Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози мардум алайҳи боло рафтани нархҳо


Эътирозгарон дар шаҳри Оқсу

Эътирозгарон дар шаҳри Оқсу

Дар  5 минтақаи Озарбойҷон мардум алайҳи болоравии нарху наво даст ба эътироз задаанд. Пулис барои пароканда кардани мардум аз гази ашковар ва силоҳ истифода кардааст.

Хабарҳои расида аз Озарбойҷон ҳокии эътирозҳои мардум дар дастикам 5 минтақаи мухталифи ин кишвари пасошӯравии Қафқоз аст. Рӯзи 12 январ сокинон дар шаҳрҳои Оқсу, Сиязан, Оқчабердӣ ва ноҳияҳои Физулӣ ва як рӯз қабл дар Ленкоран алайҳи боло рафтани нарху навои маҳсулот ва беқурб шудани манат – пули миллии Озарбойҷон - ба кӯчаҳо рехтанд.

Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Ситязан, дар 90-километрии шимоли Боку нирӯҳои пулис алайҳи тазоҳургарони ҷамъшуда дар рӯбарӯи ҳукумати ин минтақа аз гази ашковар истифода бурдаанд ва як кӯдаки 13-соларо бар асари заҳролудшавӣ аз ин ашк ба бемористон интиқол додаанд.

Шоҳидони айнӣ дар Сиязан мегӯянд: “Чанд мошини пур аз нирӯҳои зудамали пулис омад. Мо садои тирро шунидем. Тирпарронӣ дар назди мактаб сурат гирифт. Кӯдакон аз тарс ба хона баргашта истодаанд.”

Дар шаҳри Оқсу эътирозгарон чанд масъала – афзоиши нархи маҳсулоти хӯрока, бекорӣ ва мушкили пардохти маоши мардумро дар миён гузоштаанд. Мақомоти маҳаллӣ чанд намояндаи онҳоро қабул карда, арзашонро шунидаанд.

Дар ноҳияи Физулӣ, аз ҷумла дар рустои Балабаҳманлӣ мардум алайҳи бекорӣ ва болоравии нархҳо эътироз доранд. Як рӯз пеш дар шаҳри Лимани ноҳия Ленкоран дар ҷануби Озарбойҷон пулис ду намояндаи мухолифин – Имон Алиев аз ҳизби Мусовот ва Нозим Ҳасанлӣ – раҳбари бахши ноҳиявии Фронти халқии Озарбойҷонро дастгир кард. Онҳо бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои баргузории тазоҳурот 30-рӯзӣ ҳабс шудаанд.

Озар Рашидоғлу, таҳлилгари масоили сиёсии Озарбойҷон мегӯяд, дар ин кишвар, чун дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ, низоми ҳоким ҳар навъ дигарандешӣ, аз ҷумла аҳзоби мухолифро саркӯб карда, ба ҳошия ронда буд, вале мақомот бехабар монданд, ки чигуна дар муқобилашон як нирӯи нав, яъне худи мардум қад баланд кард: “Ин эътирозҳо, ки зоҳиран густариш хоҳанд ёфт, барои ҳукумати президент Илҳом Алиев ғайриинтизор буд. Аз як сӯ, беқурб шудани манат, аз тарафи дигар, бекорӣ, ва инак, ба осмон парвоз кардани нархҳо мардумро дар як ҳолати сахт қарор додааст, ки нотарсида ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо диданд, ки ҳукумат беамал аст ва то ҳол ҳатто як барномаи муқобила бо бӯҳронро таҳия накардааст.”

Ба ақидаи ин таҳлилгар, мақомот ба эҳтимоли ғолиб талош хоҳанд кард, то ин эътирозҳоро, чун дар гузашта, бо истифода аз зӯр саркӯб кунанд: “Беҳтар мебуд, агар ҳукумати кунуниро барканор карда, як ҳукумати мавриди эътимоди мардумро аз ҳисоби мутахассисони варзида ташкил диҳанд ва мардум ором шавад. Вале бо ин ҷавви ҳоким бар фазои сиёсии Озарбойҷон фикр накунам, ки ҳукумат аз ин роҳ биравад. Доираҳои ҳоким дар кишварҳои худкома маъмулан гузашт ба мардуми норозиро намоиши заъфи худ мешуморанд ва ғолибан талош хоҳанд кард, ки ин эътирозҳоро бо роҳи зӯрӣ саркӯб кунанд. Вале ин метавонад мушкилро танҳо барои муваққат рӯпӯш кунад, мушкилро аз байн намебарад.”

Манат – пули миллии Озарбойҷон – дар тӯли соли 2015 дар байни пулҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама бештар қурбашро аз даст дод. Дар моҳи феврал Бонки миллии Озарбойҷон манатро бори аввали 33,5 фоиз девалватсия (беқурб) кард. Уфти дувуми башиддати манат 21 декабр, вақте ки Бонки миллӣ манатро ба шинои озод сар дод, рух дод. Дар як рӯз манат 50 дарсад қурбашро дар муқобили доллар гум кард. Дар маҷмӯъ дар як соли охир қурби пули миллии Озарбойҷон, ки дар гузашта аз ҳисоби фурӯши нафту газ фоидаҳои ҳангуфте ба даст меовард, дар муқобили доллар 98,7 дарсад коҳиш ёфт. Ин нишондиҳандаи рекордӣ нафақат дар Шӯравии собиқ, балки дар тамоми қораи Аврупост.

Дар пайи нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Озарбойҷон низ башиддат боло рафт ва ба сатҳи зиндагии мардум, бахусус онҳое, ки ба истилоҳ дар маошу нафақа нишастаанд, сахт зарба зад. Рӯзи 7 январ Алик Наврӯзов, як омӯзгори озарӣ, ки аз бонк қарздор будааст, ба ин далел ки дигар тавони додани қарзашро надорад, худро оташ зад. Гуфта мешавад, ки ин фоҷиа нархи инсонии фурӯравии қурби манат – пули миллии ин кишвари саршор аз нафту гази Қафқозро ба намоиш гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG