Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ: Барканории раисони чанд шаҳру ноҳия


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11 январ баъзе аз раисони шаҳру навоҳии кишварро аз мақомҳояшон барканор карда, дар мақомоти додгоҳӣ низ тағйироти кадрӣ анҷом додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 11 январ раисони баъзе аз шаҳру навоҳии кишварро аз мақомҳояшон барканор карда, дар мақомоти додгоҳии баъзе минтақаҳо низ тағйироти кадрӣ анҷом додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки оқои Раҳмон рӯзи душанбе афроди тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, онҳоро "ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор" даъват кардааст.

Барканор шуданд:

Даврон Зоҳидзода – раиси шаҳри Исфара

Қодир Арбобзода – раиси ноҳияи Зафаробод

Абдусамад Маннонзода – раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сангинмурод Ҳакимзода – раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов

Абуҷон Таваккалзода – раиси ноҳияи Панҷ

Хӯҷамуроди Фазлиддин – раиси ноҳияи Ҷилликӯл

Амирхон Икромзода - раиси ноҳияи Шӯрообод

Таъин шуданд:

Дилшод Расулзода – раиси шаҳри Исфара

Сулаймон Зиёзода – раиси ноҳияи Зафаробод

Зариф Нозирӣ – раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Комил Салимзода – раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов

Маҳмадюнус Сайфиддинзода – раиси ноҳияи Панҷ

Салоҳиддин Раҷабзода – раиси ноҳияи Ҷилликӯл

Поччохон Зарифзода - раиси ноҳияи Шӯрообод

Бо фармонҳои нави раиси ҷумҳур, Хуршед Розиқзода - раиси суди ноҳияи Рашт, Шоғуфрон Усмонзода - муовини якуми раиси суди вилояти Бадахшон, Маъруфҷон Бурҳониён - муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Насрулло Садриддинзода - муовини раиси суди ноҳияи Спитамен, Улфат Олимзода - судяи суди вилояти Хатлон, Ҳусайн Одинаев - судяи суди иқтисодии вилояти Бадахшон, Абдуҳаким Холиқзода - судяи суди ноҳияи Рашт ва Маҳмуд Бадалзода - судяи суди ноҳияи Ҷиргатол таъин гардидаанд.

Ҷумъахон Наботов, ки то ин дам сармуҳаррири нашрияи парлумонии "Садои мардум" буд, бо амри раиси ҷумҳур машваратчии калон - сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Латофат Назирӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Нуралӣ Арабзода директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои навсозии роҳҳо таъин шудаанд.

Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти дигари кадрӣ дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти додситонӣ ва корҳои дохилӣ низ сурат гирифтааст. Бар асоси ин тағйирот, Дороб Асозода - прокурори вилояти Бадахшон, Умедҷон Додоҷонов - сардори раёсати кадрҳои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Шараф Аваззода - сардори раёсати амнияти дохилии Оҷоснии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шудаанд.

Инчунин, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Зафарободи вилояти Суғд ва Фархори вилояти Хатлон иваз карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG