Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ҳамлаи маргбори Толибон ба мактаби Пешовар як сол гузашт


16 декабри соли 2014 Покистон бо яке аз даҳшатбортарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи ин кишвар рӯ ба рӯ шуд, ки бар асари он 140 устоду шогирдони мактаби низомӣ дар Пешовар кушта шуданд.

Аз ҳамлаи маргбори Толибонӣ ба мактаби Пешовари Покистон як сол гузашт. Дар ин ҳамла беш аз 140 хонанда ва муаллим ба қатл расиданд. Ҳоло афроди наҷотёфта даҳшати 16 декабри соли гузаштаро ба ёд оварда мегӯянд, ки агарчӣ ҷои захми тири Толибон шифо ёфтааст, аммо хотираи он рӯз ҳар дам азияташон мекунад.

Азҳар Маҳмуди 16-сола шаш амалиёти ҷарроҳиро пушти сар кардааст, вале дарду алам ӯро раҳо накарда ва ҳар гоҳе ки қадам мегузорад, дар хотири ӯ даҳшати як соли пеш тоза мешавад. Ӯ мегӯяд, "ҳамсинфонамро хеле ёд кардаам ва ҳамла ҳам дар гӯшаи хотирам боқӣ мондааст. Ҳар гоҳе ҳаёҳӯеро мешунавам, маро тарс фаро мегирад."

Вақте Толибони силоҳбадаст 16 декабри соли 2014 болои мактаби зери назорати низомиён дар Пешовар ҳамла карданд, Азҳар аз ҳашт ҷои баданаш ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфта буд. Ин даҳшатбортарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи Покистон буд, ки бар асари он 122 хонанда ва ба камияш 20 муаллим кушта шуданд. Қурбонии хурдтарини ин ҳамла як духтараки шашсола буд.

Ҳангоми ҳамла Зулфиқор Аҳмад дарси риёзиётро таълим медод. "Замоне ки ҳамла шурӯъ шуд, ҳамаи хонандагон мисли чӯҷаҳо дар назди ман ҷамъ шуданд, вале натавонистам кореро анҷом диҳам," -- ба ёд меорад ӯ.

Беш аз даҳ шогирди Зулфиқор Аҳмад дар пайи ин ҳамла ба ҳалокат расиданд. Худи ӯ бо дасти маҷруҳ аз тири Толибон то охири умр ин даҳшатро фаромӯш нахоҳад кард: "Ҳар рӯз онҳо чанд дафъа ба ёдам меоянд. Мо ҳамроҳ будем. Онҳо бароям мисли фарзанд буданд. Онҳоро дар пеши чашми ман куштанд. Хеле азоб мекашам."

Ҳамла соати 10:30 дақиқа шурӯъ шуд. Шаш Толиби силоҳбадаст бо либоси низомӣ мошинашонро тарконданд, то таваҷҷӯҳ ба дигар тараф ҷалб шавад. Сипас, онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданду яке болои синфхонаҳо ва дигаре болои толори конфронс оташ кушод.

Дар толор камаш 100 кас, ки ба дарси кумаки аввалияи тиббӣ ҷамъ шуда буданд, ба қатл расиданд. ​Алихон ҳам дар толор буд: "Ман медонистам, ки дар ақиби толор ҷои пинҳоншавӣ нест. Ман ба пеш давидам. Вақте ду тир ба танам бархӯрд, афтидам, Дар назди саҳна мардуми зиёд ҷамъ шуда буд ва аз ин рӯ, террористон поён фаромаданд. Тирпарронӣ давом дошт ва боз як тире ба дастам бархӯрд."

Силоҳдабастон дар идораҳои маъмурии мактаб ҳам чанд тани дигарро ба қатл расонданд, вале баъд дар тирпарронӣ бо сарбозони артиши Покистон ҳамаи онҳо кушта шуданд. Як сухангӯи Толибон иброз дошт, ки ҳамла болои аъзои оилаи низомиён посух ба амалиёти артиши Покистон дар вилояти Шимоли Вазиристон аст.

Дар ин ҳамла Фалакноз Дурронӣ ду фарзандашро аз даст додааст. Ӯ мегӯяд, лаҳзае, ки ҷасади Сайфуллоҳи 14-соларо дар бемористон пайдо кард, барояш хеле сахт буд. "Тир ба дилаш расида буд. Дигар ҷойҳои баданаш захм надоштанд. Ман нола мекардам," -- гуфт ӯ.

Баъд аз ин ҳамла мақомоти Покистон Толибони ҷангҷӯро маҳв намуданд, аммо дарду алами оилаи Дуррониро аз байн нарафт. Шавҳари Фалакноз Таҳсинуллоҳ мегӯяд, мактаб гунаҳкор аст, ки таъмини амниятро ҷиддӣ нагирифта буд. Ӯ мегӯяд, "маъмурияти мактаб масъул аст. Фарзандони мо аз сабаби бетаваҷҷӯҳии онҳо кушта шуданд."

Баъзе аз волидон аз тафтиши давлатии ҳамла қаноатманд набуда, таҳдид мекунанд, ки дар маросими тарҳрезишудаи ёдбуди қурбониҳои ҳамла иштирок нахоҳанд кард. Аммо Азҳар Маҳмуд дар ин баҳсҳо шарик нест. Ӯ бештар дар фикри саломатӣ ва идомаи таҳсил аст. Азҳар ба имтиҳони навбатӣ омодагӣ меинад.

Ӯ бовар дорад, ки ҳолаш беҳтар хоҳад шуд ва ин фоҷиаро пушти сар карда, ҳаёти орому осудае дар пеш хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG