Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яҳудиҳои Тоҷикистон ҷашни озодиро таҷлил намекунанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ҷамоаи яҳудиёни Тоҷикистон иди озодии пайравони ин динро таҷлил намекунанд. Ин тасмим ба ҳарчӣ камтар шудани ибодаткунандаҳои ягона канисаи яҳудиён дар Душанбе рабт доштааст.

Имсол яҳудиёни муқими Тоҷикистон расман аз Песах, иди пок ё ҷашни озодии пайравони ин дин, таҷлил нахоҳанд кард. Ҷашни Песах ҳар сол 18 апрел оғоз ёфта, то ҳафт рӯз идома мекунад.

Яша, масъули ягона канисаи яҳудиён дар пойтахти Тоҷикистон, рӯзи 19 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки тасмими ахири онҳо ба ҳарчӣ камтар шудани пайравони ибодатгоҳашон дар Душанбе ва, ҳамин тавр, нарасидани ёрӣ аз Бунёди авруосиёии яҳудиён рабт дорад. Ӯ гуфт, ки "аз ин зиёд иттилои бештар намедонем. Ҳар гоҳ, ки аз ин ҷашн таҷлил кунем, Шуморо хабардор хоҳем кард."

Яша мегӯяд, сол то сол шумораи пайравон ё ибодаткунандаҳо дар ягона канисаи яҳудиён дар Душанбе камтар мешавад. Агар соли гузашта ин рақам ба 60 нафар баробар будааст, имсол ҳамагӣ ба 30-40 нафар мерасаду бас.

Бо ин ҳол, дар гузашта ҷашни Песах дар канисаи яҳудиён бошукӯҳ таҷлил мешуд.

Яҳудиён мегӯянд, ки иди пок аз замони озодшавии гузаштагонашон аз ғуломӣ ё итоати мисриён дар бештар аз 3 ҳазор соли қабл об мехӯрад. Онҳо мегӯянд, ки қавми яҳуд тақрибан чорсад сол дар итоати мисриҳо қарор доштаанд.

Дар оғози ин ид аҳли хонаводаи яҳудиён дар атрофи як миз нишаста, пеш аз ҳама аз таърихе ёдоварӣ мекунанд, ки онҳоро ба даврони хеле пеш, замони ғуломӣ ва пас аз он замони озодии яҳудиён мебарад. Ёдоварии ин саҳифаи таърих яке аз муҳимтарин бахшҳои иди Песах будааст, то ҳар кадом насли яҳудӣ бояд онро бидонад ва ҳатто дар пӯсташ лаҳзае ҳам бошад эҳсос бикунад, ки ин рӯзҳои ғуломӣ ва раҳоӣ гӯё аз сари худаш гузаштааст.

Дар рӯзҳои Песах дастархонаи идонаи яҳудиён низ ранги дигар мегирад ва дар болои он бештар нони бенамакро мегузоранд. Ин нони бенамак, ки ба талаффузи яҳудиён мата ё матсо номида мешавад, аз нони одие, ки мардум ҳамарӯза мехӯранд он дар таркибаш хамиртуршу намак дорад, фарқ дорад.

Каниса ва ё синагогаи яҳудиён пас аз тахриб шуданаш дар канори собиқ бозори “Баракат”-и шаҳри Душанбе соли 2009 дубора барқарор шуд. Моҳи марти соли 2009 соҳибкор ва раҳбари “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода як хонаи мӯҳташами худро ба ҷамоаи яҳудиёни Душанбе туҳфа кард, то онро ба ибодатгоҳ ва ё каниса табдил диҳанд.

Вале ин каниса ва ҷамоаи яҳудиён то ҳанӯз расман дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон сабт нашуда, хохоми пешини каниса Михаил Абдураҳмонов низ дар хориҷ ба сар мебарад.

Ба қавли ҷамоаи яҳудиёниТоҷикистон, яҳудиёни кишвар бухориасл буданд ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба Амрико ва Исроил ҳиҷрат карданд. Ҳоло дар Амрико ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ фаъол аст. Нахустин яҳудиҳои бухороӣ ҳанӯз дар авоили қарни бист ба Иёлоти Муттаҳида кӯч баста буданд, вале муҳоҷирати бузурги онҳо ба Амрико солҳои шастуму ҳафтодуми асри бист шурӯъ шуд.

Яҳудиёни Тоҷикистон дар рушди илму ҳунари Тоҷикистон хидматҳои зиёд кардаанд ва ҳоло низ дар Исроилу Амрико аз нигоҳдорандагони забону фарҳанги тоҷикӣ ба шумор мераванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG