Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, ҷангҷӯёни ДИИШ-ро аз Палмира рондааст


Шаҳри таърихии Палмира ҳоло ба вайрона табдил шудааст
Шаҳри таърихии Палмира ҳоло ба вайрона табдил шудааст

Вазорати дифои Русия гуфт, дар пайи 64 ҳамлаи ҳавоии онҳо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" маҷбур шаҳри Палмираро тарк карданд. Ба қавли мақомоти Русия, дар ин ҳамлаҳо, ки аз шаби гузашта оғоз ёфта буд, аз ҷумла 300 ҷангҷӯи ДИИШ кушта ва 30 танку 11 худравашон аз кор баромадааст. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи шанбе бо шикаст додани нерӯҳои давлатии Сурия дубора вориди ин шаҳри таърихӣ шуда буд. Палмира бори аввал моҳи майи соли 2015 аз тарафи ҷангҷӯёни ДИИШ тасарруф шуд ва баҳори имсол ба ихтиёри нерӯҳои Сурия гузашт. ЮНЕСКО, Созмони илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, тахриби ёдгорҳои Палмираро аз тарафи ҷангҷӯёни ДИИШ "ҷинояти ҷанг" бо ҳадафи аз миён бурдани намод ва осори фарҳангии Сурия арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG