бо пардохти боҷи гумрукӣ маводи сӯхтро харидорӣ мекунанд ва бар замми ин, нархи худи он гарон шудааст. Вай гуфт: “Мо маҷбурем, ки боҷи гумрукӣ диҳем баъд сӯзишворӣ ворид кунем. Худи нархи бензин ҳам қиммат шуда истодааст. Ин албатта нархро гарон мекунад”.

Ин масъули ширкати “Умед-88” афзуд, боҷи гумрукие, ки Русия ба ҳар як тонна сӯзишворӣ таъйин кардааст, тақрибан 280 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба таъкиди вай дар сурати бо пардохти боҷи гумрукӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид кардани сӯзишворӣ, қимати ҳар литри он ба ҳисоби миёна як сомонӣ гарон хоҳад шуд.

Айни чунин шикоятҳоро дар сӯҳбат ба Радиои “Озодӣ” масъулони чанд ширкати дигари воридкунандаи маводи сӯхт баён карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳҳои охир нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа поин рафт. Ҳоло як баррел ва ё як бушка нафти навъи “Брент” дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳудуди 80 доллар доду ситад мешавад. Ҳол он ки дар оғози соли равон нархи як бушка нафт 140 доллар буд.

Пас суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар Тоҷикистон баръакс нархи маҳсулоти нафтӣ гарон мешавад?

Ба гуфтаи коршиносон, вобастагии зиёди Тоҷикистон аз бозори маводи сӯхти Русия боис шудааст, ки кишвар аз коҳиш ёфтани нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ суд намебинад. Русия тавассути ширкаташ “Газромнефть” бозори дохилии маводи сӯхти Тоҷикистонро низ монополия ё зери назорат даровардааст. Бар асоси иттилои расмӣ 50,2 дар сади бозори маводи сӯхти Тоҷикистон дар дасти "Газпромнефть"-и Русия аст.

Аммо иддае аз коршинсон бар ин назаранд, ки ин ширкат ба воситаи ширкатҳои дигари ҳампаймонаш то 90 дарсади бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро назорат мекунад. Бинобар омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аксарияти кулл ва ё 88,5 дарсади маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Зимнан, коршиносони рус мегӯянд, ки аз моҳи сентябр ба ин сӯ қимати маводи сӯхт дар бозорҳои Русия 11,5 дар сад афзудааст. Ба эътимоди онҳо, масъала дар камбуди захираҳои маводи сӯхт ва маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилӣ аст. Барои коҳиши нарх, гуфтааст дар сӯҳбат бо “Газета.Ру” раҳбари маҳфили нафтии Санкт-Петербург Олег Ашихмин, бояд нархи умдаи ин маҳсулот кам карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG