Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба фурудгоҳи шаҳри Ҷалолобод


Даргириҳои мусаллаҳона дар атрофии фурудгоҳи шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон, поён ёфтааст.

Тибқи гузоришҳо, соати панҷу ними субҳи якшанбе, таркиши сахте дар наздикии дарвозаи вурудии фурудгоҳи шаҳри Ҷалолобод рух дод ва ба дунбол садои тирпаронӣ ва даргириҳо шунида шудааст.

Ҳасибуллоҳ, сухангӯи нерӯҳо ISAF ба бахши афғонистонии радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамлаҳои интиҳорӣ дар беруни фурудгоҳ сурат гирифта ва ба нерӯҳои ISAF талафот ворид нашудааст. Ба гуфтаи вай, бар асари ин ҳамла як муҳофизи амниятии афғон кушта шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона, ки байни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон рух дод, 25 толиб кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Афғонистони Озод, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта ва гуфтааст, ки дар ибтидо ҳамла интиҳорӣ тавассути як мошини ҳомили маводи тарканда сурат гирифт ва ба дунбол афроди онҳо бо истифода аз силоҳҳои вазнин ва сабук, ба фурудгоҳ ҳамла кардаанд. Вай иддао кардааст, ки дар ҷараёни ин даргириҳо ба нерӯҳои афғон ва хориҷӣ талафоти сангин ворид шудааст.

Аз сӯи дигар фармондеҳи амниятии вилояти Нангарҳор ин даргириҳоро таъйид карда, дар мавриди талафони он чизе нагуфтааст. Як масъули амниятӣ, ки дар маҳали ҳодиса ҳузур дошт ва аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба "Озодӣ" гуфт, бар асари даргириҳо, ду фарди мулкӣ кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG