Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

31 ходими полиси фурудгоҳи Перм муҷозот шуд


Акс дар фурудгоҳи Емеляновои наздикии Красноярск бардошта шудааст

Акс дар фурудгоҳи Емеляновои наздикии Красноярск бардошта шудааст

Санҷиш маълум кард, ки ин афрод нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон асноди тақаллубӣ таҳия мекардаанд.

Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Урали Русия хабар медиҳад, ки 31 ходими полиси фурудгоҳи шаҳри Пермро ро барои нақзи қонун муҷозот кардаанд. Аз ин шумор, 20 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 11 ходими полис аз кор ронда шуданд.


Сомонаи интернетии ин ниҳод хабар медиҳад, ки дар натиҷаи санҷиши дохилӣ маълум гардид, ки ходимони полиси роҳ, ки дар фурудгоҳи шаҳри Перм ва раёсати ВУД дар вилояти Перм кор мекарданд, ду моддаи Кодекси маъмурии Русияро нақз кардаанд. Дар оғози моҳи июн маълум шудааст, ки ходимони полис, ки ҷараёни рафту омади мусофирони фурудгоҳро назорат мекунанд, нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи моддаи “Нақзи низоми буду бош дар қалмрави Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди бидуни шаҳрвандӣ” баъди аз кишвар хориҷ шуданашон протоколи тақаллубӣ тартиб медоданд. Ин амали онҳо хилофи қонун ва поймолкунандаи шаъну эътибори ходими сохтори интизомӣ қаламдод шудааст.


Дар миёни рондашудаҳо исми 11 ходими полиси нақлиёт ва, аз ҷумла, раиси шӯъбаи ин полис дар фурудгоҳ ном бурда мешавад. Муовини раиси шӯъба ба вазифаи аз ин поинтар таъин шудааст.


Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Урал менависад, ки тафтиш ҳамоно идома дорад ва нафарони масъули дастандаркор дар чунин ҷиноятҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.


Тавре матбуоти русӣ менависад, ин ҳодисаҳо дар фурудгоҳи “Болшое Савино”-и шаҳри Перм ба қайд гирифта шудаанд. Як ходими дафтари матбуоти вазоратхона дар сӯҳбат бо сайти интернетии 59.ru гуфтааст, ки полиси нақлиёт дар ҳуҷҷатҳо “маълумоти дурӯғинро дар бораи нақзи муқаррароти буду бош аз ҷониби шаҳрвадони Тоҷикистон ворид мекард. Дар асл, ин афрод дар ҷараёни тартиб додани протокол ҳузур надоштанд”. Ин манбаъ гуфтааст, ки мақсади ходимони полис афзоиши нишондодҳои кори худ буд. Аз миёни муҷозотшудаҳо, нисбати ду нафар аз рӯи парвандаи “Тақаллуби корӣ” ва “Сӯиистифода аз мақом” парванда боз шудааст.


Дар ҳоле, ки муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон роҷеъ ба бархӯрди ғайриинсонӣ, дағал ва поймолкунандаи ҳуқуқи худ дар фурудгоҳ нақлҳои зиёд мекунанд, ин як ҳодисаи камназир аст, ки ходимони полиси як фурудгоҳи Русия барои қонуншиканӣ дар ҳақи муҳоҷирони тоҷик ҷиддан муҷозот мешаванд. Ба вилояти Перми Русия ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик бо нияти кору зиндагӣ сафар мекунанд.


Радиои Озодӣ

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG