Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон: "Давлати исломӣ" қаламравҳои Ироқро аз даст медиҳад


Пентагон мегӯяд, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии чандин моҳи охири нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико назоратро ба 17 ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави Ироқ аз даст додааст.

Пентагон мегӯяд, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии чандин моҳи охири нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико ва ҳам амалиёти артиши Ироқ назоратро бар 17 ҳазор километри мураббаъ аз қаламравҳои Ироқ аз даст додааст. Сухангӯи Пентагон сарҳанги артиш Стив Воррен гуфт, ҷабҳаҳои аввали ҷангӣ, ки зери назари ҷангиёни “Давлати исломӣ” будааст, тадриҷан аз дасти онҳо рафта ба самти ҷанубу ғарби дохили Ироқ кӯчидааст.

Ӯ гуфт, нерӯҳои амниятӣ ва эътилофи ҳавоӣ "бешубҳа ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” осеб расонда” ҳоло ин гурӯҳ тадриҷан ба қафо мегардад.

Айни замон, ҷангиён ҳамоно контроли манотиқи ғарб бо ҷануби шаҳри шимолии Синҷарро, ки дар поёни Мосул ва дар канори Байҷӣ ҷойгир аст, зери даст доранд, ки захираҳои нафтиро низ дар бар мегиранд.

Дар Сурия, ба гуфтаи Воррен, ҷангиён нуфузи худро дар минтақаи атрофи шаҳри Кӯбонии воқеъ дар марз бо Туркия аз даст дода, қаламравҳои атрофи шаҳри марказии Ҳомс ва пойтахт шаҳри Димишқро тадриҷан зери назорат медароранд.

Ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” қаламравҳои азимро моҳи июни соли 2014 дар шимоли Сурия ва ғарбу шимоли Ироқ зери назари худ дароварданд. Инчунин, 13 апрел нерӯҳои амниятии ироқӣ амалиёти озодсозии вилояти ғарбии Анбарро шурӯъ карданд. Нерӯҳои заминӣ бо кумаки ҳаво ба умри минтақаи Буфарраҷи шимолишарқи маркази вилоят - шаҳри Рамодӣ ҳаракат карданд. Дар ин задухӯрдҳо 13 ҷангӣ кушта шудааст. Дар задухӯрдҳои ғарби Рамодӣ ба камияш 11 ҷангӣ ҷони худро аз даст додааст.

Ин амалиёт баъд аз он шурӯъ шуд, ки нахуствазир Ҳайдар Ал-Ибодӣ дар бораи шурӯи амалиёти барқарории контроли минтақаи Анбар эълон кард. Ин минтақаи ғолибан суннинишин ҳоло аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ” назорат мешавад.

Тавсеаи амалиёти зидди шӯришиён баъд аз он оғоз ёфт, ки дар аввали моҳи ҷорӣ нерӯҳои ироқӣ тавонистанд шаҳри Тикритро, ки дар 140-километрии шимоли Бағдод ҷойгир аст, аз дасти ҷангиён озод ва зери назари ҳукумат дароваранд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG