Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон содироти мошинро ба Ховари Миёна ва Африқо оғоз кард


Узбакистон содироти мошинро ба 9 кишвари Ховари Миёна ва Африқо оғоз кардааст. Ба иттилои хабаргузории СА-News, ин нукта дар ҳисоботи Вазорати иқтисод ва Кумитаи давлатии омори Узбакистон зикр шудааст.

Бар пояи ҳисоботи мазкур, аз ибтидои соли равон дар Узбакистон 835 корхонаи дигар содироти молро ба хориҷ шуруъ кардааст. Ҳамчунин дар ин давра содироти 246 навъи маҳсулоти нав оғоз ва доираи бозорҳои хориҷӣ ба 52 адад зиёд шудаанд. Аз ҷумла, ба кишварҳои Лубнон, Урдун, Ироқ, Сенегал, Сомалӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Нигерия, Соҳили Оҷ, ва Гана мошинҳои сабукрав содир гардидааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки корхонаҳои мошинсозии Узбакистон содироти нақлиётро ба Африқои Ҷанубӣ, қисмҳои муҳаррикро ба Бритониё ва чархҳои мошинро ба Латвия шуруъ кардаанд.

Ширкати "Узавтосаноат", корхонаи миллии мошинсозии Узбакистон ҳоло чора меандешад, то ҳаҷми фурӯши мошинро дар бозори кишварҳои ИДМ афзоиш диҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки охирҳои соли 2015 рӯнамоии бренди нави Ravon, истеҳсоли GM Uzbekistan баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG