Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон ва Тоҷикистон: “Кашиши дуҷониба” ё дӯстии ҳисобшуда?


Раисиҷумҳури Русия "ҷой"-и ҳамтоёни тоҷику қазоқашро нишон медиҳад. Маскав, декабри соли 2014

Раисиҷумҳури Русия "ҷой"-и ҳамтоёни тоҷику қазоқашро нишон медиҳад. Маскав, декабри соли 2014

Дар сафари ҳайати давлатии Қазоқистон ба Душанбе рӯзи 4-уми феврал Тоҷикистон бо эълони ширкаташ дар дар намоишгоҳи байнулмилалии EXPO-2017 дар Остона аз ин ташаббуси ҷаҳонии ҳамсояаш ҳимоят кард.

Тоҷикистон эълом дошт, ки дар EXPO-2017 дар Остона ширкат мекунад. Душанбе дар моҳи ноябри соли 2012 низ ба тарафдории Қазоқистон раъй дода буд, то ин намоишгоҳ дар Остона баргузор гардад. Ҳамон гуна ки дар соли 2010 аз номзадии Қазоқистон ба раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо пуштибонӣ карда буд.

Аммо, зоҳиран, барои Қазоқистон на танҳо раъйи мусбати Тоҷикистон дар созмонҳои байнулмилалӣ муҳим ва даркор аст, балки байни ду ҷумҳурии пасошӯравӣ дар ду даҳаи ахир “кимиё”-и дигаре мисро ба тило табдил медиҳад.

Ба гуфтаи сарбадири маҷаллаи “Афкор” дар Алмато, Саидаҳмад Қуттиқадам, “ҷозибаи тарафайни ду кишвар” ба муносибати байни онҳо дар миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳолати хос ва фарқкунандае медиҳад."

“Тоҷикистон барои Қазоқистон коршарики стартегӣ ва ҳампаймони боварбахш дар Осиёи Марказист,” -- гуфт дар ҷараёни сафараш ба Душанбе рӯзи 4-уми январ муовини аввали вазири умури хориҷии Қазоқистон Рапил Жошибоев.

РИШТАИ ИҚТИСОД

Орди Қазоқистон дар бозори Душанбе

Орди Қазоқистон дар бозори Душанбе

Ҷаноби Жошибоев дар Душанбе ёдовар шуд, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар соли гузашта ба 858,8 миллион доллар расида, дар Тоҷикистон зиёда аз 50 ширкату корхонаи қазоқӣ фаъолият доранд. Саҳми солонаи ин ширкатҳо дар иқтисоди Тоҷикистон 125 миллион долларро ташкил медиҳад. Барои қиёс гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2013 711,2 миллион долларро ташкил медод.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Абулфайз Атоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сафари ҳайати давлатии Қазоқистонро бобарор номид ва афзуд, дар ҷараёни он густариши ҳамкориҳои минбаъда, омодагиҳо ба сафари расмии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Душанбе баррасӣ шуданд.

Ба ақидаи сиёсатшиноси қазоқ Санат Кушкумбоев, муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон бар пойдевори қавии таърихӣ устувор шудаанд: “Мо дар ин минтақа асрҳои аср канори ҳам зиндагӣ кардаем. Ҳоло низ ба он сабаб, ки ду кишвар бо ҳам марзи муштарак надоранд, мушкилоти марзӣ низ байнашон сар назадааст ва собиқаи равобит ҳамеша мусбат будааст.”

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри айни ин нукта, меафзояд, равобит байни тоҷикон ва қазоқҳо дар ҳамаи сатҳҳо ҳамеша рӯ ба густариш ва беҳбуд доштааст. Ду кишвар узви чандин созмони бонуфузи байнулмилалиянд ва бар замми ин даҳҳо созишномаи дуҷонибаи онҳо заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳоро фароҳам меорад. Ба андозае, ки ҳатто акнун узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё будани Қазоқистон ва аз ин эътилоф феълан берун мондани Тоҷикистон низ ба додуситади байни онҳо таъсир нарасондааст.

Аммо ҳатман таҷриба ва ёрии Қазоқистон барои Тоҷикистон, ки Маскав борҳо онро узви ояндаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё номидааст, муҳим хоҳанд буд. Остона ин гуна ёрмандиро ба Қирғизистон расонд ва якҷо бо Русия осебҳои узвияти Бишкекро даро эътилофи нав ҷуброн хоҳад кард. Ба эҳтимоли зиёд дар Душанбе аз Остона ҳамин умедро хоҳанд дошт.

На ҳамаи умедҳои Душанбе дар ҳамкорӣ бо Остона бароварда шудаанд. Дар соли 2008 ду тараф бо эълони тахсиси 100 миллион доллар Хазинаи сармоягузориҳои муштаракро таъсис дода буданд.

Пас аз чаҳор сол раиси созмони «Индем» Саймиддин Дӯстов гуфт, ҳам ин бунёд фаромӯш шуд ва ҳам тарҳҳои он аз ёдҳо рафт.

Қазоқистон ҳамчунин эълом дошта буд, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат хоҳад кард, аммо мухолифати сарсахтонаи Ӯзбакистон ба ин тарҳ Остонаро дилсард кард.

РИШТАИ ҲАРБӢ

Артиши Қазоқистон

Артиши Қазоқистон

Ҳанӯз пеш аз он ки Тоҷикистон дар соли 2015 раёсати даврии созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро бар дӯш гирад, Қазоқистон дар соли 2013 эълом дошта буд, ки ба Тоҷикистон кӯмаки ройгони ҳарбию техникӣ хоҳад расонд. Ҳарчанд эълони ёриҳои ройгони ҳарбии Қазоқистон ба Тоҷикистон сару садои зиёде ба бор овард ва ҳатто онро аввал порлумони Қазоқистон ба тасвиб расонд, тамоми ин кӯмак асосан аз тир, норинҷакҳои дастӣ ва равғани аслиҳа иборат буд ва дар як ҳавопаймо ҷой шуд.

Дар сафари ахири ҳайати Қазоқистон низ зикр шуд, ки “Остона ҳама гуна мадади имконпазирро барои таҳкими марзи байни Тоҷикистону Афғонистон дареғ нахоҳад дошт.”

Артём Улунян аз Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсати Маскав мегӯяд, яке аз омилҳои ҳавасмандии Остона ба ҳамкориҳои танготанг бо Тоҷикистон вазъи амниятии минтақа аст: “Хуруҷи НАТО аз Афғонистон ва таҳдидҳои нави байнулмилалӣ кишварҳои Осиёи Марказиро ба наздикӣ ва ҳамоҳангии бештар водор хоҳад кард.”

Коршиноси қазоқ Санат Кушкумбоев низ мегӯяд, “Қазоқистон марзи муҷаҳҳазе бо Қирғизистон ва Тоҷикистон надорад, аз рӯ ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон диққатии ҷиддӣ хоҳад дод.”

Дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Қазоқистон ба ин марз сарбоз фиристода буд ва 23 низомии он дар ҷангҳо ба ҳалокат расидаанд.

РИШТАИ МУҲОҶИРАТ

Муҳоҷири тоҷик дар бозори Алма-Ато

Муҳоҷири тоҷик дар бозори Алма-Ато

Ба ақидаи Артём Улунян, Тоҷикистон ба Қазоқистон на танҳо ҳамчун як сармоягузори боэътимоди тарҳҳои иқтисодӣ, балки инчунин як кишвари мизбони муҳоҷирони худ низ хоҳад нигарист, ки дар натиҷаи бад шудани вазъ дар Русия ба ватан хоҳанд баргашт. Аммо ба ақидаи таҳлилгарони дигар, иқтисоди Қазоқистон он гунҷоишеро надорад, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷикро бо кор таъмин кунад.

Ба гузориши расонаҳо, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон байни 20 то 50 000 нафар баровард мешавад ва дар ин ҷо низ шабеҳи Русия чанд соли охир қоидаҳои кору зиндагӣ барои муҳоҷирон шадидтар мешаванд. Улунян мегӯяд, эҳтимол дар мулоқоти сарони ду кишвар Тоҷикистон хостори нармиҳо барои муҳоҷиронаш дар Қазоқистон шавад.

ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ

Талоши Қазоқистон барои табдил шудан ба як қудрати минтақаии Осиёи Марказӣ аз оғози давраи истиқлолияти он идома дошта, онро дар муқобили Ӯзбакистон қарор додааст. Шиддати ин рақобат дар солҳои охир кам шудааст ва Ғарб ба Қазоқистон таваҷҷӯҳи махсус дорад. Тоҷикистон дар ин ҳама муддат барои Қазоқистон ҳамчун як тарафдори минтақаӣ аҳамият дошт ва зоҳиран, ин ниёз ҳамоно боқист.

Ба ақидаи коршиноси қазоқ, Саидаҳмад Қуттиқадам, беҳтарин ҳолат ин буда метавонист, ки кишварҳои минтақа пеш аз узвияташон дар ҳама гуна эътилоф аввал Иттиҳоди Осиёи Марказиро месохтанд ва талош ба худкифоӣ мекарданд: “Бо 60 миллион аҳолӣ, қаламрави бузург, захираҳои саршор зарфияти ҳар яке аз давлатҳои минтақа 5 баробар ва ҳама дар якҷоягӣ 10 баробар бештар мешуд ва минтақа метавонист, бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи баландтаре сӯҳбат кунад.”

“Ҳама гуна наздикии зиёда аз ҳад ва ҷоннок шудани муносибатҳои дуҷониба метавонад, шубҳаи Маскавро ба миён орад,” – мегӯяд Артем Улунян.

Аммо сиёсатшиноси тоҷик Сайфулло Сафаров мегӯяд: “Дар байни давлатҳои бузург ҳамеша рашк ҳаст, вале оҳиста-оҳиста ҳам Русия ва ҳам Чин ба тақдирашон тан дода истодаанд ва фаҳмида истодаанд, ки истиқлолияти ин ё он давлати Осиёи Марказиро маҳдуд кардан аз рӯйи мантиқи муносибатҳои байнулмилалӣ нест. Замони “дар таги қанот гирифта гаштан” хотима ёфтааст ва акнун бо ин давлатҳо танҳо дар сатҳи баробарҳуқуқӣ метавонанд сари кор гиранд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG