Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансаби нави Шерхон Салимзода ва бознишастагии Саидамир Зуҳуров


Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода

Бино ба тағйироти кадрии рӯзи 2 феврал Шерхон Салимзода раиси нави Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон таъин шуда, Саидамир Зуҳуров ба нафақа рафтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал ба тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои давлатӣ идома дод.

Бар асоси ин тағйирот, Шерхон Салимзода - раиси Иттифоқҳои касаба ва собиқ додситони кулли Тоҷикистон раиси нави Оҷонсии зидди маводи мухаддир таъин шудааст. Салимзода дар вазифаи наваш генерал Рустам Назарзодаро иваз кард, ки ҳоло дувумӣ бо фармони дигари раисиҷумҳур раҳбари нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин гардид.

Рустам Назарзода 57 сол дошта, дар Душанбе ба дунё омадааст. Корро аз вазифаи муфаттиши Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД дар соли 1985 шурӯъ карда, соли 1995 ба мақоми муовини вазир расид. 31 октябри соли 1996 раиси Кумисюни давлатии назорати маводи мухаддири назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд, ки дертар ин кумисюн тағйири ном карда, 1 июни соли 1999 Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии

Рустам Назарзода
Рустам Назарзода

маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон шуд. Рустам Назарзода ба истиснои як мӯҳлати кӯтоҳи танаффус (дар моҳҳои январ-августи соли 2004 (ин мақомро ба Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой) дода буданд) то 2 феврали соли 2016 дар вазифаи раҳбари ин ниҳод кор кардааст. Рутбаи генерал-майорро дорад.

Шерхон Салимзода ҳамагӣ як соли қабл аз мақоми додситони кулл барканор ва тайи тақрибан ду моҳи баъди аз вазифа рафтанаш бекор буд. Баъдан, ӯ ба ҳайси раҳбари нави “Профсоюз” ё Иттифоқҳои касаба интихоб гардид. Он вақт бисёриҳо якбора поин рафтани мақоми Салимзодаро ба танқиди раисиҷумҳур аз кори ӯ ва зертобеонаш дар як ҷаласаи тобистони соли 2014 рабт доданд. Оқои Раҳмон дар ин ҷаласа аз фаъолияти масъулони Додситонии кулл башиддат интиқод карда, бо ишора ба мошинҳои гаронбаҳо ва хонаҳои бодабдабаи бархе аз онҳо гуфта буд, ки “ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст?”

Шерхон Салимзодаи 59-сола дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар гузашта дар вазифаҳои муовини додситони шаҳри Душанбе, вакили парлумон ва баъдан раиси кумита дар Маҷлиси Намояндагон низ кор кардааст. Ӯ як муддат раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ низ буд.

БОЗНИШАСТАГИИ САИДАМИР ЗУҲУРОВ

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи тағйироти кадрии рӯзи сешанбе Саидамир Зуҳуров сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба нафақа баромадааст. Ҳоло ба ҷойи ӯ Хайриддин Абдураҳимов таъин шудааст, ки то ин дам раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ буд.

Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Ҳам Саидамир Зуҳуров ва ҳам Хайриддин Абдураҳимов дар гузашта дар мақоми вазири амнияти миллии Тоҷикистон кор кардаанд. Аз Саидамир Зуҳуров то кунун ба ҳайси кадри ҳирфаӣ ва таҷрубадор ном мебаранд ва борҳо дар матбуоти Тоҷикистон аз корҳои ӯ ба некӣ ёд шудааст. Ӯ соли 1992 дар Иҷлосияи Хуҷанд раиси Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон таъин шуда, баъдан дар вазифаҳои вазири корҳои дохилӣ, муовини сарвазир ва раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадот низ фаъолият кардааст.

Хайриддин Абдураҳимови 60-сола зодаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва мактаби олии КГБ-и Иттиҳоди Шӯравист. Ӯ аз соли 1999 то 2010 - 11 сол раҳбарии кумита, қаблан вазорати амнияти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. ​Аммо ӯ дар пайи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар соли 2010 аз мақомаш барканор шуд ва тақрибан ду сол вазифа надошт. Баъдан дар соли 2012 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъин гардид.

ТАЪИНОТИ ДИГАР

Бар асоси тағйироти нави кадрӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, ки то ин вақт муовини вазири корҳои хориҷӣ буд, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ таъин шуда ва курсии холимондаи Озода Раҳмон дар ин вазоратро пур кардааст. Маҳмадшариф Ҳақдод муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин карда шудааст.

Усмон Сабз
Усмон Сабз

Инчунин, бар асоси фармонҳои раисиҷумҳур Усмон Сабз аз вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор озод шуда, ба ҷои ӯ Шарифҷон Ҷумъазода, ки то ин вақт мудири котиботи нахуствазири Тоҷикистон буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор таъин шудааст. Исматулло Ҳокимзода аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод шуда, ба ҷойи ӯ Нусратулло Аюбзода омадааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ далели барканории Исматулло Ҳакимзодаро “ба кори дигар гузаштан” гуфта, аммо аз мақоми нави ӯ хабар надодааст.

Баъди раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъин шудани Озода Раҳмон дар ин бахши ҳукумат низ тағйирот сурат гирифтааст. Бар асоси ин тағйирот, Музаффар Ашӯриён аз вазифаи сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони дастгоҳи иҷроияи президент озод ва муовини аввали роҳбари дастгоҳи иҷроия таъин шудааст. Вазифаи сардори раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи иҷроияи президент ба уҳдаи Ғуломҷон Бобозода вогузор шудааст.

Тағйироти кадрии имсола баъд аз ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 21 январ оғоз шуд. Дар тағйироти кадрии ҳафтаи гузашта Озода Раҳмон раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуда, номзадии Бахтиёр Худоёрзода барои тасдиқ ба мақоми раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуд.

Аммо бархе аз таҳлилгарон чунин гаштҳоро асосан на тағйирот, балки бештар ҷойивазкунии кадрҳои куҳна дар ҷомаҳои нав медонанд. Онҳо мегӯянд, ки дар пайи ин тағйирот афроди тоза вориди майдон нашуда, балки ҳар он чӣ дар деги ҳукумат солҳо боз меҷӯшад, болои кафлес меояд.

XS
SM
MD
LG